Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт сол пас аз амалиёти вижа дар Хоруғ. Чӣ дар ин муддат тағйир кард?


Шаҳри Хоруғ. Моҳи июли соли 2020.
Шаҳри Хоруғ. Моҳи июли соли 2020.

Рӯзи 24-уми июл аз амалиёти вижаи неруҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ дақиқан 8 сол мегузарад, ки дар натиҷаи он бино ба иттилои расмӣ 23 низомӣ ва 21 шаҳрванди мулкӣ кушта шуд. Сару садоҳои ин ҳаводис, ба назари коршиносон, то кунун ба суботи вилоят таъсиргузор мебошанд.

Радиои Озодӣ тасмим гирифт, бо сокинони Хоруғ ва коршиносон суҳбат кунад, ки дар ҳашт сол дар минтақа чӣ тағйир ёфт ва амалиёти вижа ба чӣ овард.

Субҳи 24-уми июл барои садҳо ҷавон дар Хоруғ бо намози бомдодӣ ва зиёрати қабри қурбониёни он ҳодисаҳо бо хондани Қуръону ёдоварӣ аз онҳо оғоз мешавад.

Назар яке аз онҳоест, ки ин анъанаро қотеъона риоят мекунад. Ӯ мегӯяд, дар миёни кушташудаҳо яке аз наздиконаш ҳаст, ки аз тири снайпер дар ҳавлиаш кушта шуд. "Бо гузашти 8 сол касе ба хонаводаи онҳо шарҳ надод, ки чаро писари онҳо кушта шуд ва кӣ барои марги ӯ масъул аст",-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Сокинон чӣ мегӯянд?

Ба таври расмӣ, нерӯҳо ба шаҳр барои боздошти гумонбарони қатли генерали Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулло Назаров ворид шуда буданд. Баъдтар мақомот талаб карданд, ки фармондеҳони саҳроии пешин, ки дар як қатор ҷиноятҳо муттаҳам мешуданд, ба онҳо супурда шаванд. Худи ин раҳбарон амалиёти вижаро "намоиши неру аз тарафи ҳукумат" ва талоши тоза кардани минтақа аз рақибони дирӯз ном бурданд.

Абдуллоҳ Назаров, раҳбари пешини КДАМ дар ВМКБ.
Абдуллоҳ Назаров, раҳбари пешини КДАМ дар ВМКБ.

Солҳои ахир равшан шуд, ки амалиёти вижа дар Хоруғ танҳо оғози бесуботии систематик дар минтақа шуд. Бошандагони Хоруғ ба ин суол, ки оё баъди ҳодисаҳои соли 2012 вазъ чӣ гуна тағйир кард, посухи норӯшан медиҳанд.

"Ба назари ман дар роҳҳо хеле тартибу интизом баланд шуд. Теъдоди мошинҳои сиёҳшиша кам шуд, эҳсос мешавад, ки тарс аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар шуд" - мегӯяд як муаллимаи маҳаллӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард.

Сокини дигари Хоруғ Фирӯз мегӯяд, ки фарқи зиёде ба назар намерасад. "Ҳама мисли пештара зиндагӣ мекунанд, фақат низомиҳо дар шаҳр бештар шуданд. Дар оғоз ҳузури онҳо бисёриҳоро нороҳат мекард, ҳар рӯз ҷанҷол ва камшмакашҳо буд, вале ҳоло ба онҳо одат карданд ва онҳо ҳам каме мулоимтар шуданд. Мешавад, ки баъзан кадом як корманде зиёдравӣ мекунад, ки нигарониву чанҷолро ба бор меоавард, вале дар маҷмуъ ҳама чӣ ором аст" - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ин ягона низоъ нест

Баъди ҳаводиси соли 2012 Вилоти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ бинобар ҷанҷолҳо ва намоишҳои эътирозӣ тез-тез мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт. Ҳаводиси пурсарусадотар дар соли 2014 ба назар расид. Баъди тирандозӣ ба сӯйи мошине аз ҷониби низомиён дар маркази шаҳр бетартибиҳо сар зад, ки дар натиҷа эътирозгарон биноҳои Раёсати корҳои дохилӣ ва додситониву додгоҳи вилоятро оташ заданд.

Низои ахир дар минтақа дар Рушон моҳи июни имсол буд, ки сокинон барои пуштибонӣ аз ҳамшаҳрияшон ва дар муқобили бархӯрди дағалонаи низомиён бархостанд.

Низомиён дар кӯчаҳои Хоруғ. Моҳи июли соли 2012.
Низомиён дар кӯчаҳои Хоруғ. Моҳи июли соли 2012.

Сар аз октябри соли 2018 дар қаламрави вилоят Ситоди байниидоравии таъмини суботу тартибот амал мекунад, ки баъди интиқодҳои шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ҷиноӣ дар вилоят, ташкил шуд. Он замон президент барои барқарор кардани тартибу интизом дар шаҳр як моҳ муҳлат дод ва ба мақомоти қудратӣ дастур дод, ки дар сурати зарурат барои мубориза бо пешвоҳои ғайрирасмӣ, ки ба гуфтаи вай, ба мақомоти минтақа имкони кор карданро намедиҳанд, аз қувваҳои мусаллаҳ истифода баранд.

Вале фаъолияти дусолаи ситод ба нафаҳмиҳои марказу мардум натавонист нуқта бигузорад.

Низоъи яхбаста?

Сиёсатшинос Сулаймон Шоҳзода мегӯяд, ки ҷанҷолҳое, ки ба "ҳаводиси Хоруғ" овард, муваққатан яхбандӣ шуд ва аз ин сабаб сари чанд вақт аз худ дарак медиҳад. "Ин таниш ғайриинтизор сар назад. Ин паёмади ҳаводиси солҳои 90-ум буд, замоне ки дар кишвар нобаробарии нухбагон ба вуҷуд омад ва қудрати марказ дар ҳама ҷо эътироф нашуд. Барои муддати тӯлонӣ дар инзиво мондани вилоят ин гуна рӯҳияро шиддат бахшид. Бовар ин буд, ки манофеи минтақа дар марказ ба эътибор гирифта намешаванд” - мегӯяд сиёсатшинос.

Ҳоло, ба гуфтаи вай, далели норизоиятиҳо бештар шароити иҷтимоиву иқтисодист. "Ҳукумат бар асари нокофӣ будани зарфиятҳо аз усулҳои саркӯбгарона истифода мекунад, ки хатари такрори ҳаводисро эҷод мекунад" - тахмин мекунад ҳамсуҳбатамон.

Хоруғ як сол баъд аз даргирӣ. 24 июли соли 2013.
Хоруғ як сол баъд аз даргирӣ. 24 июли соли 2013.

Вале ин андешаро, муовини пешини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Сайфулло Сафаров ҷонибдорӣ намекунад. "Масъалаи "ҳаводиси Хоруғ" аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ҳалшуда аст. Ин ҷо ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад. Ҳатто он гуруҳҳое, ки замоне ҷинояткор ном бурда мешуданд, ба ифоқа омаданд, тарафҳо якдигарро бахшиданд, ки масъалаи ваҳдату якпорчагӣ дар натиҷа ҳал шуд" - мегӯяд Сафаров.

Ба назари вай, нигаронии шаҳрвандон аз ин ё он мушкилоти иҷтимоӣ ҳаққи онҳост ва набояд аз ин гуна мушкилот дар сатҳи кишвар ҳангома сохт.

Зимни посух додан ба суоли марбут ба лидерҳои ғайрирасмӣ, раиси вилоят Ёдгор Файзов дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки солҳои ахир нуфузи онҳо ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст. "Агар пештар онҳо бо як сухан даҳҳо ҳазорро метавонистанд ба майдон бихезонанд, ҳоло, шояд 1000 ё танҳо 300 нафарро метавонанд. Агар пештар онҳо бо мақомоти давлати ошкоро ҷанҷол мекарданд, ё ба корашон халал мерасониданд, ҳоло ин гуна мавридҳо хеле кам шудаанд" - гуфта буд Файзов.

Ҳама аз чӣ сар шуд?

Далели расмии бурдани неруҳо ба минтақа дар соли 2012 ва оғози амалиёти вижа куштани сардори раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилоят генерал Абдулло Назаров шуд. Гумонбарони асосӣ одамони давру бари фармондеҳи саҳроии пешин ва дар он замон сардори отряди марзбонии Ишкошим Толиб Айёмбеков дониста мешуданд ва худи Айёмбеков дар пинҳон доштани ҷинояткорон муттаҳам мешуд.

Дар соати 4 субҳ амалиёт ҳамзамон дар се минтақаи Хоруғ, ки онҷо лидерҳои ғайрирасмӣ Толиб Айёмбеков, Имомназар Имомназаров, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ва Ёдгор Мамадасламов зиндагӣ мекарданд, оғоз шуд. Онҳо ба қочоқи маводи мухаддир, фурӯши сангҳои қимматбаҳо, қочоқи инсон, монеъ шудан ба фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ғайра муттаҳам мешуданд.

Муқовимати мусаллаҳона бо неруҳои ҳукуматӣ 16 соат тӯл кашид, ва баъди қабули қарор дар бораи оташбас аз тарафи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тирандозӣ муваққатан қатъ карда шуд.

Бо миёнравии Бунёди Оқохон миёни гуруҳҳои мусаллаҳ ва ҳукумат мусолиҳа ҳосил шуд, ки шарти аслии он супурдани силоҳҳо ва гунаҳкорони қатли генерал Назаров буд.

Толиб Аёмбеков.
Толиб Аёмбеков.

Баъди як моҳи ин ҳаводис, лидери аз ҳама пурнуфузтар дар минтақа Имомназар Имомназаров дар хонааш кушта шуд. Наздиконаш дар қатли ӯ мақомотро муттаҳам карданд, вале мақомот инро рад карданд.

Барои "ҳаводиси Хоруғ" чаҳор сокини Хоруғро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд. Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов барои куштани Абдулло Назаров 17 ва 16 сол зиндонӣ шуданд. Шерик Карамхудоев ва Димон Ашуров барои иштирок дар ин ҳаводис мутаносибан 14 ва 12 сол зиндонӣ шуданд.

Дар мониторинги созмонҳо миллии мудофеи ҳуқуқ вобаста ба ҳаводиси Хоруғ гуфта мешавад, ки "давлат барои муайян ва ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорон ва масъулони барномарезӣ ва иҷро кардани амалиёти низомӣ талоши лозим накард". Вале омбудсмени Тоҷикистон он замон ин таҳқиқотро якҷониба номида буд.

"Тозиёна ба ҷойи сабзӣ"

Алим Шерзамонов, раҳбари собиқи созмони Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон дар Бадахшон мегӯяд, ки ин ҳаводис равобити бе ин ҳам пуртаниши марказро бо минтақа бештар вайрон кард. "Дар назари аввал чунин метобад, ки дар натиҷаи ҳаводиси соли 2012 кадом як "статус-кво" миёни ҳукумат ва мардум ҳосил шуд, вале агар ба мавзуъ аз ҷониби дигар бингарем, пас шаҳр ба як иншооти низомишудаи дорои 5 блокпост барои 30 ҳазор аҳолӣ табдил гардид. Ин амр наметавонад боиси эҷоди таниш нашавад" - мегӯяд ин сиёсатмадори мухолифи ҳукумат.

Ба назари вай, дар ҳашт соли ахир ҳукумат ба ҷойи эътимодсозӣ ва аз миён бурдани решаҳои иҷтимоиву иқтисодии низоъ, дунболи нишон додани неру шуд, ки ба таъмин субот дар минтақа наовард.

XS
SM
MD
LG