Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот дар Тоҷикистон -- бе дурбини назоратӣ ва телефонҳои мобилӣ? САДО


Акс аз ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонии соли 2015 дар Тоҷикистон
Акс аз ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонии соли 2015 дар Тоҷикистон

Мақомоти Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) ба насби дурбинҳои назоратӣ ва аксу наворгирии мардум дар нуқтаҳои ройдиҳӣ чандон моил нестанд. Онҳо мегӯянд, агарчи насби дурбин ва истифода аз телефон барои таъмини шаффофият хуб аст, "аз сӯи дигар метавонад ба ҷараёни ройдиҳӣ ва интихобот халал расонад". Бархе аз таҳлилгарон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, насби дурбини назоратӣ тақаллуб дар марказҳои овоздиҳиро камтар хоҳад кард.

Нозирони дохиливу байналмилалӣ дар интихоботҳои гузашта дар Тоҷикистон ҳолатҳои ба ҷойи чанд нафар рой додани як нафар ва ё ба як нафар супурдани чанд варақаи интихоботиро ошкор ва танқид карда буданд. Мақомоти КМИРТ ҳамвора рӯй додани чунин ҳолатҳоро рад кардаанд.

Дар Тоҷикистон барои интихоботи рӯзи якуми март 3410 нуқтаи раъйдиҳӣ ташкил шудааст. Наврӯз Самадзода, раиси дастгоҳи КМИРТ, рӯзи 20-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, қонунгузории Тоҷикистон насби дурбинҳои назоратӣ ва аксу наворгирии сокинони одиро дар макони овоздиҳӣ пешбинӣ накардааст.

"Озодии сокинон маҳдуд мешавад"?

"Баррасии масъала ҳанӯз идома дорад ва ниҳоӣ нашудааст. Аммо ин як навъ назорат аз болои мардум мешавад. Мо ба шаҳрвандон ҳуқуқ додаем, ки ихтиёран омада, дар интихобот ширкат кунанд. Аммо дар сурати насби камера ин озодӣ маҳдуд мешавад ва дахолат ба ҳаёти шаҳрванд ба шумор меравад. Баъзеҳо метавонанд ба мақсадҳои худ истифода баранд ин сабтҳоро," -- афзуд Наврӯз Самадзода.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, ин эҳтимол ҳам ҳаст, ки насби камера ва ҳамин тавр аксу наворгирӣ аз лаҳзаҳои раъйдиҳӣ тавассути телефон ба ҷуз аз хабарнигорон, ки сабтином мешаванд, барои дигарон манъ шавад.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, ҳамагуна наворгирӣ аз раванди раъйдиҳӣ ба манфиати шаҳрвандон ва шаффофияти интихобот аст.

Дар Тоҷикистон нуқтаҳои овоздиҳӣ аксаран дар мактаб ва дигар бинои ниҳодҳои давлатӣ ташкил мешавад. Дар бархе аз ин идораҳо ба хотири таъмини амният дурбинҳо насб шудаанд, аммо масъулини КМИРТ мегӯянд, онҳо ҳаққи истифодаи сабти ин дурбинҳоро, ки моли идораҳоянд, надоранд.

Дар Узбекистону Қирғизистон чӣ гуна аст?

То интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон беш аз як моҳи дигар мондааст ва номзадии наздик ба 140 нафар пешбарӣ шудааст.

Дар таҷрибаи интихоботҳои аксар кишварҳои дигар дида мешавад, ки барои таъмини шаффофият ва ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои қонуншиканӣ дар ҷараёни интихобот дар марказҳои раъйдиҳӣ дурбин мегузоранд. Барои мисол, интихоботи чанде пеши порлумонии Узбекистон на танҳо зери нигоҳи дурбинҳои назоратӣ гузашт, балки ин маърака дар режими онлайн намоиш дода шуд.

Сабти ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи Тоҷикистон мумкин аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00
Линки мустақим

Ҳамчунин ба блогерони мардумӣ иҷоза дода шуд, ки раванди интихоботро ба таври озод ба навор гиранд. Ҳамин тавр, дар Қирғизистон ҷараёни интихобот пурра тавассути дурбинҳо сабт шудааст.

Дар Тоҷикистон агарчӣ бархе аз таҳлилгарон чандон бовар надоранд, ки насби камера метавонад, дар натиҷаҳои интихобот таъсири зиёд гузорад, дар ҳар сурат, барои сабту ошкор кардани қонуншиканиҳо, зери нигоҳи дурбинҳо сурат гирифтани ин маъракаро муҳим мехонанд.

"САҲА ба ин меъёр таваҷҷуҳ дорад"

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки истифодаи камераҳо ба ҳеч ваҷҳ ба раванди овоздиҳӣ халал намерасонад. Баръакс, ба гуфтаи ӯ, вақте ин ҷараён аз тариқи камера ва телефонҳои ҳамроҳ сабт мешавад, фазо ва имконият барои конуншиканӣ хеле маҳдуд мегардад.

"Намояндагони САҲА ва нозирони созмонҳои дигари байналмилалӣ ҳангоми арзёбии интихобот ба ин меъёр таваҷҷуҳи зиёд мекунанд," -- афзуд ӯ.

Денис Бердаков, сиёсатшинос аз Қирғизистон, мегӯяд, дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ то ҳанӯз дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ истифодаи камераҳоро зарур намедонанд, "аммо он ҷо фарҳанги сиёсӣ баланд ва қаллуб дар сатҳи поинтарин аст".

"Барои нозирон сабти камераҳо муҳим аст. Ин ягона восита барои исбот кардани баъзе ҳолатҳои шубҳаовар аст. Масалан, нозирон метавонанд ягон ҳолати қонуншиканиро дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ мушоҳида кунанд, аммо исбот кардани он мушкил аст. Масалан, ӯ мегӯяд, ман дидам, ки дубора варақа партофтанд. Аз ӯ мепурсанд, кӣ партофт? Дар куҷо партофт? Нишон диҳед."

"Агар ҳукумат интихоботи одилона мехоҳад..."

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо то кунун бисёре аз интихоботҳои Тоҷикистонро назорат карда ва гуфтаанд, ки ҳеч яке аз онҳо мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтанд ва демократӣ ва шаффоф набудаанд.

Масъулини Кумисюни марказии интихобот ва раъйдиҳӣ мегӯянд, барои таъмини шаффофият дар интихоботи порлумонӣ муваззаф шудаанд ва чораҳои заруриро меандешанд.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва довталаби курсии президентӣ дар интихоботи соли 2013 мегӯяд: "Дар ин кор ягон маҳдудият дида намешавад. Баръакс, ин як унсури шаффофият аст ва агар ҳукумат хоҳад, ки интихобот одилона сурат гирад, бояд аз ин роҳҳо истифода барад, на ин ки маҳдуд кунад."

Вале, дар ҳар сурат, ба андешаи Ойниҳол Бобоназарова, новобаста ба ин ки интихобот зери нигоҳи дурбинҳо сурат мегирад ё аз тариқи телефонҳо сабт мешавад, метавонад тақаллуб сурат гирад: "Агар то ин вақт дар интихобот шаффофият набуд, фикр намекунам, ин дафъа вазъ якбора дигар шавад."

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон 1-уми март баргузор мешавад. Ҳоло ҷараёни сабтиноми номзадҳо оғоз шудааст ва то 9-уми феврал идома хоҳад кард. Ин шабу рӯз аз номзадҳои пешбаришуда дар КМИРТ имтиҳони забони тоҷикӣ мегиранд, ки яке аз талабҳои асосӣ барои номзадҳо ба вакилӣ аст.

Интизор меравад, раванди интихоботи порлумонии Тоҷикистонро ҳудуди 500 нозири хориҷӣ назорат кунанд.

То ин дам созмону кишварҳои ғарбӣ интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистонро озоду шаффоф эътироф накардаанд, бар хилофи нозирони кишварҳои пасошӯравӣ ва Чин, ки ба интихоботҳои Тоҷикистон баҳои баланд додаанд.

Корбарони азиз

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG