Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидмурод Фаттоҳзода


Саидмурод Фаттоҳзода соли 1958 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1981 Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскавро бо ихтисоси журналист хатм кардааст ва ҳамчун ходими адабии рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ”, ҳоло “Ҷумҳурият” ба кор шурӯъ кардааст.

Аз соли 1984 то соли 1986 дар сафи Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат карда, баъди бозгашт солҳои 1987-1989 ба ҳайси мухбири калони «Тоҷикистони советӣ» кор кардааст. Аз соли 1991 то 1993 дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ (машваратчии маркази матбуоти КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ёрдамчии ноиби Президент ва ёрдамчии муовини Раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолият намудааст.

Солҳои 1993-1994 дар вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1994-2007 дар вазифаи мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз соли 2007 то 2014 дар вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият намудааст.

Бо фармони Президент аз 22 январи соли 2014 бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин гардид. Моҳи декабри соли 2014 дар анҷумани ҳизби халқии демократӣ муовини аввали раиси ин ҳизб интихоб шуд.

Бо ордени «Ситораи сурх», Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР, унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», медали ҷашнии «20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва медали ҷашнии «10 – солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Собиқадори амалиётҳои ҳарбӣ», медали «Ба размандаи интернатсионалист аз мардуми сипосгузори Афғонистон», медали «20 – солагии баровардани қӯшунҳои Шӯравӣ аз Афғонистон» ва медали тиллоии «Ниҳоли дӯстӣ»- и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонда шудааст.

Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа.

Оиладор, падари се фарзанд.

XS
SM
MD
LG