Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли афзояндаи табодули маҳбуcон байни Русия ва Ғарб


Эван Гершкович, рӯзноманигори "The Wall Street Journal". Додгоҳи Русия, моҳи июни соли 2024
Эван Гершкович, рӯзноманигори "The Wall Street Journal". Додгоҳи Русия, моҳи июни соли 2024

Ногаҳон аз зиндонҳои Русия ба як ҷо интиқол дода шудани эҳтимол 9 фаъоли маданӣ ва як шаҳрванди Амрико ва ҳамчунин аз феҳристи маҳбасҳои Амрико нопадид шудани номи чанд шаҳрванди Русия овозаҳоеро қувват додаанд, ки Маскав, ИМА ва як қатор мамлакатҳои Аврупо табодули маҳбусонро баргузор карданиянд.

Ягон мансабдори давлати Амрико ё Русия дар ин бора чизе нагуфтаанд. Чанде аз расонаҳои Амрико ва Бритониё рӯзи якуми август хабар доданд, ки табодули баъзе аз зиндониён миёни Русия, Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигар сар шудааст. Эҳтимол меравад, ин калонтарин табодули маҳбусон дар давраи пас аз Ҷанги Сард бошад.

Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремлин, дар посух ба суоли хабарнигорон рӯзи 1-уми август гуфт, "ман то ҳол дар ин мавзӯъ ҳарфе надорам".

Вакилони дифои чанд нафари бонуфузе, ки дар маҳбасҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд, гуфтаанд, ки макони будубоши зерҳимояи онҳо номаълум шудааст. Ин вазъе аст, ки аксар вақт ҳангоми интиқоли маҳбусон ба амал меояд.

Дар байни чунин маҳбусон фаъолони мухолиф Владимир Кара-Мурза, Иля Яшин ва дигарон ҳастанд.

Дар миёни хабарнигорони расонаҳои ғарбӣ ин тахминҳо мечарханд, ки мумкин рӯзноманигори “The Wall Street Journal” Эван Гершкович ва корманди Радиои Озодӣ Алсу Қурмашева дар байни ин афрод бошанд.

Стефан Капус
Стефан Капус

Президент ва мудири кулли Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Стефан Капус гуфт, “умед дорем, ки ҳамаи маҳбусони сиёсӣ, ки беасос дар зиндонанд, махсусан рӯзноманигороне монанди Алсу ва Эван бояд назди азизонашон баргарданд. Бо зикри кормандони дигари радио, ки дар Беларус ва Қрим зиндониянд, Капус гуфт, онҳо ҳаргиз фаромӯш нашудаанд ва тамоми кор карда мешавад, то ба озодӣ расанд.”

XS
SM
MD
LG