Тоҷикистон ба панҷумин интихоботи порлумонии худ пас аз ба имзо расидани Cозишномаи истиқрори сулҳ наздик мешавад. Иштирокчиёни интихобот ва мардум аз муносибатҳои дугона бо ин интихобот мегӯянд. Ҳам онҳое, ки ҷараёни интихоботро шаффофу одилона медонанд ва ҳам онҳое, ки комилан эътимод надоранд, ба таҷрибаи интихоботҳои гузашта ишора мекунанд.
"Парлумон – ҷойе барои худиҳо"
Шоҳрух, таксирони чилсолаи душанбегист, ки тамоми рӯзро пушти фармони мошин мегузаронад. Мегӯяд, ки дар мавриди интихоботи пешрӯ аз радио шунидааст, вале дар раъйдиҳӣ ширкат намекунад. "Чӣ фоидае аз ин аст, чӣ қадар интихоботҳо баргузор шуд, вале мо ҳатто номи вакилонамонро намедонем. Ман фикр мекунам, ки он ҷо танҳо худиҳоро роҳ медиҳанд, иштирок сарфи беҳудаи вақти худ аст",-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Нигоҳи норӯшан ба интихобот ва натоиҷи он дар Тоҷикистон ба якборагӣ шакл нагирифтааст. Тавре нозирини умур мегӯянд, ин нигариш дар давоми даҳсолаҳои ахир дар баробари тақвият додани ҳизбҳои тарафдори раёсатиҷумҳурӣ ба порлумон, шакл гирифт. Дар тамоми интихоботҳои, ки аз соли 2000 ба баъд сурат гирифтаанд, аксарияти мутлақро Ҳизби халқӣ-демократӣ соҳиб шудааст, ҳизбҳои дигар ё комилан натавонистан садди лозимро убур кунанд ё чанд курсии маҳдудро гирифтанд, ки нуфузи онҳо дар ниҳоди қонунгузории кишвар бисёр ночиз буд.
Тавозуни неруҳо
Дар интихоботи солҳои 2000, 2005, 2010 Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва ҳизби ҳоло мамнуи Наҳзати исломӣ ҳизбҳои порлумонӣ гаштанд. Танҳо ҳизби президент тавонист, ки фраксияи худро созмон диҳад, ки соли 2000 аз 63 курсӣ 36, 2005 41, 2010 55 ва интихоботи ахири 2015 51 курсиро соҳиб шуд.
Ҳизби коммунист ва Наҳзати исломӣ то соли 2015 дар порлумон ҳар яке ду курсӣ доштанд. Ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ ҳам якҷойиро соҳиб шуда буданд. Дар интихоботи ахири соли 2015 ду ҳизби умдаи мухолифин натавонистанд садди панҷдарсадиро убур кунанд ва аз курсиҳои худ маҳрум монданд. Ба ҷойи онҳо Ҳизби аграрӣ панҷ ҷой, Ислоҳоти иқтисодӣ ду ва Сотсиалистӣ як курсӣ ба даст оварданд ва Ҳизби аграрӣ тавонист дар баробари ҲХДТ фраксияи худро ташкил кунад.
"Тақлиди демократия"
Мунтақидон бар ин назаранд, ки ҳадафи аслии ҳукумати Тоҷикистон аз ибтидо табдил додани порлумон ба як ниҳоди тобеъ буд. "Дар тамоми интихоботи даврони истиқлоли Тоҷикистон ҳукумат бо роҳҳои гуногун тавассути ниҳодҳои зирабт талош кард, ки натиҷаи онҳоро таҳти назорат дошта бошанд",-мегӯяд муовини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов, ки борҳо дар ин интихоботҳо ба унвони номзад ширкат кардааст.
"Баъзе истисноҳоро интихоботи соли 2000 дорад, ки таҳти назорати Комиссияи оштии миллӣ, нозирони СММ, САҲА, кишварҳои кафил ва ғайра баргузор шуд. Он замон ҳадаф гузошта шуда буд, ки тағйироти сифатие дар давлат, иродаи сиёсӣ оварда шавад, то кишвар барои ҷалби сармоя мусоид шаваду зиндагии мардум беҳтар шавад",-мегӯяд Ҳакимов. Баъдтар, ба гуфтаи ӯ, замоне, ки раванди сулҳ ба итмом расид, интихоботҳо бадтар шуданд ва аллакай таҳти назорати мустақими маъмурияти президент мегузаранд ва агар кадом як зан ва ё ҷавоне вориди порлумон шуд, танҳо баъд аз тавофуқи номзадии ӯ аз сӯи ниҳодҳои зирабт сурат мегирад.
Зимнан, Шокирҷон Ҳакимов аз маъдуд сиёсатмадоронест, ки ҳамчун номзади мухолиф дар интихоботҳои (2005-2010) аз ҳавзаи интихоботии №19 интихоботро ба даври дувум кашонд. Тавре худи сиёсатмадор мегӯяд, рақибони ӯ танҳо ба василаи истифодаи зарфиятҳои маъмурӣ тавонистанд, ки ба порлумон ворид шаванд.
"Интихоботҳои мо ба ҳама талабот мувофиқанд"
Ҷумъабой Сангинов, вакили пешин ва раиси фраксияи ҲХДТ дар порлумон ин андешаро, ки интихоботҳо дар Тоҷикистон шаффоф баргузор нашудаанд, дуруст намедонад. "Аз таҷрибаи худам метавонам бигӯям, ки интихоботҳои мо ҳамеша бо рақобати шадид мегузаштанд. Низоми интихоботии мо ба тамоми талаботи муосир посухгӯ аст ва имкон медиҳад, ки номзадҳову ҳизбҳо барномаҳои худро амалӣ кунанд",- муътақид аст оқои Сангинов.
Вале агар матбуоти замони интихоботҳо арзёбӣ шавад, ба шикоятҳои зиёде рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, ки аз сӯи номзадҳои ҳизбҳои мухолифин садо додаанд. Шикоятҳо бештар марбут ба андохтани бастаи баргаҳои раъйдиҳӣ, раъйдиҳии чандинбораи як нафар, пайдо шудани суратҷаласаҳои пешакӣ бо имзо ва мӯҳр ҳанӯз қабл аз ҷамъбасти раъйдиҳӣ, ташвиқу тарғиб дар рӯзи интихобот ва ғайра ҳастанд.
САҲА дар тамоми гузоришҳояш интихоботҳои Тоҷикистонро ғайридемократӣ номидааст. Дар мавриди интихоботи парлумонии охир дар гузориши ин созмон таъкид мешавад, ки ба номзадҳо имконоти баробар фароҳам оварда нашуд, аз ҷумла ҳамкории мутақобил бо расонаҳо, ҳамчунин ҷараёни шумориши оро низ риоят нашудааст. Дар ин санад гуфта мешавад, ки дар давраи корзорҳои интихоботӣ тафовут миёни Ҳизби ҳокими халқӣдемократӣ ва давлат аксаран норӯшан буд, ки ин ба ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар САҲА мухолифат мекунад.
"Инҳисори порлумон аз сӯйи ҳизби ҳоким дар тамоми ин ҳама сол, роҳ надодани чеҳраҳои нави дорои идеяҳои тоза ва дар маҷмӯъ сустии худи ин ниҳод ба таври қобили мулоҳиза рӯи афкор ва фарҳанги сиёсии шаҳрвандон таъсир гузошт",-мегӯяд сиёсатшинос Азиз Нуруллоев. Ба гуфтаи ин сиёсатшинос, сарфи назар аз ин, ки дар ҷомеа ниёзмандӣ ба чеҳраҳои нав эҳсос мешавад, вале ба низоми интихоботӣ ва тавонмандии он барои ҷалби нухбагони нав эътимод намондааст, аз ин рӯ мунтазири зуҳури мавқеи фаъоли шаҳрвандон шудан нашояд.
Аҷобатҳои интихоботи нав
Зоҳиран метавон пешбини натоиҷи интихоботро то ҳудуде, ҳоло намоядагони ҳокимияти иҷроия ҳадаф доранд ба Маҷлис ворид шаванд, мушаххас кард. Дар фармонҳои ахири президент дар мавриди барканории вазири адлия, раиси Кумитаи занон, раисони ноҳияҳои Мастчоҳ, Шуғнон, Қубодиён сабаби барканории онҳо "гузаштан ба кори дигар" таъкид шудааст. Вале баъдтар маълум шуд, ки ҳамаи инҳо саъй доранд дар интихобот аз ҳизби президент вориди рақобат шаванд. Эҳтимолан ин таъбир дар фармон, имкони пирӯзии номзадҳоро дар мубориза барои курсии парлумон бештар мекунад.
Рӯзноманигори тоҷик Марат Мамадшоев мегӯяд, ки тамоми интихоботҳо дар таърихи муосири Тоҷикистон таҳти назорати мақомот баргузор шуданд, вале соли 2010 ҷомеа шоҳиди фаъолшавии гурӯҳҳои мушаххаси мухолифин шуд.
"Яъне дар ин давра то андозае гуногунандешӣ дар замони корзорҳои интихоботӣ, хусусан дар давраи ташвиқу тарғиб вуҷуд дошт. Вале, мақомот ҳама вақт ин равандро мудирият мекард ва ҳеҷ натиҷаи барои худ нохушояндро қабул накард",- мегӯяд Мамадшоев.
Ба гуфтаи вай, интихоботи пешрӯ комилан бе шӯру шавқ аст, зеро ҳамаи номзадҳоро як мақом пешниҳод мекунад.
Интихоботи пешрӯи парлумонии Тоҷикистон 1-уми март баргузор мешавад. Дар кишвар ба таври расмӣ ҳафт ҳизби сиёсӣ фаъоланд. Ҳеҷ кадом аз интихоботи Тоҷикистони муосир аз сӯи ниҳодҳои ғарбӣ демократӣ ва шаффоф эътироф нашудаанд.
Парлумони Тоҷикистон аксаран барои мавзеъгирии заъифаш мавриди интиқод қрор мегирад, вале худи вакилон ба ин гуна баҳогузориҳо розӣ нестанд.
Масрафи умумии будҷаи давлат барои порлумон нашр намешавад, вале маоши вакилони Маҷлиси намояндагон 6 ҳазор сомонӣ (650 доллар) аст. Ин баландтарин маош дар миёни кормандони соҳаи будҷавӣ аст. Маоши миёна дар кишвар 1200 сомонӣ мебошад. Ба ҷуз ин, вакилонро дар замони ваколат бо хона ва мошини хидматӣ таъмин мекунанд.
Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10