Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоишномаҳои президент - аз адибони худӣ то аврупоиҳо


Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо президенти ширкати аврупоии Big Media Group. 1-уми октябри соли 2012.
Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо президенти ширкати аврупоии Big Media Group. 1-уми октябри соли 2012.

Муаррифии китоби «Наҷотбахши миллат» роҷеъ ба кору фаъолияти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳоле ба вуқӯъ хоҳад пайваст, ки панҷумин китоби яке аз нависандаҳои тоҷик дар бораи Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе тоза аз дасти чоп раҳо мешавад.

Ин китоб «Эмомалӣ Раҳмон дар ойинаи замон» ном дошта, ба гуфтаи муаллифи он Воҳид Ғаффорӣ чаҳор китоби қаблан нашрнамудаи ӯро низ дар бар мегирад.
Ҷаноби Ғаффорӣ гуфт, ки китоби аввалинаш дар бораи президент Раҳмон ҳанӯз дар соли 1998 бо номи «Эмомалӣ Раҳмонов:- Ман ба шумо сулҳ меоварам» чоп шудааст.

Дар бораи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо Воҳид Ғаффорӣ, балки чанде аз адибони тоҷик ва масъулони давлатӣ низ китоб ба нашр расониданд. Бо онки ин китобҳо асосан аз тавсиф ва таърифи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд, бештари коршинсон мегӯянд, ки ҳадафи асосии муаллифон аз чопи онҳо, ба даст овардани маблағ ва ё мустаҳкам кардани мавқеи худ дар ҳукумат аст.

Зафар Абдуллоев, масъули маркази таҳлилии мавсум ба «Контент» мегӯяд, ки худи муаллифони ин китобҳо хуб мефаҳманд, ки навиштаи онҳо хонанда надорад. Вале барои онҳо муҳим на хонанда, балки аз як сӯ дарёфти маблағ, аз тарафи дигар наздикии бештар пайдо кардан бо раиси ҷумҳур ва ё атрофиёни ӯст: «Ба назари ман, аз навиштан ва чопу паҳн кардани чунин китобҳо ҳеҷ манфиате нест. Зеро дар онҳо кадом ҳарфу сухани нав ҷой надорад ва асосан аз тамҷиду
Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
аърифи президент иборат аст. Ин китобҳо баъди онки ба донишҷӯҳо ва ё дигарҳо тақсим карда мешаванд, танҳо дар рафи ҷевонҳо боқӣ мемонад, чунки касе намехонад. Вале агар чизҳое хонаднӣ дар бораи президентҳо бошад, дар бораи паҳлуҳои норавшани зиндагии онҳо бошад, мо бо камоли майл қироат мекунем”

Аммо нависанда Воҳид Ғаффорӣ, ҳарчанд инкор накард, ки ба чопи китобҳои ӯ нафарони баландмақом мусоидат карда ва худи ӯ аз чопу фурӯши онҳо даромаде ҳам ба даст овардааст, гуфт, ӯ чизҳоеро навиштааст, ки воқеият ва ҳақиқатро ифода мекунанд. Вай афзуд, ҳадаф нагузоштааст, ки президентро сифат кунад, балки мақсади ӯ сабти рӯйдоду падидаҳои давраи истиқлолияти Тоҷикистон буд, ки дар маркази онҳо президент Раҳмон қарор дошт: «Ҳамаи китобҳои ман китобҳои таҳлилианд. Масалан, ҳамин китоби «Эмомалӣ Раҳмонов, бунёдгузори артиши миллӣ». Тибқи баҳое, ки коршиносони низомӣ доданд, он мисли як энсиклопедия аст. Зеро дар он тамоми қарору қонунҳое, ки барои ором кардани авзоъи иҷтимоиву сиёсӣ тӯли ин солҳо қабул шуда буданд, таҳлил шудаанд»

Зимнан, дар ин авохир низ нашри китобҳо дар бораи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи бархе аз адибон ва ҳамчунин масъулони давлатӣ бештар шудааст. Аммо бино бар мушоҳидаҳо, акнун талоши бештар ба он равона шудааст, ки шахсият ва корномаи раиси ҷумҳурииТоҷикистон тавассути китоб ва дигар васоити таблиғӣ дар хориҷи кишвар ва ё бо ширкати хориҷиҳо таблиғу ташвиқ шавад.

Дар моҳи гузашта маросими муаррифии китобе бо қалами нависандагон Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин роҷеъ ба зиндагиномаи президент дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус сурат гирифт. Ва ҳамакнун, қарор аст рӯзи сеюми октябр расми муаррифии китоби «Наҷотбахши миллат», ки роҷеъ ба бист соли фаъолияти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ду забони фаронсавӣ ва англисӣ дар Аврупо чоп шуд, баргузор шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон президенти ширкати ношири ин китобро шахсан ба ҳузур пазируфта ва аз ӯ хост, ки минбаъд низ дар таблиғи дастовардҳои кишвараш дар Аврупо саҳми бештар бигузорад.
XS
SM
MD
LG