Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, дар робита ва сарнавишти гумонбарон дар ноҳияи Рӯшон, ки боиси эътирози сокинон гашта буд, "тадбирҳои қонунӣ" роҳандозӣ шуд. Вокуниши намояндагони аҳолии маҳаллӣ, ки пештар ба боздошти чанде аз сокинони ин ноҳия зид буданд, дастрас нашудааст.
Қазия ба даъвои сокинони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) баъд аз боздошти чанд сокини ин ноҳия бо гумони қочоқи маводи мухаддир дар моҳи май шуруъ шуд. Сокинони Рӯшон чанд маротиба дар назди идораҳои қудратии ноҳия ҷамъ омада, талаб карданд мақомот афроди боздошшударо раҳо кунанд. Вале худи онҳо гуфтаанд, барои он ҷамъ меомаданд, ки аз боздошти афроди бегуноҳ ва ноболиғ пешгирӣ кунанд.
Рӯзи 29-уми июн ВКД дар сомонааш хабар дод, ки ду сокини 43-солаи деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон – Шароф Қобилов ва Фирдавс Гадомамадов бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир мавриди тафтиш қарор гирифтаанд.
Қобилов дар нақзи чор моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла - "муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор", "қочоқи маводи нашъадор", "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" ва "ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон" гумонбар дониста мешавад. Мақомот Фирдавс Гадомамадовро бошад ба қочоқу муомилаи ғайриқонунӣ бо нашъа муттаҳам мекунанд. Иттиҳомот нисбати ин ду нафар солҳои тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунад.
Дар ҳоле, ки мавқеи худи гумонбаршудаҳо ба иттиҳомот ва посухи онҳо ба саволҳои тафтишот маълум нест, мақомот мегӯянд, ки парвандаи ин ду гумонбарро "барои моҳиятан баррасӣ гардидан" ба Додгоҳи ВМКБ фиристодаанд. Маълум нест, ки мурофиаи додгоҳии ин ду нафар кай баргузор мешавад ва то куҷо онҳо бо вакили дифоъ таъминанд.
ВКД ҳамчунин аз ҳукми додгоҳии ҳашт сокини маҳаллӣ хабар додааст, ки мақомот онҳоро "ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ва бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ алоқаманд" номидаанд.
Мақомот мегӯянд, се сокини ҷамоати деҳоти Назаршо Додхудоев рӯзи 19-уми июн бо қарори Додгоҳи ноҳияи Рӯшон ба ҳабси маъмурӣ маҳкум ва панҷ нафари дигар ҷарима шуданд. Бар асоси қарори додгоҳ, Ёдгор Ғуломҳайдарови 44, Ҳабиб Мавлододови 33 ва Илчибек Бахтибекови 55-сола чанд рӯз ҳабс мешаванд. Мӯҳлати ҳабси ин нафарон бар асоси қонун аз 5 то 15 шабонарӯзро пешбинӣ мекунад, аммо ВКД нагуфтааст, ки онҳо дақиқан чанд рӯзро паси панҷара мегузаронанд.
Дар изҳороти ВКД гуфта мешавад, ки ин афрод ба хотири эҷоди монеа дар кори маъмурон, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва майдаавбошӣ ҷазо гирифтанд. Вокуниши ҳашт сокини Рӯшон феълан дастрас нест ва маълум нест, ки онҳо дар мурофиа то куҷо айби эълоншударо қабул кардаанд. Пештар бархе аз сокинони ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ин ашхос бегуноҳанд. Онҳо изҳори нигаронӣ мекардад, ки боздошта шудагон мамукин аст, таҳти шиканҷа қарор гиранд, иттиҳомоти набударо бипазиранд ва ба муддатҳои тулонӣ зиндонӣ шаванд.
Ҳамчунин, бо иттиҳоми "майдаавбошӣ" Ғарибшо Ғарибшоеви 36, Дарзу Бодурови 33, Азамат Хушназаров ва Муҳаббат Мазабшоеви 29, Аъзамҷон Фародбекови 43-сола "ҳар кадом ба маблағи 406 сомонӣ ҷарима карда шуданд". ВКД мегӯяд, маҳкумшудаҳо "ба амалҳои ғайриқонунии худ иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд". Феълан дастрасӣ ба иттилои бештар ва мустақил дар ин замина имкон надорад.
Ин ҳукмҳои додгоҳӣ як моҳ баъди ихтилофи пурсарусадои сокинони ноҳияи Рӯшон бо мақомоти интизомии маҳаллӣ нашр мешавад. Баъди эътирозу даъвоҳои чандрӯза раиси ВМБК Ёдгор Файзов рӯзи 1-уми июн ваъда дод, ки ин қазияро ба дӯши худ мегирад.
Рӯёрӯӣ ё ихтилофи миёни сокинони деҳаи Барушони ноҳияи Рӯшон ва кормандони амниятӣ баъди таърихи 22-уми май иттифоқ уфтод. Бузургтарин ҷамъомади сокинон ба гуфтаи онҳо дар рӯзи 25-уми май баргузор шуд. Ҳарчанд қазия се рӯз қабл аз он аз боздошти сокини 44-солаи деҳаи Барушон Шароф Қобилов сар шудааст.
Хабаргузории "Ховар" иттилоъ дода буд, ки "ҳангоми амалиёти боздошт Ш.Қобилов бо корд ҳуҷум карда, сардори шӯъбаи ноҳиявии КДАМ Чуянов Самариддинро захмӣ кардааст." Ба нақл аз мақомоти расмӣ Қобилов раҳбари гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир унвон шудааст.
Баъд аз ҳабси Шароф Қобилов, ба гуфтаи як шоҳиди воқеа, кормандони амниятӣ барои дастгир кардани афроди дигаре омаданд, ки гуфта мешавад, ба ин амалиёти онҳо халал расондаанд. Ҳангоми боздошти ин гумонбарон Ёдгор Ғуломҳайдаров нагузоштааст, ки маъмурони амниятӣ ду наврасро бо худ баранд. Бо дахолати ӯ наврасон боздошт нашудаанд, вале рӯзи дигар "дар пеши “Пули сафед”-и ноҳияи Рӯшон, вақти баргаштан аз тарафи Хоруғ мошини Ёдгор Ғуломҳайдаровро пулис манъ ва ӯву ҳамсафаронашро ҳабс кард. Ҳамин хабар сабаби гирдиҳамоии сокинон мегардад, ки ҷамъ шуда, ҳангоми интиқоли ин боздоштшудаҳо аз раёсати КДАМ-и ноҳия ба қисми марзбонӣ, онҳоро аз дасти кормандони амният раҳо мекунанд."
Дар сӯҳбатҳои бидуни микрофон бархе норозиҳо аз дастгиршавии гурӯҳи сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ки аз поймолшавии ҳуқуқи наздиконашон нигарон ҳастанд ва дар ин қазия намояндагони мақомоти ҳифзи қонун ҳам беайб нестанд.
Ноҳияи Рӯшон дар 67-километрии шимоли шаҳри Хоруғ ва 500-километрии шарқи Душанбе ҷойгир аст. Дар ин ноҳияи кӯҳистонӣ бо 25 ҳазор аҳолӣ аксар сокинон бе кору даромад ҳастанд ва аз ҳисоби деҳқонӣ рӯз мегузаронанд. Мақомот ҳам мегӯянд, Шароф Қобилов ва Фирдавс Гадомамадов, ки дар пешорӯи ҳукмҳои тӯлонии зиндон қарор доранд, бекор ва бе шуғл буданд. Ҳам онҳо ва ҳам аҳолии маҳаллӣ аз мавҷудияти қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба воситаи ин ноҳия изҳори нигаронӣ мекунанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!