Саидмурод Фаттоҳзода, муовини якуми Эмомалӣ Раҳмон дар ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) бо нашри матлаби муфассале бо номи “Интихоби мо чӣ маъно дорад?” дар сомонаи хабаргузории давлатии “Ховар” аз мардум хостааст, то ба ин ҳизб дар интихоботи порлумонии рӯзи 1 март на кӯркӯрона ва ё аз рӯи ваъдаҳо, балки аз рӯи корҳои кардааш баҳо гузоранд.
Саидмурод Фаттоҳзода, мушовири собиқи раисиҷумҳур дар масоили иҷтимоӣ, ки тоза дар анҷумани моҳи декабри ҳизби ҳоким ба ҷои Сафар Сафаров муовини якуми раиси ҲХДТ интихоб шуд, дар матлаби бахшида а интихоботи порлумонии дарпешистода Эмомалӣ Раҳмонро “Раҳбар ва пешвои халқ” тавсиф карда, менависад, оқои Раҳмон пас аз ташкили ҳукумат ин ҳизби сиёсиро ташкил дод: “Яъне ҳизби халқии демократии Тоҷикистон зодаи ҳукумат аст. Агар дигар ҳизбҳо барои соҳиби қудрат шудан ташкил шуда бошанд, пас ҳизби мо аллакай соҳиби ҳукумат шуда буд.”
Ба ақидаи муовини якуми Эмомалӣ Раҳмон, “муваффақият, дастовард ё худ маҳбубияту бурди Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ӯ ҷумҳуриро аз нав сохт. Нахуст мардуми фирориро баргардонд, бо мухолифон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонд, иқтисодро аз буҳрон наҷот дода, корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшид... Барои ҳамин ҳам таҳлилгарон иқдомҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Шарл де Голли фаронсавӣ, Камол Отатурк, Конфутсийи хитойӣ ва дигар пешвоёни халқу миллатҳои ҷаҳон монанд мекунанд.”
Ситоиш аз шахси раисиҷумҳури Тоҷикистон ва хидматҳои ӯ аз сӯи мансабдорон дар ин кишвар як амри маъмул шудааст ва бахусус дар пешорӯи маъракаҳои муҳиме, чун интихоботҳо, авҷ мегирад.
Ҳафтае пеш Абдураҳим Холиқзода, раиси ҳамакнун собиқи Кумитаи дин ва танзими расму ойини ҳукумати Тоҷикистон, ки иттифоқан рӯзи 13 феврал аз ин мақом барканор шуд, дар матлабе дар нашрияи расмии “Ҷумҳурият” Эмомалӣ Раҳмонро бо сифатҳое, чун “офтоб”, “ситораи бахт”, “фарзанди фарзонаи миллати тоҷик”, “абармарди халқ”, “нобиға” ва “бунёдгузори давлати муосири тоҷикон” тавсиф кард. Оқои Холиқзода ҳамчунин навишт, тасвири корнамоиҳои чунин шахсиятҳо берун аз тавони қалами як шахсу ва ҳатто як даврон аст.
Ба дунбол интиқодҳое дар матбуот садо дод, ки мансабдорони тоҷик мехоҳанд бо чунин таърифҳои осмонӣ дар зери ҷомаи парастиши шахси раисиҷумҳур нокомиҳои сиёсатҳои ҳукуматро бипӯшонанд.
Мунтақидон аз ҷумла ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба нокомӣ дар ҳалли масоили барои мардум ҳаётан муҳиме, чун таъмини аҳоли бо газу нирӯи барқ ва ҷои кори муносиб ва тарҷеҳи ҳукумат ба сарфи пулҳои зиёд ба барномаҳои пуриддаое, чун сохтани баландтарин парчам ва бозору тарабхонаҳо ба ҷои корхонаҳои саноатӣ айбдор мекунанд. Вале муовини якуми ӯ оқои Раҳмон дар ҳизби халқии демократӣ дар матлабаш менависад, Тоҷикистон дар давраи раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баракс хеле пеш рафтааст.
Саидмурод Фаттоҳзода дар матлаби “Интихоби мо чӣ маъно дорад?”, ки як навъ ҳисоботи ҳизби ҳоким аз корҳои дар солҳои охир анҷомдодааш дониста мешавад, менависад, ҲХДТ “бо дасту дили пок” ба интихоботи рӯзи 1 март меравад чунки: “ Мо аз корҳои то имрӯз, дар давоми панҷ соли охир анҷомдодаи хеш розиву қаноатмандем ва метавонем перомуни онҳо ба мардумамон бо сари баланд ҳисобот диҳем. Вале дар айни замон нуқсонҳою мушкилоти мавҷуда низ аз чашмамон пинҳон нест... Мо ба касе ваъдаҳои хушку холӣ доданӣ нестем, касеро ташвиқ карданӣ ҳам нестем, ки кӯркӯрона аз паи мо рафта, ба тарафдориамон овоз бидиҳанд. Ташвиқи мо иқдомҳои мушаххаси мо дар давоми ду даҳсолаи охиранд.”
Фаттоҳзода аз ҷуумла сохтани 310 нирӯгоҳи хурд то поёни соли 2013, баҳои мусбати коршиносони байналмилалӣ ба тарҳи нирӯгоҳи Роғунро, ки ба навиштаи ӯ, “кор дар инҷо суръат гирифта истодааст,” ва имзои созишнома дар мавриди тарҳи хаттҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон, маъруф ба КАСА-1000-ро аз ҷумлаит “дастовардҳо”-и ҲХДТ дар 5 соли охирдар соҳаи энержӣ унвон мекунад. Фаттоҳзода 5 соли охирро солҳое унвон кардааст, ки расидан ба ормонҳои миллиро, ки якеаш истиқлоли энержии Тоҷикистон аст, наздиктар сохтанд. Аммо ӯ дар ин ҳисоботи муфассали иборат аз 13 саҳифа, ба гуфтаи мунтақидон, ишорае ба ин ки чаро мардуми Тоҷикистон дар асри 21 дар фасли зимистон ҳамчунон нирӯи барқи кофӣ надоранд?, намекунад.
Идомаи гузориши Саидмурод Фаттоҳзода омори фаровоне дар бораи ин ё он соҳаи иқтисоди Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки ба сурати умум, ба ақидаи ӯ, аз пешрафти кишвар дар солҳои охир дарак медиҳанд. Ӯ мегӯяд, ҲХДТ бо илҳом аз ин пешрафтҳо барои интихоботи рӯзи 1 март барномаи наве таҳия карда ва онро «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ном кардааст.
Ӯ дар шарҳи сиёсати хориҷии ҳизби ҳоким аз “хусусияти стратегӣ” касб кардани равобити Душанбе бо Чин ситоиш ва ба аҳамияти таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамчунин бо Русия, кишварҳои дигари пасошӯравӣ, Ҳинду Покистон, Туркияву мамолики араб ва дар ниҳоят бо Иттиҳодияи Аврупову Амрико таъкид кардааст.
Саидмурод Фаттоҳзода ҳамзамон аз бурузи гурӯҳҳои тундрааве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунад, ки бо муборизаҳои хунинашон барои сохтани гӯё “давлати исломӣ” “бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои ниҳонӣ ва ғаразҷӯёнаашон даст ба куштору ғорату террори мардуми осоишта зада, авзои сиёсию иҷтимоии кишварҳоро ноором мекунанд...Дар ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки магар мардуми кишварҳои мусулмоннишин эътиқодмандони дини мубини ислом нестанд? Ё ки мехоҳанд ин мардуми ҳазорсола мусулмонро дубора мусулмон кунанд? Мусаллам аст, ки зери ин шиорҳо мақсадҳои дигар ниҳон аст. Бо куштори мусулмон аз ҷониби мусулмон, даҳшатафканӣ ва террор мардумро иҷборан ба зиндагии асримиёнагӣ бурданианд ё худ зери парчами ислом ҳадафҳои ғаразнок ва қудратталабии баъзе доираҳои муайянро амалӣ кардан мехоҳанд.”
Барномаи нави ҲХДТ, ба навиштаи Саидмурод Фаттоҳзода, 7 самти асосӣ, аз ҷумла табдили иқтисоди кишвар аз як иқтисоди аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ, ворид кардани фанновариҳои муосир, сохтани нирӯгоҳҳову корхонаҳои саноатӣ ва хатҳои нави роҳи оҳану шоҳроҳҳои ҷадид ва амсоли инро фаро мегирад.
ҲХД ҳамин тавр, дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон 9 пешниҳод додааст, ки дар қатори пурзӯр кардани мубориза бо терроризму экстремизм” мубориза бо фасод ва дар баробари ислоҳоти сохтории ниҳодҳои давлатӣ “зимни ислоҳот дар сиёсати кадрӣ эътибори қатъӣ додан ба хислатҳои шахсии боло гузоштани Ватан ва манфиатҳои умумимиллӣ, касбият, қобилияти ташкилотчигӣ ва зеҳниву таҳлилӣ, ҳисси масъулият, фарҳанги баланди маънавию сиёсӣ ва ахлоқи ҳамида, инсондӯстию оштинопазирӣ ба зуҳуроти коррупсиониро ҳангоми интихоби хизматчиёни давлатӣ муҳим мешуморад.”
Ин дар ҳолест, ки такяи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба омилҳое, чун маҳалл ва садоқатсолорӣ, ҳамеша яке аз мояҳои асосии интиқоди мухолифон аз сиёсати кадрии ӯву атрофиёнаш ба шумор мерафт.
Дар бахши сиёсати иҷтимоӣ ҳизби ҳоким бо ҳадафи “паст намудани ҳаҷми муҳоҷирати меҳнатӣ” таъсиси ҷойҳои кории навро, ки низ як мояи умдаи интиқодҳои ҷомиа аз ҳукумати кунунӣ буд, дар меҳвари барномааш барои 5 соли оянда қарор додааст. Вале ҲХДТ ҳамзамон ба зарурати “тайёр кардани мутахассисони соҳибҳунар барои бозори кори давлатҳои хориҷа ва ба роҳ мондани суғуртаи иҷтимоии муҳоҷирон” таъкид мекунад.
Саидмурод Фаттоҳзода менависад, ҲХДТ бо 250 000 узву 4000 ташкилоти ибтидоӣ танҳо аз ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ ба интихоботи порлумонии рӯзи 1 март 27 номзадаш, аз ҷумла 5 доктори илм ва 6 номзади илмро пешбарӣ кардааст ва азм дорад, барномаи пешазинтихоботиашро аз ҷумла “бо сарпарастию ҳидояти раиси ҳизбамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” амалӣ гардонад.
ҲХДТ аз нигоҳи шумора ва нуфуз бузургтарин нирӯи сиёсӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 63 курсии порлумони кунунӣ 53 курсиашро дар ихтиёр дорад. Ҳамин тавр, тамоми аъзои ҳукумат ва аксарияти кулли боқӣ мансабдорони давлатӣ, бо шумули тақрибан ҳамаи раисони вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ ва ҳатто ҷамоатҳо аз аъзои ҳамин ҳизбанд. Мунтақидон аммо ҳизби ҳокимро ба сохтани як низоми худкома, баргузории интихоботҳои танҳо дар зоҳир демократӣ ва ба ҳошия рондани аҳзоби дигар айбдор мекунанд.
То кунун ягон интихоботи порлумонӣ ё раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аз сӯи нозирони байналмилалӣ ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи озод ва демократӣ эътироф нашудааст. Нозирони умур мегӯянд, бо вуҷуди ваъдаҳои мақомот ва ҳатто даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба баргузории як интихоботи озод дар рӯзи 1 март гумон аст, ки ин маърака ҳам мутобиқ ба меъёрҳои қабулшудаи интихоботҳои демократӣ барпо шавад. Ва ҳамагӣ мутмаинанд, ки интихоботи порлумонии рӯзи 1 март низ бо пирӯзии мутлақи ҳизби ҳоким ва ироаи ҳамагӣ чанд курсӣ ба аҳзоби боқӣ анҷом хоҳад ёфт. Айни сенарияе ки дар чанд интихоботи ахири Тоҷикистон такрор мешавад.