Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Билайн" аз "ҷаримаи нодуруст"-и Кумитаи андоз шикоят кард


Ширкати мухобиротии "Билайн" бо Кумитаи андози Тоҷикистон вориди баҳси нави додгоҳӣ шудааст. Ин ширкат даъво дорад, ки Кумитаи андоз онҳоро "нодуруст ҷарима баст".

Дар гузашта даҳ дарсади саҳмияҳои ин ширкат ба Ҳасан Асадуллозода, раҳбари "Ориёнбонк" тааллуқ дошт.

Кумитаи андози Тоҷикистон дар пайи як санҷиши соли гузашта андозҳои пардохтношудаи "Билайн"-ро кашф карда, ширкатро ба супурдани 51 миллион сомонӣ (наздики 6 миллион доллар) қарзу ҷарима муввазаф намудааст. "Билайн" дар навбати худ аз Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе хостааст, то қарори Кумитаи андозро бекор кунад.

Баҳси нави додгоҳӣ дар ҳолест, ки соли 2016 Кумитаи андози Тоҷикистон ҳамин ширкатро бо иттиҳоми напардохтани молиёт дар ҳаҷми 151,3 миллион сомонӣ ҷарима кард ва баҳс ба фоидаи давлат ҳал шуд. Ин қарор, ба гуфтаи ширкати мухобиротӣ, оғози таназзули ширкат гардид. Дар як изҳороташ "Билайн" гуфт, соли 2016 дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 73 миллион доллар андоз супурда, танҳо 68 миллион доллар фоида дидааст.

Қазия дар баррасии Додгоҳи олии иқтисодӣ аст

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон

Зебониссо Абдуллозода, раиси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, рӯзи 10-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шикояти "Билайн" ду моҳ пеш дастраси онҳо шуд, вале бинобар шикояти кассатсионӣ он ба Додгоҳи олии иқтисодӣ фиристода шуд. ​"Ин парванда дар Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баррасӣ мешуд, вале пас аз шикояти кассатсионӣ он ба Додгоҳи олии иқтисодӣ равон шуд. Ҳоло баррасӣ шуд ё не, дубора ба мо пас наомадааст", - гуфт Абдуллозода.

Дар Додгоҳи олии иқтисодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз шикояти "Билайн" баррасӣ нашудааст.

Масъулони ширкати "Билайн" ҳам дар як суҳбати телефонӣ вуҷуди даъво бо Кумитаи андозро тасдиқ карданд. Як масъули ин ширкат бидуни зикри номаш рӯзи 10-уми май гуфт, масъулини ширкат умедвор ҳастанд, ки додгоҳ "ҳақро ба ҳақдор мерасонад".

"Билайн" соҳиби нав пайдо кард

Ширкати "Билайн" то моҳи гузашта ба ҳолдинги мухобиротии "VEON" тааллуқ дошт, ки аксари саҳмдоронаш сарватмандони рус ҳастанд. "VEON" рӯзи 6-уми апрели имсол эълон кард, ки як узви ин гурӯҳаш - Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Tacom LLC", ки дар Тоҷикистон зери бренди "Билайн" фаъолияти мекунад, ба фурӯш гузошта шуд.

Манбаи Радиои Озодӣ дар ширкати "Билайн" гуфт, воқеан ҳам ширкат фурӯхта шудааст, вале ҳоло ҳуҷҷатгузории хариду фурӯш ба анҷом нарасидааст. Ин ҳамсӯҳбати мо аз шарҳи бештари мавзӯъ, аз ҷумла ошкор кардани исми молики нави "Билайн" худдорӣ кард. Дар иттилоияи матбуотии рӯзи 5-уми апрел гуфта мешавад, ки молики нави бренди "Билайн" ширкате бо исми ZЕT Mobile мешавад ва ба мақоми раҳбари кулли ширкат - мутахассиси зодаи Хорватия Марио Светкович таъин шудааст. Ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад. Дар гузашта даҳ дарсади саҳмияҳои ин ширкат ба Ҳасан Асадуллозода, раҳбари "Ориёнбонк" тааллуқ дошт.

Ҷаримаи се ширкат дар соли 2016

Ҳасан Асадуллозода
Ҳасан Асадуллозода

Дар як мусоҳибааш бо нашрияи "Коммерсант" соли 2017 раҳбари собиқи ҳолдинги "Veon" дар минтақаи АвруОсиё Михаил Герчук аз даъвоҳо атрофи пардохти молиёт дар Тоҷикистон интиқод карда буд. Вай дар сӯҳбаташ гуфт, "Билайн" бо талаби мақомоти тоҷик розӣ набуд ва талош дошт аз роҳи додгоҳ ин масъалаҳоро ҳал кунад.

Мақомоти андоз дар Тоҷикистон дар соли 2016 дар маҷмӯъ се ширкати мухобиротиро ба пардохти андозҳои ҳангуфт муваззаф карданд. Дар баробари талаби пардохти 151,3 миллион сомонӣ аз "Билайн", ширкати "Мегафон" ба пардохти 155 миллион сомонӣ ва "Тселл" ба 155 миллион сомонӣ ҷарима вазифадор шуданд. Дар баҳсҳои қаблии додгоҳӣ ин ширкатҳо баҳсро ба Кумитаи андоз бохта буданд. Ин ҳодиса мавриди интиқоди сафирони Иттиҳодияи Аврупову Русия ҳам шуда буд, ки гуфтанд, андози баланд ба фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таъсир мегузорад.

Замоне бахши сердаромад, ҳоло...

Коршиносон мегӯянд, бахши мухобирот - замоне сердаромад ва андозсупорандаи аввали буҷети давлатӣ ба ҳолати таназзул оварда шуд. Солҳои қабл ширкатҳои мобилӣ ба буҷети давлат солона то 1 миллиард сомонӣ андоз месупориданд. Вале пас аз тағйироти зиёд дар шеваву маҳсулоти арзакунандаи ширкатҳои мухобиротӣ, даромади онҳо кам шуд.

Масъули як ширкати мобилӣ моҳи апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳдудиятҳои зиёд ва талошҳо барои зери даст гирифтани бозори алоқа, ин соҳаро аз рушд боздошт. Вай гуфт, дахолати мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Хадамоти алоқа, аз қабили маҳдуд кардани фурӯши симкортҳо, бастани NGN ва ғайра боис шуд, ки ширкатҳо қисми даромадашонро аз даст диҳанд. Илова ба ин, болоравии андоз, ҷорӣ кардани аксиз, ҷаримаҳои ҳадафмандона ҳам боис шуданд, ки ширкатҳои мобилӣ аз андозсупорандаи беҳтарин ба калонтарин қарздорҳо табдил ёбанд.

XS
SM
MD
LG