Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

400 млн $ ваъдаи сармоя барои эҳёи Шӯроб


Як ширкати малайзиягӣ тарҳи таҷдиди корхонаи ангишти шаҳраки "Шӯроб" рӯи даст гирифтааст ва қарор аст барои амалӣ шудани он, 400 миллион доллар сармоягузорӣ намояд.

Дар шимоли Тоҷикистон тарҳи бузурге барои ноҳияи Исфара бо сармояи хориҷӣ рӯи даст гирифта шудаст. Ин тарҳ бо 400 миллион доллар сармояи ширкате аз Малайзия таҷдиди корхонаи ангишти шаҳраки Шӯроб дар Исфара ва бунёди як нерӯгоҳи ҳароратии барқро дар ин шаҳрак пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи мақомоти ноҳияи Исфара, татбиқи ин тарҳ моҳи майи соли ҷорӣ шурӯъ мегардад ва дар навбати аввал аз сӯи мутахассисони ширкати олмонии “Вихнер” ду санади асоснокгардонии иқтисодию техникӣ (ТЭО) - и таҷдиди корхонаи “Ангишт”-и шаҳраки Шӯроб ва бунёди нерӯгоҳи ҳароратии барқ дар ин маҳал, таҳия хоҳад шуд.

Бифотима Давлатова, котиби ҷамоати шаҳраки Шӯроб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ин манзур мутахассисони олмонӣ моҳи май ба Шӯроб меоянд ва тӯли як сол санадҳои мазкурро омода хоҳанд кард. Сипас таҷдиди корхонаи “Ангишт” ва бунёди нерӯгоҳи ҳароратӣ оғоз мегардад.

Парлумони Тоҷикистон ахиран шартномаи консессуалӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати малайзиягии “HOS International Trading SDN BHD”- ро ба тасвиб расонд, ки дар чорчӯби он, бо 400 миллион доллар сармояи мустақими ин ширкат лоиҳакашиву бозсозии корхонаи "Ангишт"дар шаҳраки Шӯроби Исфара, бунёд ва мавриди баҳрабардории тиҷоратӣ қарор додани нерӯгоҳи ҳароратӣ дар ин шаҳрак ва таҷдиди зерсохтори зарурӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ, пешбинӣ шудааст. Бар пояи маълумоти расмӣ, иқтидори нерӯгоҳи мазкур тавлиди 300 мегаватт нерӯи барқ ва тақрибан баробари нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум хоҳад буд.

Кумитаи давлатии сармоягузории сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни муаррифии ин тарҳ дар парлумон гуфтааст, ангишти истихроҷӣ дар навбати аввал барои нерӯгоҳи ҳароратии Шӯроб истифода хоҳад шуд ва барқи тавлидшуда тавассути идораи “Барқи Тоҷик” фурӯхта хоҳад шуд. Вале содироти барқ ба хориҷи кишварро дар сурати зарурат, созишномаи нави байни ширкатҳои малайзиягӣ ва “Барқи тоҷик” танзим хоҳад шуд. Кони “Ангишт”-и Шӯроби Исфара бо захираи ҳудуди 145 миллион тонна, аз бузургтарин захираҳои ангишт дар шимоли Тоҷикистон аст, ки баҳрабардорӣ аз он ҳанӯз охири солҳои 30-юми асри гузашт шурӯъ шудааст.

Сипас дар атрофи корхонаи ин кон шаҳраке ҳам бо номи Шӯроб ва бо 10 -12 ҳазор аҳолии гуногунмиллат пайдо шуд ва ҳудуди 1 ҳазор коргарон аз Шӯроб ва маҳалҳои дигари Исфара дар кони ангишт кор мекарданд. Биноба маълумоти Кумитаи сармоягузорӣ, замони бо иқтидори пурра фаъол будани кони ангишти Шӯроб дар солҳои 60-70-уми асри гузашта, аз ин конхолона то 1 млн тонна ангишт истихроҷ мешуд. Сипас соли 1990 то ҳудуди 450 ҳазор тонна ва соли 2002 то 6 ҳазон тонна истихроҷи ангишт поин рафт. Ҳамчунин, бо заъфи фаъолияти ин ягона корхонаи калони ин шаҳрак, шумораи аҳллии шаҳраки Шӯроб низ то 3.5 ҳазор коҳиш ёфтааст.

Вале ба гуфтаи масъулони шаҳраки Шӯроб, солҳои охир иқтидори бештари ин кон ба кор дароварда шуда, айни ҳол дар он ҳудуди 500 нафар кор мекунанд. Дар соли 2015 ҳудуди 35 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст. Гуфта мешавад, таҷдиди кони ангишти Шӯроб 1 ҳазор ҷойҳои кории нав фароҳам хоҳад кард.

Бифотима Давлатова, котиби ҷамоати шаҳраки Шӯроб мегӯяд, сокинони ин маҳал умед доранд иҷрои тарҳҳои бузург ин шаҳракро дубора эҳё ва сокинонашро бештар хоҳад кард. Ба гуфтаи вай, ҳоло шаҳраки Шӯроб ду мактаб, як кӯдакистон, як хонаи бачагон ва мактабҳои варзишу мусиқӣ дорад, ки ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

Вай афзуд: “Вале талаботи асосии сокинон ба оби нӯшокӣ ва полезӣ аст. Пеш ба Шӯроб тавассути қубур аз саргаҳи рӯди Исфара, аз 35 километр ва каме аз ҳудуди Қирғизистон гузашта меомад. Вале дар айни мавсими обёрӣ қирғизҳо оби моро мегиранд. Барои ҳамин, мушкили об ҳал шаваду ҷойҳои корӣ фароҳам шавад, шаҳрак обод мешавад.”

Кони ангишти Шӯроби Исфара мисли конҳои маъдани Адрасмон, Консой, Чорухдаррон, Истиқлол (Табошар) ва Зарнисор (Олтинтопган) аз конҳои ба истилоҳ шаҳрсоз дар шимоли Тоҷикистон аст, ки тавассути баҳрабардории конҳо корхонаҳову шаҳракҳо дар атрофи онҳо ба вуҷуд омада буд. Вале баъди пошхӯрии шӯравӣ ва аз кор мондани корхонаҳои саноатӣ, ин шаҳракҳо рӯ ба харобӣ ниҳоданд ва қисмате аҳолии онҳо умдатан русзабон, ҷои кору зисти худро тарк гуфтанд.

Вале ҳукумати Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ, умдатан Чин корхонаҳои маъдани шаҳракҳои Консойу Олтинтопган ва Истиқлолро аз харобӣ нигаҳ дошт ва ҳоло тавассути 400 миллион сармояи мутақими Малайзия навбати эҳёи шаҳракиШӯроби Исфара пешбинӣ шудаст.

XS
SM
MD
LG