Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА: Шиканҷа дар зиндон ва артиши Тоҷикистон хотима ёбад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Иттиҳодияи Аврупо бо пахши як изҳорот муколамаи ҳуқуқи башари ин ниҳод бо мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо натиҷагирӣ кардааст. Дар изҳороти хаттии Иттиҳодияи Аврупо, ки шоми 13-уми октябр нашр шуд, гуфта мешавад, дар ҷараёни ин муколама “имкони баррасии озоду воқеии масоили марбут ба ҳуқуқи башар” фароҳам омад.​

Фазои кори созмонҳои ҷамъиятӣ маҳдуд шудааст

Мақомоти Тоҷикистон бояд парвандаи ҳуқуқшиноси зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро бозбинӣ кунанд ва имкони аёдати ӯро дар зиндон аз ҷониби гурӯҳи назоратии Ваколатдори ҳуқуқи башар таъмин кунанд

Ин созмон мегӯяд, дар як соли охир дар Тоҷикистон фазои кор барои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо сабаби санҷишҳои зиёди маъмурӣ маҳдуд шудааст. Иттиҳодияи Аврупо машварат додааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар амри баррасии қонунҳои нав, бахусус дар ҷараёни таҳияи қонуни нав оид ба фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва Кодекси шаҳрвандӣ намояндагони ҷомеаи маданиро ҷалб кунанд.

Дар миёни мушкилоти ҷиддии дигар, ба қавли намояндагони Иттиҳодияи Аврупо, вуҷуди шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат боздоштшудаҳо муҳим боқӣ мемонад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз шиканҷаву бадрафторӣ талошҳои зиёд мекунад, вале бо ин вуҷуд, ҳодисаҳои мушаххаси истифодаи шиканҷа дар артиш, боздоштгоҳҳои муваққат ва муассисаҳои нимабаставу бастаи ислоҳотии Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Парвандаи Бузургмеҳр Ёров бозбинӣ шавад

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

“Мақомоти Тоҷикистон бояд парвандаи ҳуқуқшиноси зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро бозбинӣ кунанд ва имкони аёдати ӯро дар зиндон аз ҷониби гурӯҳи назоратии Ваколатдори ҳуқуқи башар таъмин кунанд”, - омадааст дар изҳорот. Иттиҳодияи Аврупо интизор дорад, ки мақомоти тоҷик ба хешовандони оилаҳои мухолифони сиёсӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, фишор нахоҳад овард.

Бузургмеҳр Ёров – ҳуқуқшиноси мустақил соли 2017 ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот гуфтанд, ки ин ҳукм барои “экстремизм”, “тақаллуб” ва “таҳқири президент” содир шудааст, вале худи Ёров ва наздиконаш ин ҳукмро сиёсӣ ва сохташуда унвон мекунанд. Онҳо мегӯянд, омодагии Ёров барои ҳимояи ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ сентябри соли 2015 боис ба ҳабси ӯ шудааст. ҲНИТ он замон дар фаъолиятҳои террористӣ маҳкум ва дар ҳудуди Тоҷикистон манъ шуд.

Мусоҳибаи ихтисосии Тойво Клаар бо Радиои Озодӣ:

Тайво Клаар: "Шароит дар Тоҷикистон мушкилтар шудааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00

Маҳдудияти матбуот бардошта шавад

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, дар ҷараёни нишасти Душанбе аз интиқоди гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён ёдовар шудаанд, ки соли 2016 аз Тоҷикистон дидан кард ва аз мақомоти ин кишвар хост, дар амри бардошт шудани маҳдудиятҳои васоити ахбори умум ва ҳам мустақилияти журналистон иқдом кунанд. Дар ин нишаст, инчунин, масоили марбут ба озодии дин ва эътиқод ҳам матраҳ шудааст.

Пешрафтҳо дар бахши ҳуқуқи башари Тоҷикистон

Дар миёни пешрафтҳо ё ислоҳоте, ки ба таври муваффақиятомез анҷом шудааст, аз назари ширкатдорони Муколамаи ҳуқуқи башар, таъмини ҳуқуқи занон дар амри мубориза бо хушунати хонагӣ ва ҳам ҳалли масъалаи афроди бидуни шаҳрвандӣ таъкид шудааст.

Дар охири изҳорот гуфта мешавад, ки ИА азсаргирии фаъолияти САҲА дар Тоҷикистонро истиқбол карда аҳамияти ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се бахши ин созмон – низомиву сиёсӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ дар тамоми манотиқи Тоҷикистонро таъкид кардааст.

Баъди иштироки намояндагони мухолифон дар нишасти САҲА оид ба ҳуқуқи башар дар Варшава моҳи сентябри соли 2016, ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ин нишастро тарк кард ва баъди ним сол фаъолияти ин созмон дар ҳудуди кишвар маҳдуд шуд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG