Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OSCE ба интихоботи Тоҷикистон нозир мефиристад, аммо бо хоҳиши дигарон


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз амалкардҳои ҳукумати Тоҷикистон ва иҷро накардани ӯҳдадориҳояш дар назди ин созмон дар бораи гуногунандешӣ, ҳузур дар интихобот ва муҳокимаҳои одилона, изҳори нигаронӣ кардааст.

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон дар арзёбии шароити пеш аз интихоботӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, сатҳи эҳтироми озодиҳои асосӣ аз замони интихоботҳои гузашта боз ҳам бадтар шудааст. Мақомоти тоҷик ҳанӯз ба гузориши нави Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) вокуниш накардаанд. Аммо дар гузашта мақомот на ҳама интиқодҳои САҲА-ро қабул кардаанд.

Гузориши Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон, як бахши САҲА рӯзи 16-уми январ нашр шуд. Гузориш як навъ хулосаи мутахассисони САҲА аз фазои пеш аз интихоботии Тоҷикистон мебошад. Коршиносони САҲА аз вазъи гуногунандешӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, гуфтаанд, мумкин аст нозирони ин созмон дигар ба интихоботи порлумонии Тоҷикистон нараванд.

Бисёре аз мусоҳибони САҲА гуфтаанд, Тоҷикистон барои ислоҳу иҷрои чаҳорчӯбаҳои қонунҳои интихобот ва наздик кардани онҳо ба ӯҳдадориҳояш дар назди САҲА ва меъёрҳои интихоботи демократӣ пешрафте накардааст.

"Ҳеҷ яке аз ислоҳоти ахир дар қонунҳо зоҳиран ба тавсияҳои пешинаи Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон дар Тоҷикистон расидагӣ намекунанд. Риояти озодиҳои бунёдӣ назар ба интихоботҳои гузашта бадтар шудааст ва дар шароити набуди матбуоти мустақил ва мухолифони фаъол интихоби сиёсӣ маҳдуд аст. Дар чунин шароит Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон ирсоли нозирон, аз ҷумла нозирони дарозмуддат ва кӯтоҳмуддатро зарур намешуморад",- гуфта шудааст дар изҳороти САҲА.

Бо ин ҳама, гузоришгарони САҲА гуфтанд, "бо назардошти аҳамият доштани назорати интихобот барои мусоҳибони созмон ва эълони мақомот барои нигаҳ доштани муколама дар бораи масоили интихобот", тавсия медиҳад, ки нозирон барои назорати интихоботи порлумонии оянда фиристода шаванд.

Мақомот, аз ҷумла раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо ваъдаи интихоботи шаффофро додаанд. Рӯзи 15-уми январ масъулини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ҳама талошро доранд то интихобот дар кишвар шаффоф баргузор шавад.

Махфират Хидирзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, рӯзи 16-уми январ гуфт, онҳо ва ҳама аъзоёни комиссияҳои минтақавӣ муваззаф ҳастанд, вазифаи худро "беғаразона ва холисона" иҷро кунанд.

"Интиқод аз беҳизбӣ шудани КМИР"

Як интиқоди дигар гузоришгарони САҲА, ин тағйир дар узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мебошад. Бар асоси қонун дар бораи интихобот, минбаъд 7 узви КМИР афроди беҳизбӣ мебошанд. Гузоришгарони САҲА гуфтаанд, аъзои КМИР аз намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ба "касбӣ ва ғайриҳизбӣ "иваз шуданд, вале "якчанд ҳамсӯҳбатони ин созмон мустақилияти баъзе аъзои нав таъиншудаи КМИР-ро зери шубҳа гузоштанд".

Дар моҳҳои гузашта низ интиқодҳое аз ин кор ҷой доштанд ва тибқи иттилои дарёфткардаи Радиои Озодӣ, аз 7 узви КМИР се нафарашон -- Махфират Хидирзода, Муистон Азизова ва Носирҷон Салимӣ то омадан ба инҷо, аъзои фаъоли ҲХДТ буданд. Аммо ин афрод мегӯянд, узвияташон дар Ҳизби халқӣ-демократӣ қатъ шудааст ва онҳо дигар пайванде ба ин ҳизб надоранд.

Дар гузориши САҲА ҳам омадааст, ки баъзе аъзои КМИР то чанде пеш дар ҳизби ҳоким ё муассисаҳои давлатӣ вазифаҳои роҳбарикунанда доштанд ва "бинобар ин ба гуфтаи бархе ҳамсӯҳбатони мо наметавон онҳоро мустақил ҳисобид". Мусоҳибони САҲА дар Душанбе гуфтаанд, ки бетарафии комиссияҳои нави сатҳи поёнӣ низ зери шубҳа аст, зеро ҳизбҳо дар ин мақомҳо намояндагони худро нахоҳанд дошт.

Махфират Хидирзода, яке аз 7 узви Комиссияи марказии интихобот гуфт, ӯ дигар аъзои Ҳизби халқӣ-демократӣ нест. Хонум Хидирзода афзуд, "онҳо аз рӯи принсипӣ беҳизбӣ, бетарафӣ ва беғаразӣ" ба интихобот муносибат мекунанд.

Пештар ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ба ҷуз аз Ҳизби сотсиал-демократ, дар КМИР намоянда доштанд ва баъзан бар сари тасмимҳои ин ниҳоди интихоботӣ баҳсҳо сурат мегирифт.

"САҲА: Худсензура ба амали маъмулӣ табдил шудааст"

Дар бахши дигари гузориши САҲА аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ҷиддан нигаронӣ шуда гуфта мешавад, ки худсензура ба як амали маъмулӣ дар миёни рӯзноманигорони тоҷик табдил шудааст.

Ба гуфтаи коршиносони САҲА, дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарӣ пайваста маҳдуд мешаванд, ки дар ниҳоят "раъйдиҳандагонро аз иттилои алтернативии вобаста ба интихобот маҳрум мекунад". Мақомоти тоҷик то ин вақт ҳама гуна сайтбандиро рад кардаанд.

Баъзе мусоҳибони Дафтари САҲА дар Душанбе гуфтаанд, аз воситаҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва маъмурӣ, аз қабили бозхондани иҷозатномаҳои рӯзноманигорон, санҷишҳои мақсадноки андоз, рад кардани истифодаи чопхонаҳо ва маҳдудияти паҳн кардани иттилоот барои коҳиш додани журналистикаи мустақил истифода мешавад. Мусоҳибони САҲА гуфтаанд, "худсензура дар байни рӯзноманигорон аз тарси шаклҳои гуногуни фишор як амали маъмулӣ аст".

Масъулини чанд ҳизби сиёсӣ дар сӯҳбат бо коршиносони САҲА аз набудани дастрасӣ ба васоити ахбори омма дар раванди интихобот, инчунин набудани иттилои воқеӣ барои овоздиҳандагон ҳангоми маъракаи интихобот, изҳори нигаронӣ кардаанд.

Вале масъулини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар гузашта ин интиқодҳоро рад карда, гуфтаанд, шароит барои таблиғи ҳама ҳизбҳои сиёсӣ баробар фароҳам карда шудааст. Ба гуфтаи масъулини КМИР, ба ҳар ҳизб барои таблиғи барномаҳо тавассути Шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои давлативу маҳаллӣ то 40 дақиқа ва ба ҳар номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон то 20 дақиқа вақти бепул дар эфир, ҷудо карда шудааст.

Дар гузориши САҲА, ҳамчунин аз баланд будани ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ нигаронӣ шудааст. Масъулини чанд ҳизби сиёсӣ ба коршиносони САҲА гуфтаанд, 5800 сомонӣ ё тақибан 600 доллар гаравпулӣ "барои пешбарии номзадҳо монеаи ҷиддӣ аст".

Мавзӯи гаравпулӣ барои номзадҳо бахусус аз ҷониби Ҳизби сотсиал-демократ борҳо интиқод шуда, ин ҳизб барои бекор кардани он ба Додгоҳи олии конситутсионӣ муроҷиат кард. Аммо рӯзи 17-уми январ Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ гуфт, ки дархосташ рад шудааст.

Мавзӯи дигари гузориши САҲА, ин иштироки муҳоҷирони кории тоҷик дар интихоботи порлумонӣ мебошад. Бисёр ҳамсӯҳбатони Дафтари САҲА қайд карданд, ки барои фарогири муҳоҷирон ба раванди интихобот корҳои бештар бояд анҷом дода шаванд.

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон 1-уми март баргузор мешавад. Маъракаи таблиғотии пеш аз интихоботии номзадҳо 9-уми феврал оғоз шуда, то 28-уми феврал идома хоҳад кард. Рӯзи 29-уми феврал дар кишвар, ба истилоҳ, "рӯзи хомӯшӣ" аст. То имрӯз 70 номзад аз ҳисоби рӯйхати ҳизбӣ пешбарӣ шудаанд. КМИР шумораи номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатиро то ҳол нашр накардааст.

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо то кунун бисёре аз интихоботҳои Тоҷикистонро назорат карда ва гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз онҳо мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтанд ва демократӣ ва шаффоф набудаанд.

XS
SM
MD
LG