Сарвазири Русия Дмитрий Медведев гуфт, дар сурати эъмоли таҳримоти бештар, Русия метавонад истифодаи ҳарими ҳавоияшро ба ширкатҳои ҳавопаймоии Ғарб манъ кунад.
Дмитрий Медведев дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ведомости”, ки дар шумораи рӯзи 8 сентябраш нашр шуд, гуфт, агар Ғарб ба зидди Маскав ба далели рафтораш дар Украина таҳримоти аз ин зиёдтар ҷорӣ кунад, бояд чашмбароҳи посухи Маскав ҳам бошад: “Агар ин таҳримот ба бахши энержии мо рабт бигирад, ё боиси маҳдудиятҳои бештаре барои бахши молии Русия шавад, мо бояд ба он посухи мутаносиб бидиҳем.”
Медведев ҳамчунин гуфт: “Мо рӯи ин ҳисоб мекунем, ки бо шариконамон равобити дӯстонае дорем. Ба ҳамин далел, фазои Русия барои парвози ҳавопаймоҳо боз аст. Аммо агар онҳо барои мо маҳдудият эҷод кунанд, мо бояд ба он посух диҳем.”
Медведев гуфт, дар сурати маҳрум шудан аз истифодаи ҳарими ҳавоии Русия, бисёре аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ варшикаста хоҳанд шуд.
Ин ҳушдори сарвазири Русия дар ҳоле садо дод, ки Иттиҳодияи Аврупо ба тасвиби расмии бастаи нав ва инак чоруми таҳримоташ алайҳи Русия омодагӣ мегирад. Сарони Иттиҳодияи Аврупо бар сари ин бастаи нави таҳримот ба тавофуқ расидаанд ва он, интизор меравад, рӯзи 8 сентябр тасвиб шавад. Вале мақомоти аврупоӣ мегӯянд, ки агар Маскав оташбас дар шарқи Украинаро риоят кунад ва нирӯҳояшро аз ин кишвари ҳамсоя берун бикашад, эъмоли таҳримоти нав алайҳи Русияро метавонанд ба ақиб андозанд.
Тадбирҳои марбут ба “муҷозот”-и нави Русия ба далели сиёсатҳояш дар Украина аз сӯи раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 5 сентябр дар ҳошияи нишасти сарони паймони низомии НАТО дар Уэлс тавофуқ шуда буд. Худи ҳамон рӯз мақомоти Украинаву Русия ва намояндагони ҷудоиталабони тарафдори Маскав дар музокироти Минск ҷиҳати оташбас ба хотир хатми низои мусалалҳона дар шарқи Украина тавофуқ карданд. Ба ҳисоби СММ, тайи 5 моҳи даргириҳо байни нирӯҳои Украина ва ҷудоиталабон дар вилоятҳои умдатан русзабони Донетск ва Луҳанск дар шарқи Украина беш аз 2600 нафар кушта шудаанд.
Иттиҳодияи Аврупо гуфт, агар Маскав ба шароити оташбас арҷ бигузорад ва нирӯҳояшро аз манотиқи ошӯбзада берун бикашад, таҳримоти тоза алайҳи Русияро метавонад ақиб андозад. Дар Киев ва Ғарб бар ин боваранд, ки ҷудоиталабон дар шарқи Украина аз тарафи Маскав бо пулу силоҳ таъмин мешаванд ва Русия барои кумак ба чирикиҳо ҳатто тонку тӯпхонаву мошинҳои зиреҳпӯш ва нирӯ мефиристад. Русия инро рад мекунад.
Вазорати хориҷаи Русия дар як вокуниши хашмолуд ба тасмими Иттиҳодияи Аврупо гуфт, агар таҳримоти нав ҷорӣ шавад, Маскав онро бе “ҷавоб” нахоҳад гузошт. Аммо ин вазорат ташреҳ накардааст, ки ин “ҷавоб” чиро метавонад дар бар бигирад. Маскав ба таҳримҳои қаблии Амрикову Иттиҳодияи Аврупо бо манъи воридоти анвои зиёди маҳсулоти хӯрока аз кишварҳои Ғарб посух дода буд.
Маскав ҳар навъ ирсоли нирӯ ё таъмини силоҳи ҷудоиталабон дар шарқи Украинаро рад мекунад. Аммо паймони НАТО мегӯяд, шавоҳиди зиёде ба даст овардааст, ки иддаои Маскав дар бораи даст надоштанаш дар бӯҳрони Украинаро ботил месозад.
Дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, таҳримоти ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо “рӯйхати сиёҳ”-и афроди мансабдореро, ки аз ҳаққи сафар ба Аврупо маҳрум ва ҳисобҳои бонкиашон дар қаламрави ин созмон мунҷамид мешаванд, густариш дода, дар роҳи муомилот бо бархе ширкатҳои Русия маҳдудиятҳо мегузорад ва ҳам содироти маҳсулотеро, ки метавонад барои аҳдофи низомӣ истифода шавад, манъ кунад. Ба гуфтаи дипломатҳои аврупоӣ, “Газпромбанк” ва “Газпромнефт”-и Русия метавонанд таҳти таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо қарор гирифта, аз имкони дарёфти сармоя дар ин қаламрав маҳрум шаванд.
Бӯҳрони Украина сӯҳбатҳо дар бораи зуҳури Ҷанги сарди нав байни Ғарбу Русияро бештар кардааст. Ғарб раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро айбдор мекунад, ки дидаву дониста субот дар ин кишвари пасошӯравиии ҷамъияташ 46 миллион нафарро ба ҳам мезанад.