Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доллар дар Тоҷикистон дубора камчин шуд. ВИДЕО


Дар бозори арзи хориҷии Тоҷикистон доллари амрикоӣ дубора камчин шудааст. Ҳадди ақал дар панҷ бонк ва ташкилоти қарзӣ рӯзи 16-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки фурӯши долларро дар сатҳи аз 100 то 200 доллар барои як шахс маҳдуд кардаанд.

Ду рӯз шуд дар шаҳри Душанбе бонке намонд, ки сар нахалонам. Яке 100 доллар медиҳад, дувумӣ мегӯяд, надорем. Наход барои ҳамагӣ 2 ҳазор доллар кас ҳамин қадар саргардон шавад?

Хазинадори яке аз идораҳои ташкилоти қарзии “Имон интернешнл” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки маъмурият рӯзе ба онҳо то 2 ҳазор доллар медиҳад ва бинобар бисёр будани харидорони доллар ин миқдор пул то нисфирӯзӣ тамом мешавад.

Дар бонки “Эсхата” рӯзи 16-уми ноябр гуфтанд, ки барои як нафар онҳо аз 200 доллар бештар намефурӯшанд. Он ҳам бар ивази пешниҳоди шиноснома ва ё шаҳодатномаи соҳибкорӣ.

Бонки Миллии Тоҷикистон ба дархости Радиои Озодӣ дар робита ба сабаби камчинии доллар бар бозори арз то замони нашри ин матлаб шарҳе надод. Сокиноне, ки ба доллар эҳтиёҷ пайдо кардаанд ва ё соҳибкорон, ки барои ворид кардани мол аз хориҷа ба асъори нақди хориҷӣ ниёз доранд, мегӯянд, дар ин шабу рӯз доллар харидан аз бонкҳо амри маҳол аст.

Доллар камчин шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00

Абдусаттор Қурбонов, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ду рӯз боз барои харидории 2 ҳазор доллар дари бонкҳоро мекӯбад, аммо то ҳанӯз ба ин муваффақ нашудааст. Ӯ афзуд, “писарам дар хориҷа таҳсил мекунад ва барои харҷи ӯ бояд 2 ҳазор доллар фиристам. Ду рӯз шуд дар шаҳри Душанбе бонке намонд, ки сар нахалонам. Яке 100 доллар медиҳад, дувумӣ мегӯяд, надорем. Наход барои ҳамагӣ 2 ҳазор доллар кас ҳамин қадар саргардон шавад?”

Ба мисли Сатторов даҳҳо шаҳрванди дигарро низ имрӯзҳо дар бонкҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки бо нияти харидории доллар вориди идораи бонк мешаванд, аммо доллар харида наметавонанд.

Зимнан, аксар ҳамсуҳбатони мо аз шумори соҳибкорон мегӯянд, пас аз талотум дар бозори арз дар соли 2016 ва ҷаҳиши қурби доллар ва камчин шудани он як сол инҷониб бозори арз нисбатан муътадил буд. Чанде аз соҳибкороне, ки бо мо ҳамсуҳбат шуданд, гуфтанд, ду ҳафтаи қабл бонкҳо дар сурати пешниҳод кардани шаҳодатномаи соҳибкорӣ ба як нафар то 500 доллар мефурӯхтанд.

Тоҷирон мегӯянд, тайи ду ҳафтаи ахир дар хариди доллар ба мушкили дучор шудаанд, чун аксар бонкҳо ба онҳо доллар намефурӯшанд ва ин боиси дубора ба вуҷуд омадани “бозори сиёҳ”-и асъор шудааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, қимати доллар дар “бозори сиёҳ” ба 9 сомониву 20-50 дирам расидааст.

Шуҳрат Нурмуродов, иқтисодон ва корманди як ташкилоти қарзӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, камчинии доллар айни замон то андозае хислати мавсимӣ дорад. Ӯ гуфт, “бо наздик шудани соли нав моликони дӯкону мағозаҳо ва соҳибкорон воридоти молро аз хориҷа бештар мекунанд, чунки шумораи харидорон зиёд мешавад. Баъдан, баъзе ширкату корхонаҳо дар анҷоми сол ба кормандонашон маоши иловагӣ медиҳанд. Ҳамаи ин дар маҷмуъ талабот ба долларро зиёд мекунад, ки боис ба камчинии он мегардад”.

Айни замон дар бонкҳои Тоҷикистон 100 доллари амрикоӣ ба қимати 881 сомонӣ харидорӣ ва бар ивази 882-883 сомонӣ фурӯхта мешавад. Тибқи қурби муқарраркардаи Бонки Миллӣ айни замон як доллар 8 сомониву 81 дирам арзиш дорад.

Рӯзи гузашта порлумони Тоҷикистон қонуни буҷети кишварро барои соли 2018 қабул кард. Дар буҷети соли оянда як доллар амрикоӣ баробари 9 сомонӣ ҳисоб шудааст.

XS
SM
MD
LG