Камбуди шадиди доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон тақрибан як сол боз идома дорад. Пешбинии коршиносон дар мавриди дар оянда дастрас шудани ин асъори хориҷӣ хушҳолкунанда нест. Дар ҳоли ҳозир касе ҳам гуфта наметавонад, касоне, ки ба доллар ниёз доранд, бояд чӣ кор кунанд. Доллари амрикоиро натанҳо тоҷирони бузург, ки ба воридоту содирот машғуланд, балки шаҳрвандони оддӣ низ меҷӯянд.
Як роҳи интихоб аст, ки интизор шуд, то муҳоҷирон бо ирсоли бештари пул вазъро ислоҳ кунанд. Ё ки ниҳодҳои давлатӣ қонуни воқеии бозорро эътироф намоянд
“200 доллар ба як кас”
Дар бонкҳои Тоҷикистон барои як нафар беш аз 200 доллар намедиҳанд. Бархе аз саррофон низомномаи нави Бонки Миллиро далел пеш меоранд ва баъзеи дигар – норасоии асъори хориҷӣ дар бонкҳоро. Дар ин сурат, онҳое, ки барои мисол ба таҳсили фарзандони худ дар хориҷа ба беш аз 200 доллар ниёз доранд, бояд чӣ кор кунанд?
Бархе аз коршиносон то чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ камбуди долларро мавсимӣ унвон мекарданд. Онҳо ба ин бовар буданд, ки коҳиши доллар пас аз давраи зимистон муваққатист ва баъди моҳи апрел бо интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия бештар хоҳад шуд. Ҳатто чанд рӯз пеш пули миллии сомонӣ дар баробари доллар як зина боло рафт. Аммо камбуди доллар аз байн нарафт. Бештар аз ин, дар баъзе ҷойҳо нишонаҳои таҳлукаву ташвиш мушоҳида мешавад.
Бонкҳо ҳарисона асъори хориҷии шаҳрвандонро мехаранд, аммо ба фурӯши доллар ба сокинон чандон шитоб надоранд. Талоши аз банкоматҳо гирифтани асъори хориҷӣ бенатиҷа аст. Банкоматҳо бо баҳонаи он ки пул надоранд, чизе намедиҳанд.
“Камбуди доллар ба “риск” мебарад”
Чанд сол пеш дар Тоҷикистон иттилоъ дар бораи боздошти афроде, ки бо доллар додугирифт мекарданд, зиёд пахш мешуд. Яке ҳангоми фурӯхтани хонааш боздошт шуд, дигаре ҳангоми тиҷорати мошинааш ба даст афтод. Ин афрод ба пардохти ҷаримаҳои калон муваззаф шуда, бархе ҳатто мавриди таъқиби ҷиноӣ қарор гирифтанд. Ба ин тартиб, Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, ки тамоми додугирифт дар дохили кишвар бо пули миллии сомонӣ бояд анҷом гирад.
Аммо вақте соҳибкорон доллар намеёбанд ва сомонӣ дар додугирифти хориҷии онҳо ба дард намехӯрад, омода ҳастанд, ки ба “риск”-и бузург раванд. Баъзе аз нуқтаҳои фурӯши телефонҳои мобилӣ дар шаҳри Душанбе рӯшод барои муштариёни худ пешниҳод мекунанд, ки харҷашонро бо доллар пардохт кунанд.
Як мушоҳидаи мо дар Фурӯушгоҳи марказии пойтахт ва чанд нуқтаи дигари фурӯши моделҳои нави Samsung ва iPhone нишон дод, ки тоҷирон нархро бо доллар мегӯянд. Қимати ин телефонҳо бо пули миллии сомонӣ каме гаронтар аст. Барои мисол, IPhone X бо қимати тақрибан $1000 фурӯхта мешавад, ки бар асоси қурби таъйинкардаи Бонки Миллӣ бояд ба тақрибан 8950 сомонӣ баробар бошад. Аммо бо пули милллӣ тоҷирон арзиши онро 9500-10000 сомонӣ мегӯянд.
Дар посух ба ин суол, ки чаро чунин фарқ вуҷуд дорад, тоҷирон гуфтанд, долларро бо қимати бештар аз қурби таъйинкардаи Бонки Миллӣ мехаранд: “Агар бихоҳед, ки пули бештар надиҳед, бо доллар пардохт кунед”, - гуфтанд онҳо.
Дигаре гуфт: “Хафа нашавед, ба мо доллар зарур аст. Бе доллар бо воридкунандаи мол додугирифт карда наметавонем. Агар доллар доред, биоред, ба Шумо нархро арзонтар мекунем”, - гуфт яке аз тоҷирони Фурӯшгоҳи марказӣ. Дар ҷавоб ба суоли инки аз эҳтимоли ба даст афтодан наметарсед, гуфт, “бе ин ҳам тиҷорати мо мемирад, аз чӣ бояд ҳаросем”.
Маҳмуд: “Дар навбати 46-ум ҳастам”
Соати дуи рӯз. Назди намояндагии яке аз бонкҳои тиҷоратии кишвар дар рӯбарӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон серодам аст. Инҷо ҳамеша чунин аст. Мардум мисли даврони Шӯравии собиқ дар дастҳояшон рақами навбати худро навиштаанд. Танҳо фарқ дар он аст, ки он замон мардум дар навбати ҳасибу гӯшти мурғ меистоданд, ҳоло – барои доллар.
Барои Маҳмуд, сокини ноҳияи атрофи Душанбе, бародараш аз шаҳри Новосибирски Русия пул фиристодааст. “Ӯ дар Шимол кор мекунад ва ҳар моҳ барои оилаи калони мо 350 доллар мефиристад”, - гуфт бо ифтихор ва табассум Маҳмуд.
Ӯ афзуд, “ин нуқтаи бонк шабонарӯзӣ кор мекунад. Ба инҷо ба хотири он омадам, ки 300 доллар медиҳанд. Дар ҳоле ки бонкҳои дигар на беш аз 200 доллар медиҳанд. Дар ноҳия зиндагӣ мекунам. То замони расидан ба Душанбе баъзе бонкҳо хадамоти додани пулро қатъ мекунанд. Дар инҷо ҳатто шабона пул медиҳанд ва бибинед чи қадар одам дар навбат аст. Дирӯз аз инҷо сесад доллар гирифтам ва ҳоло омадам, то панҷоҳ доллари боқимондаро гирифта, ба хона баргардам. Умед дорам, то бегоҳ навбатам мерасад. Ман дар навбати 46-ум ҳастам.”
Ҳамсуҳбати мо гуфт, бо тартиби ҳозира гирифтани пул аз бонкҳо хеле мушкил шудааст. Бонкҳо аз муштариён ИНН (рақами ягонаи андозсупоранда) мепурсанд. Инчунин, маълумот дар бораи онки пул аз куҷо меояд, чанд вақт боз ба номи ин нафар пул мефиристанд ва чаро мехоҳад, ки асъори хориҷӣ бигирад.
Ҳаққи фиристодани даҳ ҳазор доллар
Бино ба тартиби нави Бонки Миллии Тоҷикистон, ҳамаи шаҳрвандони кишвар ва меҳмонҳои хориҷӣ ҳақ доранд, 87 ҳазору 500 сомонӣ ваё 10 ҳазор доллар ба хориҷа пул фиристанд, ё аз хориҷа пул гиранд. Ин тартиби Бонки Миллӣ иҷоза додааст, ки ҳар нафар дар рӯз аз хориҷа беш аз дусад доллар пул бигирад ё бифиристад, аммо феълан ин қоида риоя намешавад.
“Сабзак”-ҳо куҷо шуданд?
Камбуди доллар дар Тоҷикистон метавонад, сабабҳои мухталиф дошта бошад. Яке аз омилҳояш коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия пас аз таҳрими иқтисодии Ғарб алайҳи Маскав аст. Агар дар соли 2013 муҳоҷирон аз Русия тақрибан чаҳор миллиард доллар фиристода буданд, соли гузашта ин рақам тақрибан дуним миллард долларро ташкил додааст.
Рашид Алиев, корманди собиқи яке аз бонкҳои Тоҷикистон, маҳдудияти ҷорикардаи Бонки Миллии Тоҷикистонро барои интиқоли пул аз дохил ба хориҷ “кори дуруст” номид. Ӯ гуфт, “бонкҳо маҷбур ҳастанд, ба ин кор бираванд, то гардиши озоди асъор дар дохили кишварро таъмин кунанд. Муҳоҷирон вақтҳои охир интиқоли пул аз Русияро кам кардаанд. Мушкили аслӣ суратҳисобҳои холии бонкҳои ватанӣ дар хориҷа аст. Барои онки табодул сурат гирад, бояд суратҳисоби бонкҳои мо дар Аврупо ваё Осиё бояд бо маблағи муайян таъмин бошад. Аз сабаби норасоии асъор ин ҳисобҳо кор намекунанд. Ҳоло ҳамаи асъор дар дасти мардум аст ва онҳо ба рӯзи оянда бовар надоранд ва долларҳояшонро дар даст нигоҳ медоранд.”
Ин омор хеле боз “дод” мезанад, ки дар иқтисоди кишвар буҳрони воқеӣ мушоҳида мешавад.
Барои гирифтани шарҳи расмӣ дар ин бора ба мутахассисони Бонки Миллии Тоҷикистон ҳам муроҷиат кардем. Онҳо аз посухгӯӣ худдорӣ карданд.
Аммо ба назари як корманди собиқи Бонки Миллӣ, камбуди доллар танҳо яке аз нишонаҳои “бемории” системаи молиявии кишвар аст.
Ӯ гуфт, “метавон омилҳои мухталифро баршумурд, ки дар кӯтоҳмуддат метавонанд ба камбуди асъори хориҷӣ дар кишвар сабаб шаванд. Аз ҷумла, коҳиши пули муҳоҷирон, ифтитоҳи марз бо Узбекистон ва додугирифти нобарораи мол бо ин кишвар, коҳиши сароягузории давлатӣ аз тарафи Чин, мавсими Ҳаҷ ва коҳиши эътимоди сокинон ба бонкҳо. Аммо бояд ба пешбинии ду-се сол қабли коршиносони пажӯҳишгоҳҳои байналмилалии молиявӣ таваҷҷуҳ кард. Инчунин, бояд ба вазъи бахши мухобирот ва омори муфлисшавӣ ва бекорӣ нигарист. Ин омор хеле боз “дод” мезанад, ки дар иқтисоди кишвар буҳрони воқеӣ мушоҳида мешавад.”
“Як гузина ин аст, ки муҳоҷирон бо ирсоли бештари пул вазъро ислоҳ кунанд. Ё инки ниҳодҳои давлатӣ қонуни воқеии бозорро эътироф намоянд”, - хулоса кард ҳамсуҳбати мо.