Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Елена Рябинина, як ҳомии ҳуқуқи паноҳҷӯёни тоҷик


Елена Рябинина
Елена Рябинина

Елена Рябинина, вакили мудофеъ ва ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсони Русия, ки дар чандин қазияи пурсарусадо дар Додгоҳи Аврупо ҳам аз шаҳрвандони тоҷик низ ҳимоят кардааст, дар синни 60 аз дунё чашм пӯшид.

Елена Рябинина, ки дар ин авохир раҳбарии барномаи “Право на убежище”-ро дар Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи башари Русия бар ӯҳда дошт, субҳи 4-уми май аз дунё гузашт. Маросими видоъ бо ин вакили мудофеъ ва ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсон рӯзи сешанбе, 6 май, соати 13 дар морги Бемористони марказии клиникии Фарҳангистони улуми Русия ва крематсияи ҷанозаи Елена Рябинина дар оромгоҳи Хованское доир мешавад. Соати 16- 00 рӯзи 6 май дар дафтари “Мемориал”, яке аз созмонҳои шинохтаи ҳуқуқи инсони Русия, маъракаи ёдбуди ин ҳомии ҳуқуқ баргузор мегардад.

Елена Рябинина хатмкардаи МВТУ ба номи Бауман, яке аз мӯътабартарин мактабҳои фаннии Русия буда, чандин сол дар Пажӯҳишгоҳи ҳисобҳои физикиву оптикӣ ба ҳайси муҳандиси оптик кор кардааст. Ӯ тақрибан аз соли 2002 кори муҳандисиро комилан тарк гуфт ва дар Кумитаи “Гражданское содейстиве” ба ҳимояти ҳуқуқи паноҳҷӯёни сиёсӣ аз Осиёи Марказӣ машғул шуд.

Рябинина дар соли 2010 раҳбарии барномаи марбут ба паноҳандагони сиёсӣ дар Пажӯҳишкадаи ҳуқуқи башари Русияро ба дӯш гирифт. Ин барнома дар ҳамкорӣ бо Кумиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон амал мекард. Елена Рябинина, бо ин вуҷуд ки ҳуқуқшиноси касбӣ набуд, дар ин ришта чунон чирадаст шуда буд, ки ҳатто як дастурамале бо номи "Защита по делам об экстрадиции" (“Ҳимоят дар парвандаҳои марбут ба истирдод”) ҳам навиштааст.

Ҳимоят аз паноҳҷӯёни сиёсии тоҷику узбак

Сомонаи “Грани” менависад, Елена Рябинина талош мекард, то дар Русия барои узбекҳову тоҷикҳое, ки ба далели таъқиботъи сиёсиву мазҳабӣ кишварҳои зодгоҳи худро тарк кардаанд, мақоми паноҳандаи сиёсӣ ба даст биорад. Ӯ ҳамин тавр, аз онҳое ҳимоят мекард, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ифҳротгароии мазҳабӣ, аз ҷумла ба узвият дар созмонҳои мамнӯъ, назири Ҳизб-ут-Таҳрир ё Ҳаракати исломии Узбакистон айбдор мешуданд.

Низомхон Ҷӯраев
Низомхон Ҷӯраев
Мавридҳое ҳам буд, ки муваккилони ӯро мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз қаламрави Русия рабуда буданд. Елена Рябинина аз ҷумла ҳамроҳ бо Анна Ставитская дар Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз ҳуқуқи соҳибкори фирории тоҷик Низомхон Ҷӯзраев ҳимоят кардааст. Низомхон Ҷӯраев, ки моҳи августи соли 2010 дар Маскав дастгир шуд, баъди чанд рӯзи раҳоияш дар апрели соли 2012 ба таври мармуз дар телевизиони давлатии Тоҷикистон зоҳир шуд. Рябинина ва Ставитская бо ин вуҷуд ба ҳимоят аз ҳуқуқи Низомхон Ҷӯраев идома доданд ва дар октябри соли 2013 додгоҳи Аврупо, мақараш дар Страссбург, давлати Русияро ба пардохтани 30 000 евро товон ба соҳибкори тоҷик Низомхон Ҷӯраев ва 12 000 евро хароҷоти додгоҳӣ ва пули вакилони ин соҳибкор – Анна Ставитская ва Елена Рябинина - муваззаф кард.

Ҳамин тавр, Рябинина дар моҳи апрели соли 2013 муваффақ шуд, то Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо давлати Русияро ба пардохти 5 000 евро ҷубро ва 6 000 евро хароҷоти додгоҳии шаҳрванди дигари Тоҷикистон Исмон Азимов муваззаф гардонда, истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро манъ кунад. Исмон Азимов, сокини ноҳияи Исфара ба узвият ба Ҳаракати Исломии Узбакистон ва бандитизм муттаҳам мешавад. Мақомоти Тоҷикистон ӯро аз тарроҳони ҳамлаи хунин ба қароргоҳи идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вилояти Суғд дар сентябри соли 2010, ки 4 кушта ва зери 30 захмӣ ба ҷо гузошт, медонанд.

Елена Рябинина ба таври пайваста ва қотеъона аз ҳукумати Русия талаб мекард, то Паймони СММ дар бораи паноҳандагонро, ки Маскав ҳанӯз соли 1951 ба он имзо гузошта, дар ибтидои солҳои 90 тасвибаш кардааст, иҷро кунад.

Ӯ ҳамин тавр дар матбуот ва дар маҳфилҳо пайваста ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия садо баланд мекард ва бар ин бовра буд, ки мақомоти Русия - аз поён то боло – ба сурати саросарӣ ҳуқуқи ин мардумро нодида мегиранд ва поймол мекунанд.
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров
Рябинина ҳамчунин аз муаллифони асосии гузориши густардае дар бораи рабудани рақибони сиёсии ҳокимони кунунии Осиёи Марказӣ аз қаламрави Русия тавассути ниҳодҳои амниятӣ буд. Дар ин гузориш дастикам 8 мавриди рабудани мухолифони сиёсии ҳокимони Узбакистону Тоҷикистон зикр шуда буд. Елена Рябинина аз ҷумла ошкоро рабудани раҳбари вақти ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз вилояти Маскав дар апрели соли 2005 ва рабудани Абдулвосит Латифов, мулаққаб ба Қорӣ Восит, аз размандагони собиқи нирӯҳои мухолифин аз ҳудуди вилояти Волгогради Русия дар октябри соли 2012-ро аз намунаҳои барҷастаи поймоли қонуну қавоиди истирдоди гумонбарон ва ҳуқуқи афроди паноҳҷӯ аз сӯи режимҳои ҳоким дар Осиёи Марказӣ хонда буд.
XS
SM
MD
LG