Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 9 моҳ 160 корхона дар Хатлон аз кор мондааст


Бинои ҳукумати вилояти Хатлон.
Бинои ҳукумати вилояти Хатлон.

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Хатлон 160 корхонаи хурду бузурги саноатӣ бо сабабҳои мухталиф аз фаъолият мондаанд. Паёмади бӯрҳони иқтисодӣ, камбуди харидор ва норасоии ашёи хом барои коркард, аз сабабҳои аслии аз кор мондани корхонаҳои саноатӣ дар Хатлон гуфта мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ дар вилояти Хатлон 557 корхонаи саноатӣ сабти ном шудааст, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 161-тои онҳо умуман кор накарда ва 146 -тои дигар тавлиди маҳсулотро кам кардаанд. Шавкат Маҳмадалиев, мудири бахши саноати ҳукумати вилояти Хатлон рӯзи панҷшанбеи 20 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо вуҷуди фаъолият накардани 161 корхонаи саноатӣ, 250 корхонаи дигар ҳаҷми тавлидотро барзиёд -- ба маблағи 318 милион сомонӣ, иҷро кардаанд.

Корхонаи маводи кимиёвӣ дар Ёвон. Акс аз бойгонӣ.
Корхонаи маводи кимиёвӣ дар Ёвон. Акс аз бойгонӣ.

Аммо ҷаноби Маҳмадлиев афзуд: “Корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ, корхонаҳои азими солҳои пеш, боз корхонаҳои бофандагӣ натавонистаанд кор кунад. Масалан, қимати як килограм помидор то 8 сомонӣ мерасад, корхонаи шарбатбарорӣ наметавонад харидорӣ ва коркард кунад. Чун маҳсулот аз хоҷагии қишлоқ нест, корхонаҳое ҳастанд, ки ба ҳамин хотир наметавонанд кор кунанд.”

Ба гуфтаи масъулон, фаъолият накардани корхонаҳо омили коҳишёбии ҳаҷми маҳсулот шуда ва дар миёни онҳо корхонаҳои азими саноатӣ низ мебошад. Ин корхонаҳо дар навоҳии Кӯлоб, Ёвон, Ҳамадонӣ, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ, Шаҳритус ва Қубодиён будаанд, ки бо фаъолият қатъи фаъолияти онҳо, даҳҳо нафарро низ бе ҷои кор монданд.

Тибқи иттилои расмӣ, аксари корхонаҳое, ки аз фаъолият мондаанд, дар остонаи ҷашну идҳои расмӣ ва зимни маросимҳои тантанавӣ ва ҳузури мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ шуда буданд. Аз ҷумла корхонаи “Консервбарорӣ” дар шаҳри Қурғонтеппа, “Тоҷикхимпром” дар ноҳияи Ёвон ва корхонаи хиштбарорӣ дар ноҳияи Қубодиён бо ширкати раиси ҷумҳур мавриди истифода дода шудаанд, аммо бо гузашти муддати кутоҳ, аз фаъолият монданд.

"Тоҷиказот" дар шаҳри Сарбанд. Акс аз бойгонӣ.
"Тоҷиказот" дар шаҳри Сарбанд. Акс аз бойгонӣ.

Аммо корхонаи саноатии коркарди пӯсту пашм бо номи “Саид истеҳсол” дар ноҳияи Қубодиён соли гузашта бо ширкати Давлатшоҳ Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон расман ифтитоҳ шуда, вале бо гузашти як моҳ аз кор монд.

Зоҳир Исмоилов, роҳбари ин корхона дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бӯҳрони иқтисодӣ сабаб шуд, ки коркарди пашму пӯсти маҳаллиро ба бозор бароварда натавонанд: “Заводи пашм ҳоло кор намекунад. Раиси вилоят ин корхонаро кушода буд, маҳсулот дорем, вале чун бӯҳрони иқтисодӣ буд, харидорон наёфтем, ба ин хотир натавонистем кор кунем. Дар инҷо 35 нафар кор мекард, вале ҳоло бекор мондаанд.”

Аз сӯи дигар, тибқи иттилои расмӣ дар вилояти Хатлон 27 корхонаи коркарди обмева ва шарбати сабзавот мавҷуд аст, вале назар ба соли гузашта маҳсулоти камтар истеҳсол кардаанд. Зеро иқтидори солонаи онҳо 20 милион қуттиро ташкил медиҳад, вале дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6500 қутӣ ё зарф камтар тавлид шудааст. Ҳол он, ки имсол дар қаламрави вилоят меваю сабзавот ба маротиб бештар ҷаъмоварӣ шудааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, мақомот дар маҳаллҳо ба хотири ба намоиш гузоштани пешрафту дастовардҳо дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳур ба минтақа ва ҳамчунин нахуствазиру вазирон корхонаҳои хурду бузурги саноатиро ба истифода медиҳанд, вале баъди чанде ин корхонаҳо ба далоили мухталиф аз фаъолият мемонанд, ки ҳам ба иқтисоди маҳал зиён ворид мешавад ва ҳам афроди бекор меафзояд.

XS
SM
MD
LG