Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна китобҳои Э.Раҳмон "бестселлер" шуданд? ВИДЕО


Китоби 500 акси Эмомалӣ Раҳмон дар Чин нашр шудааст
Китоби 500 акси Эмомалӣ Раҳмон дар Чин нашр шудааст

Дар китобфурӯшиҳои Душанбе асарҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва асарҳое, ки ба ҳаёту кори ӯ бахшида шудаанд, аз китобҳои серхаридортарин ба шумор мерафтаанд. Китобфурӯшон мегӯянд, дар як соли ахир, ба ҷуз аз моҳи август ва сентябр, ки сокинон китобҳои дарсӣ мехаранд, бештар асарҳои Эмомалӣ Раҳмонро суроғ мекунанд.

Ин намунаи рӯшани як ҷомеаи авторитарӣ аст, ки тамаллуқ ба шахси аввал марҳила ба марҳила ва дар ҳама соҳа рушд мекунад. Инро ҳоло дар корҳои илмӣ ҳам мушоҳида мекунем.
Хурсанд Хуррамов

Аз 40 то 80 сомонӣ – нархи китобҳои президент

Абуалӣ Умарзода, масъули Маркази китобфурӯшии “Ошёни Дониш” ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамарӯза то даҳ китоби таърихӣ мефурӯшад, ки аксарашон китобҳои президенти кишвар ҳастанд. Эмомалӣ Раҳмон, ки 25 сол боз шахси аввали Тоҷикистон аст, зиёда аз 20 китоб дар бораи таърихи тоҷикон ва забони тоҷикӣ нашр кардааст. Китобҳои ӯ бо сифати баланд ва бо теъдоди зиёд нашр шуда, аз 40 то 80 сомонӣ нарх доранд. Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” аз ҳама китобҳои ӯ нархи баландтар дорад. Ин китоб таърихи тоҷиконро аз қадим то охири асри 19 инъикос кардааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Чӣ гуна китобҳои президенти Тоҷикистон пурфурӯш шуданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Умарзода, ки китобфурӯшиаш дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе қарор дорад, гуфт, харидорони асосии китобҳои президенти кишвар омӯзгорон, донишҷӯён ва мансабдорон ҳастанд. Ӯ гуфт, “китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат” хеле серхаридор аст. Мо намедонем, ки онҳо китобро ба кадом хотир мегиранд. Вазифаи мо муаррифии китоб ва пешниҳоди он аст”.

Аксу китоби президент – Ду чизи аслӣ дар утоқи мансабдорон

Ин китобфурӯш мегӯяд, дар бисёре аз донишгоҳҳои кишвар гӯшаи китобҳои “Пешвои миллат” таъсис шудааст ва эҳтимол донишҷӯёну омӯзгорон барои он гӯша китоб мехаранд. Анвар Ҷӯраев, китобфурӯши дигар, рӯзи 10-уми июн гуфт, мансабдорон бештар чанд ҷилди асарҳои президент ва асарҳоеро, ки дар бораи ӯ навиштаанд, харидорӣ мекунанд. Ӯ гуфт, харидорони асарҳои президент ҳеҷ вақт нархи онро арзон намекунанд, ҳарчанд онҳо ҳам дар нархгузории ин осор беинсофӣ намекунанд.

"Бисёриҳо баъди вазифа гирифтан омада барои ороиши утоқҳои коришаон асарҳои президентро мехаранд. Масалан, агар мудири мактаб ҳам таъин шаванд, омада мехаранд. Бисёриҳо барои табрик кардани дӯстонашон, ки вазифа гирифтаанд, китоби президент ва портретҳои ӯро мехаранд. Китобҳои барои ҷевон ва мизи корӣ, акс барои овезон кардан дар утоқи корӣ ҳаст", - гуфт ӯ.

Раиси Рӯшон: «Хондани асарҳои президент низ вазифаи мост»

Ҳоло дар Тоҷикистон утоқи кории мансабдореро бидуни ҷевони пур аз китобҳои Эмомалӣ Раҳмон ва аксҳои ӯ тасаввур кардан номумкин аст. Лутфулло Хоҷаназар, раиси ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Бадахшон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди таъин шуданаш ба ин вазифа аввалин коре, ки кард, харидории асарҳои Эмомалӣ Раҳмон барои утоқи кориаш буд.

Эмомалӣ Раҳмон то ҳол муаллифи беш аз 20 китоб аст. Дар бораи ӯ то кунун беш аз сад асари таърихӣ ва бадеӣ иншо шудааст.

Ӯ гуфт, «ҳамин ҳоло, ки Шумо занг задед, дар дасти ман китоби Пешвои миллат ҳаст. Ба хотири омодагӣ ба рӯзи Ваҳдати миллӣ асарҳои ҷаноби олиро мехонам. “Таърихи тоҷикон: Аз ориён то сомониён” ҳоло дар дастам ҳаст. Инҳо китобҳои рӯимизии ман ҳастанд. Китоби дигар дар бораи президенти кишвар аст, ки аз он ҳам мехоҳам дар баромадам дар рӯзи ваҳдат истифода кунам. Инҳо бисёр муҳим ҳастанд. Барои корҳои таблиғотӣ, ташвиқотӣ, барои тарбияи насли наврас бисёр муҳим ҳастанд. Ҳар рӯз мо аз онҳо истифода мекунем.»

Раиси ноҳияи Рӯшон мегӯяд, беш аз 20 китоби раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва зиёда аз 50 китобе, ки дар бораи ӯ навишта шудаанд, дар утоқи кории ӯ қарор доранд. Ӯ гуфт, “паёми Ҷаноби олӣ, суханрониҳои ӯ ва китобҳояш ҳар замон ба мансабдор лозим мешавад. Хушбахтона асарҳои президенти мо бо тамоми забонҳо тарҷума ва нашр шудаанд.”

Садоқат дорӣ? Аз президент иқтибос биор

Коршиносон нигаҳ доштану хондани китобҳои президент ва овардани иқтибос зимни суханрониҳоро намоиши садоқат ба раҳбари давлат арзёбӣ мекунанд. Хурсанд Хуррамов, коршиноси масоили сиёсӣ, рӯзи 10-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷомеаҳое мисли Тоҷикистон тамаллуқ задан зинае барои боло рафтан дар мансаб аст. Ӯ гуфт, нигаҳ доштани аксу китобҳои президент ва дар гуфторҳои расмӣ истифода кардани иқтибос аз суханонаш хоси ҷомеаи авторитарӣ ҳаст.

Хурсанд Хуррамов
Хурсанд Хуррамов

Ӯ афзуд, “ин намунаи рӯшани як ҷомеаи авторитарӣ ҳаст, ки тамаллуқ ба шахси аввал марҳила ба марҳила ва дар ҳама соҳа рушд мекунад. Инро ҳоло дар корҳои илмӣ ҳам мушоҳида мекунем. Аксари корҳои илмие, ки анҷом мешавад, назар ба таҳқиқ чизеро рӯшан кардан бештар ҷанбаи тамаллуқкориашон зиёдтар аст. Ҳатман, дар тамоми корҳои илмӣ аз гуфтаҳои президент иқтибос меоранд. Фарқ намекунад, ки он кори илмӣ дар бораи математика ҳаст ё таърих. Як чизе пайдо мекунанд, ки ба он рабт мегирад. Бисёриҳо ба хотири боло рафтан дар зинаҳои мансаб ин корро мекунанд, чун аз таҷриба медонанд, ки натиҷа медиҳад”.

Дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон мансабдорон бидуни иқтибос овардан аз суханони президент сӯҳбат намекунанд. “Чуноне Пешвои миллат гуфтаанд”, “тавре Пешвои миллат дар фалон китобашон навиштаанд”, “Дар партави суханронии президенти кишвар” аз ҷумлаҳои ҳамешагӣ дар забони мансабдорон зимни суханрониҳо ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон, аз соли 1992 то 1994 раиси Шӯрои олӣ ва аз он замон то кунун раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Соли 2016 Қонун дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” қабул шуд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, якумрӣ шахси аввал дар Тоҷикистон боқӣ монад.

Эмомалӣ Раҳмон то ҳол муаллифи беш аз 20 китоб аст. Дар бораи ӯ то кунун беш аз сад асари таърихӣ ва бадеӣ иншо шудааст.

XS
SM
MD
LG