Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усули нав...мактабҳо акнун бо нури офтоб ва ҳарорати замин гарм мешаванд


Тибқи як тарҳ дар Тоҷикистон, сохтмони мактабҳои ғайримуқаррарӣ, ки дар он синфхонаҳо тавассути нури офтоб ва ҳарорати замин гарм мешаванд, бар роҳ монда шудааст.

Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, ки ҳадафаш беҳтар кардани шароити таҳсил дар Тоҷикистон ва сохтмони мактабҳои замонавӣ аст, ба таври санҷишӣ дар кишвар панҷ мактаб бунёд кардааст. Аз ҷумла, дар ҳоли ҳозир бахше мактабхонҳо дар ноҳияи Фархор ва Ёвон дар чунин муассисаҳо, ки дар он қариб таппаку барқ истифода намешавад, таҳсил мекунанд.

Саидаҳмад Мирзоев, раҳбари Барномаи миллии иҷтимоии маблағгузорӣ гуфт, ки ин таҷриба дар кишварҳои хориҷ маъмул аст ва агарчӣ барои татбиқи чунин як тарҳ маблағи зиёд лозим меояд, аммо онҳо талош мекунанд, ки дар сурати муваффақ шудани ин таҷриба, онро дар дигар минтақаҳо татбиқ намоянд. Ба гуфтаи Саидаҳмад Мирзоев, барои сохтмони чунин як мактаб бо ин усул, 150 ҳазор сомонӣ лозим меояд.

Ин лоиҳаҳо дар асоси маблағгузории ҳукумати Олмон, Тоҷикистон ва манбаъҳои дигар амалӣ мешаванд. Дар маҷмӯъ аз сӯи ин бунёд дар кишвар беш аз 200 мактабҳои замонавӣ ва аз ҷиҳати масрафи энержӣ ва истифодабарӣ мувофиқ, сохта шуданд.

Мирзоев бо такя ба иттилои вазорати маорифти Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар ҳудуди 300 мактаби садамавӣ вуҷуд дорад, ки зиёда аз 80 тои он дар вилояти Хатлон аст. Ин бунёд бештар сари таъмиру сохтмони биноҳои фарсудаи мактабҳо тамаракуз мекунад. Дар минтақаҳое чун Бадахшон, ки захираҳои гармидиҳӣ маҳдудтар аст, истифодаи ин усул имконнопазир аст.

Ин бунёд беш аз даҳ сол, аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва қаблан тибқи лоиҳаҳои он, дар кишвар бунгоҳҳои тиббӣ сохта мешуд.

XS
SM
MD
LG