Панҷ узви як хонаводаи тоҷик дар яке аз рӯдхонаҳои вилояти Тулаи Русия ғарқ шуданд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дод ва гуфт, ки фоҷиа рӯзи ҷумъаи 24-уми июн дар канори шаҳраки Беличевскии ноҳияи Богородитскои вилояти Тула рӯх додааст.
Ӯ афзуд, дар ин ҳодиса зану шавҳар Бахт Маҳмадбеков ва Гавҳар Шоева, фарзандони онҳо Сабринаи 15-сола ва Хуршеди 11-сола, ҳамчунин яке аз наздикони онҳо Ҷамшедшо Назришоеви 15-сола дар дарёчаи канори шаҳраки Беличевский ғарқ шудаанд. Қурбониёни ҳодиса зодагони деҳаи Ҷовидони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будаанд ва шаҳрвандии Русияро доштаанд.
Ба иттилои намояндагии вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, аҳли хонавода баъд аз ҷамъоварии замбуруғ бармегаштанд ва мошини онҳо дар ҷангал дармондааст. Баъд берун кардани мошин аз лой онҳо барои шустушӯ ба наздиктарин рӯдхона рафтанд.
Ҳангоми оббозӣ аввал Хуршед ва Ҷамшедшо зери об рафтанд. Волидайн ва Сабрина ба кӯмаки онҳо шитофтанд, вале онҳо низ ғарқ шуданд.
Дар соҳил фақат як кӯдаки дигар монд, ки мардуми канори рӯдхонаро ба ёрӣ даъват кард. Аммо барои наҷоти ғарқшудаҳо аллакай дер шуда буд. Наҷотбахшоне, ки ба зудӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд, ҷасадҳои беҷонро аз об берун карданд.
Гуфта мешавад, дар он ҷое, ки зодагони Тоҷикистон ғарқ шудаанд, оббозӣ кардан мамнӯъ будааст.
Кумитаи тафтишоти Русия ба тафтиши ин фоҷиа шурӯъ кард.
Иброҳим Аҳмадов гуфт, ки айни ҳол бахши консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон талош доранд, ки ҷанозаҳои қурбониёни фоҷиаро рӯзи 26 июн ба зодгоҳашон фиристанд.
Ба гуфтаи Иброҳим Аҳмадов, мутаассифона, ин аввалин ҳодисаи бар асари беэҳтиётӣ дар рӯдхонаҳои Русия ғарқ шудани ҳамватанҳои мо нест. Аммо онҳо ҳамеша ҳушдори мақомот барои дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ накарданро нодида мегиранд.