Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқил Ҳамидов дар Полша аз $50 империяи телевизионӣ сохт


Оқил Ҳамидов. Акс аз интернет
Оқил Ҳамидов. Акс аз интернет

Оператор ва коргардони тоҷик Оқил Ҳамидов соли 1994 50 доллар дар даст ба Полша барои як сафари корӣ рафт, вале интизор надошт, ки ин сафар даҳсолаҳо тӯл мекашад.

Наворбардор ва коргардони тоҷик Оқил Ҳамидов соли 1994 дар ҳоле дар Полша дармонд, ки ҳамагӣ 50 доллар дошт ва дар ин андеша набуд, ки сафари хидматияш дар ин ҷо ба даҳсолаҳо тӯл хоҳад кашид. Вай аввал хост, бо илоҷе пули билети бозгашт ба Душанберо пайдо кунад, вале мавҷи кор ӯро "фурӯ" бурд ва дар ниҳояти амр барои ҳамеша дар ин кишвар монд. Ҳамакнун ӯ соҳиби як студияи телевизионии хусусист, ки 600 корманд дошта, барои тамошобинони лаҳистонӣ сериалу барномаҳои дилписанд таҳия мекунад.

Озодӣ: Достони дар Полша муқим шудани Шмуо ба ҳамин шева аст?

Оқил Ҳамидов: Бале, охири соли 1994 ман барои як коргардони лаҳистонӣ дар Яғноб наворбардорӣ мекардам. Филме буд бо номи “Дар ҷустуҷӯи Сиёвуш”. Идеяи ин филм хеле ҷолиб буд – ин коргардон решаҳои ҳиндуаврупоии худро дар Яғноб меҷус. Филм дар Полша хеле маъруф шуду маро барои наворбардории давоми он ба ин ҷо даъват карданд. Вале вақте омадам, дар лаҳзаи охир наворбардории филмро манъ карданд. Ман дар ҳолати ногувор мондам. Дар даст ҳамагӣ 50 доллар доштам, дар

Саҳнае аз филми "Доми шағолон"
Саҳнае аз филми "Доми шағолон"

Тоҷикистон шароити кор дар “Тоҷикфилм” аллакай хеле бад шуда буд ва ман ҳатто пуле барои харидани билети бозгашт ба Душанбе надоштам. Қарор кардам, ки ин ҷо бимонам, каме кор карда пули билетро ҷамъ кунаму баъд баргардам. Ба ҳар кор даст задам, ҳатто дегутабақшӯӣ ҳам кардам. Баъдан дар ҷое ёвари оператор шудам, ҳарчанд дар Шӯравӣ сароператор будаам. Хулоса, 8 моҳ гузашту ман ҳам соҳиби пули билет, ҳам ҷои кор шудам ва билохира қарор кардам, ки барнагардам ва корамро дар ин ҷо идома диҳам.

Озодӣ: Ҳоло кори Шумо аз чӣ иборат аст?

Оқил Ҳамидов: Мактаби шӯравии филмсозӣ хеле хуб будааст, чунки маро ба зудӣ барои кор дар ҳар гуна барномаҳои телевизионӣ даъват карданд. Ман дар ҳар соҳа – ҳам кори хабарсозӣ, ҳам варзиш, ҳам таҳияи сериалҳову ток-шоуҳо кор кардам. Марҳилае шуд, ки худам

Корномаи Оқил Ҳамидов

Оқил Ҳамидов соли 1963 дар Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишгоҳи давлатии кинематографияи Маскавро аз рӯи ихтисоси оператори филмҳои бадеӣ ва мустанад хатм кардааст. Дар Тоҷикистон дар наворбардории филмҳои “Доми шағолон” (“Капкан для шакалов”), “Кумир”, “Вақти хазон” (“Время желтой травы»), “Перестройка” ва дигарҳо кор кардааст. Дар Полша оператор ва коргардони як қатор филму сериалҳое мисли “Ишқи аввал” (барандаи ҷоизаи байналмилалӣ дар Швейсария, соли 2005), “Мавҷи ҷинояткорӣ” (Ҷоизаи “Сериали беҳтарини сол”, 2004), “Бюрои ҷиноӣ”, “Парвандаи хонаводаи Кепский” (Ҷоизаи “Мазҳакаи беҳтарини сол” - 2002) ва дигарҳо шудааст. Писари хурдии собиқ раиси киностудияи “Тоҷикфилм” Обид Ҳамидов буда, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст.

коргардон ва сенариянавис ҳам шудам. Ҳоло ба забони лаҳӣ филмнома менависам. Ва инак 7 соли охир ман соҳиби як студияи телевизионии худам ҳастам (Tako Media). Соле дар ин ҷо то 600 сериал наворбардорӣ мешавад, дар ин студия мо 9 гурӯҳи наворбардор дорем ва солҳои охир кори ман бештар аз мудирият ва раҳбарии ин коргоҳ иборат аст.

Озодӣ: Чӣ хел шуд, ки Шумо ҷои худро ба осонӣ дар як муҳити комилан бегона, ҳам аз лиҳози забон ва ҳам тафаккури ҷомеа, пайдо кардед?

Оқил Ҳамидов: Агар кас корашро хуб анҷом диҳад, муҳим нест, дар кадом кишвар аст. Мо дар Тоҷикистон ба шарофати мактаби хуби шӯравӣ корҳои хеле ҷиддитару беҳтаре анҷом медодем. Он ҷо кори ман бештар аз наворбардории филмҳои бадеӣ иборат буд, ин ҷо бошад, ман бо корҳои тиҷоратии телевизионӣ банд ҳастам. Мо дар як шароити рақобати ҳамешагии тиҷоратӣ ҳастем, аз ин рӯ, ширкатҳо бо назардошти маъруфияти сериалҳо ба Шумо реклама медиҳанд. Мо ҳам манфиатдорем, ки ин маблағҳо ба ширкати телевизионии мо ворид шаванд, на ба кисаи рақибон.

Саҳнаҳо аз наворбардории сериали "Мавҷи ҷинояткорӣ" (2003-2008)

Озодӣ: Шумо барои таҳияи моли телевизионии тиҷоратӣ махсус таҳсил кардед ва ё ин донишҳо аз таҷрибаи худатон бармеоянд?

Оқил Ҳамидов: На, дар мактабе таҳсил накардаам, ман аз рӯи эҳсосу дарки худам пеш меравам. Аз сӯи дигар, ҳамон тарбияе, ки дар Тоҷикистон, дар кӯчаву хиёбонҳои давраи бачагӣ дар Душанбе гирифтаам, кӯмакам кард. Ман дар бачагӣ бо қишрҳои мухталиф сару кор доштам – бачаҳои бетарбияву саркаш ҳамроҳ бо бачаҳои рӯшанфикр як ҷо бузург мешуданд, мо, ба қавле, ҳар гуна тоифаро дидаем. Аз ҳамин хотир ҳам, ҳоло барои ман навиштани сенарий душвор нест. Масалан, мо дар хурдӣ бо бачаҳо дар кӯча 10-тинӣ қартабозӣ мекардем. Ҳамин чиз бароям кӯмак шуду ман як бозии телевизиониро эҷод кардам, ки ҳоло дар телевизионҳои ҷаҳон ба фурӯш меравад. Муаллифи ин бозии телевизионӣ, ки бо номи рамзии “Нодид” (“Игра в темную”) маъруф аст, ман ҳастам. Ҳамчунин як бозии телевизионии дигареро ба фурӯш баровардам, ки “Даъво ба сари пул” (“Драка за деньги”) ном дорад. Ин барномаҳои телевизионӣ ҳоло дар ИМА, Ҳинд, Либия ва Вйетнаму дигар кишварҳо роҳ уфтодаанд. Маро низ барои машварат бисёр даъват мекунанд.

Озодӣ: Ман дар интернет хондам, ки ба Шумо шаҳрвандии Полшаро худи президент Квасневский тақдим кардааст. Таърихчаи ин қиссаро бигӯед.

Оқил Ҳамидов: Яке аз рӯзҳои соли 2003 ман дар Варшава сериал мебардоштам ва телефонам занг зад. Ин як хонуми корманди қасри президент Александр Квасневский буд, ки гуфт, маро ба меҳмонии раиси ҷумҳурӣ даъват мекунанд. Ман ҳарчанд тааҷҷуб кардам ва намефаҳмидам, ки сабаби ин даъват дар чунин сатҳи баланд чист, рӯзи таъиншуда ним соат пештар ба мулоқот рафтам. Маълум шуд, ки он рӯз мулоқоти баландпояи президентони Тоҷикистон ва Полша – Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Квасневский будааст. Вақте соати 2 ман дар маркази як толори бошукӯҳе меистодаму намедонистам, чиро интизор шавам, аз ду тарафи толор дарҳо боз шуданду президентони ду кишвар ҳамроҳ бо вазирону ҳайаташон ба тарафи ман ҳаракат карданд. Ман дар як ҳолати ногувор мондам. Вале президент Квасневский маро дида, зуд ҷилави сӯҳбатро ба тарафи худ кашид ва гуфт, шинос шавед, ин коргардони маъруфи лаҳистонӣ аст, ки аз Тоҷикистон омадааст ва мову ҳамсарам ошиқи сериалҳои ӯ мебошем. Эмомалӣ Раҳмон маро аслан намешинохт ва ӯ ба тарафи ман дуру дароз нигоҳ кард. Ӯ он замон танҳо падарамро мешинохт. Баъди лаҳзае ба тоҷикӣ пурсид: “Рост мегӯед?”. Баъдан моро сари дастурхон даъват карданд. Маълум шуд, ки он рӯз президент Квасневский ҳамроҳ бо ман як хонуми донишманди илми тибро ҳам, ки дар Полша бомуваффақият кор мекардааст, ба назди меҳмонони тоҷикистониаш барои муаррифӣ даъват кардааст. Баъди ин вохӯрӣ ман телефони хонумеро ҳифз кардам, ки бароям аз дафтари раёсатҷумҳурӣ занг зада буд. Муддати кӯтоҳе гузашту писарам Комилҷон (ҳоло 17-сола) қаҳрамони шоҳмоти Полша шуд. Ӯ мебоист барои ширкат дар мусобиқаи шоҳмоти Аврупо аз Полша намояндагӣ мекард, вале маълум шуд, ки бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон ӯ ин корро карда наметавонад. Ман маҷбур шудам ба ҳамон хонум аз дафтари раёсатҷумҳурӣ занг зада, вазъиятро фаҳмонам. Ӯ ин дархости маро ба Квасневский расонд ва ҳамин тавр ба аҳли оилаи мо шаҳрвандии Полша тақдим шуд. Комилҷон баъд дар чемпионати шоҳмоти Аврупо ҷои 8-умро гирифт.

Саҳнае аз сериали "Парвандаи хонаводаи Кепский" (1999-2008)

Озодӣ: Ҳоло Шумо худро тоҷик эҳсос мекунед ё лаҳистонӣ?

Оқил Ҳамидов: Ҳам тоҷик ва ҳам лаҳистонӣ. Кору зиндагии ман инҷост. Тоҷикистон ватани якуми ман аст, Полша – ватани фарзандонам. Вале ман дар дилам як идеяе дорам, ки мехоҳам, филме табъи дили худам бардорам, ки ҳеҷ бори тиҷоратӣ ё кори маҷбуриро надошта бошад. Ва ин филмро ман дар Тоҷикистон мебардорам.

Озодӣ: Оқил, мутмаинам, ки бисёриҳо аз Шумо сирри муваффақиятатонро мехоҳанд суол кунанд. Шумо медонед, ки як миллион ҳамватани Шумо дар Русия дунболи кор саргардонанд, бисёри онҳо намедонанд чӣ кунанд, парешону раҳдаргуманд. Шумо ба онҳо чӣ машварат дода метавонед?

Оқил Ҳамидов: Ман машварат доданро дӯст намедорам, чунки ҳар инсон сарнавишти худро дорад. Вале бисёр вақт дар баробари донишҷӯён ман як қиссаро нақл мекунам, ки аз сари худам гузаштааст. Соли 2000-ум ман як реалити-шоу – нахустин барномаи зиндаи калонеро бо 60 камераи наворбардорӣ, бо ҷалби 500 коргар таҳия мекардам. Ман саркоргардони ин барнома будам. Хеле зиёд кор мекардам. Ба наздам як журналисти таҷрибаомӯзе омаду дархости мусоҳиба кард. Ман барояш чунин гуфтам: ҳоло соат чори рӯз аст, ман бояд дар давоми 3 соат ин барномаи сабтшударо барои пахш омода кунам, чунки соати 7 бояд дар телевизион пахш шавад. Аз он ҷо бояд ба павилйон равам, чунки аз соати 8 бегоҳ то 4 субҳ бояд барномаро таҳрир кунам. Аз соати 4 то 7 субҳ ман танҳо 3 соат вақт дорам, ки бихобам. Гуфтам, агар бихоҳӣ, соати 4 субҳ биё, ман барои ту аз ҳисоби хобам ним соат вақт ҷудо мекунам ва ба ҳама саволҳоятон посух медиҳам. Вале он журналист ба ман нигоҳ карду бо истеҳзо “хеле хандаовар” гуфту рафт. Дигар барнагашт. Вай бовар накард, ки кас метавонад ба ин шакл кор кунад. Аз ин хотир, ман ҳамеша ба донишҷӯён мегӯям: "Агар хоҳед, ки муваффақ бошед, бояд зиёд кор кунед, ошиқи кори худ бошед ва вақтро зоеъ накунед". Сирри дигаре нест.

XS
SM
MD
LG