Бар асоси як дастури Кумитаи андози Тоҷикистон, мизони молиёт аз иҷораи манзили хусусӣ барои шахсони инфиродӣ дар Душанбе тағйир ёфта ҳадди аққали он бо назардошти ҳаҷм ё метрҳои мураббаи манзил ситонида мешавад.
Тибқи дастури кумита, арзиши ҳар метри мураббаи манзили ба иҷора пешниҳодшуда на камтар аз 30 сомонӣ муқаррар мешавад ва баъди ҳисоби андозаи умумии манзил 13 дарсади маблағи он ҳар моҳ ба унвони андоз аз фоидаи иҷора ситонида мешавад. То моҳи апрел ҳаҷми молиёти иҷораи хона дар Тоҷикистон вобаста ба даромад 13 дар сади иҷорапулиро ташкил медод.
Соҳибмулк маҷбур мешавад арзиши иҷораро боло барад, ки ин боз ба иҷоранишинҳо мушкил мешавад
Мақомоти андоз иҷрои дастурро, ки моҳи апрел содир шудааст, қотеона назорат мекунанд. Бархе коршиносон мегӯянд, шеваи нави пардохти андоз аз иҷораи манзил бештар барои он соҳибмулконе нохушоянд мешавад, ки дар канораҳои Душанбе манзили худро ба иҷора месупоранд ва мизони даромадашон аз иҷора дар муқоиса бо манотиқи марказии Душанбе баланд нест. Дастур ҳоло фақат ба шаҳри Душанбе рабт мегирад, ки ҳазорон нафар иҷорадеҳу иҷоранишин дорад.
"Пештар андоз 78 сомонӣ буд, акнун 175 сомонӣ шуд"
Шаҳноз, сокини пойтахт, яке аз онҳост ва чанд сол аст, ки хонаи дуҳуҷраии худро ба иҷора медиҳад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бар тибқи ин дастури нави раиси Кумитаи андоз, арзиши умумии хонаи ӯ, ки 45 метри мураббаъро ташкил медиҳад, 1350 сомонӣ мешавад. Аз ин миқдор 13 дар сад молиёти моҳонааш 175,5 сомониро ташкил медиҳад, ки соле ба 2106 сомонӣ баробар мешавад.
Ин маблағ бояд ҳамчун андози фоида аз иҷораи манзил ба давлат супурда шавад. Шаҳноз мегӯяд, вақте арзиши иҷораи манзил моҳе аз 600 сомонӣ бештар нест, 175,5 сомонӣ андози он аз иҷора барояш гарон аст. Дар гузашта Шаҳноз ҳамагӣ 78 сомонӣ молиёт месупурд ва ҳоло ба иҷора додани манзил барои ӯ дигар фоида надорад.
Ӯ мегӯяд, хонаи хоксорона ва бетаъмирашро, ки барои оянда барои писараш харидааст, ба донишҷӯён иҷора медод. Пули иҷораро барои таҳсили бачаҳояш харҷ мекунад ва 13 дарсад молиётро ҳам мепардохт. Баъди боло рафтани молиёти иҷораи хона, донишҷӯён ҳам рафтанд, чун пуле, ки Шаҳноз мехост, пардохта натавонистанд.
“Барои он ки ман пули андозро бо ин дастури нав пардохт кунам, маҷбурам нархи иҷораро аз 1000 сомонӣ боло барам. Лекин дар ин хонаи ман иҷоранишин ба ин маблағ намешинад”, - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.
Мисли Шаҳноз садҳо сокини дигари Душанбе хонаҳои худро ба иҷора медиҳанд ва иҷорапулӣ як манбаи даромадӣ иловагиашон ба ҳисоб меравад.
Шодӣ, сокини дигари Душанбе, ки чаҳор фарзанд дорад, манзили дуҳуҷрадори худро бо тамоми шароит ба маблағи 1000 сомонӣ иҷора додааст. Шодӣ мегӯяд, дар сурати пардохти чунин молиёт, ҳеҷ даромаде намебинад, агар иҷоранишинро аз манзилаш берун кунад, пул барои таъмини чаҳор фарзандаш намерасад.
Аксари иҷоранишинҳо дар Душанбе донишҷӯ, шаҳрвандони хориҷӣ ва ё ҷавононе мебошанд, ки баъди таҳсил дар пойтахт мемонанд ва корро дар ҳамин ҷо идома медиҳанд. Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, боло рафтани молиёти иҷораи хона на фақат соҳибмулк, балки иҷоранишинро нороҳат мекунад.
"Макони зист бояд табақабандӣ мешуд"
Як риэлтер ё мутахассиси тиҷорату иҷораи манзил дар Душанбе гуфт, Кумитаи андоз бо дастури наваш мехоҳад пеш аз ҳама бахши оидот ё воридоти андози давлатро беҳбуд бахшад ва илова ба ин, аз коррупсия дар амри пинҳон кардани андоз ҷилавгирӣ кунад. Агар муваффақ шуд, дар фарҳанги андозсупории шаҳрвандон ҳам пешрафте ҳосил мешавад. Вале мушкили ин дастур дар он аст, ки арзиши манзилро дар Душанбе баробар арзёбӣ кардааст, дар ҳоле, ки қонуни бозор арзиши манзилҳои воқеъ дар марказро болотар назар ба канораҳои пойтахт таъйин мекунад.
Ин андешаро иқтисодшиноси дигар Олимҷон Раҳимов ҳам ба Радиои Озодӣ баён кард ва гуфт, дар дастури кумитаи андоз молиёти иҷора бояд табақабандӣ мешуд.
“Ҳоло ҳастанд, нафароне, ки манзилҳои 60 то 70 метри мураббаи худро то 1000 доллари амрикоӣ иҷора медиҳанд. Хуб, агар аз ин миқдор иҷорапулӣ 30 сомонӣ ба ҳар метри мураббаъ андоз гирифта шавад, бад нест, аммо аз ҳамин ҳаҷми манзил ки 1000 сомонӣ иҷора дода шудааст, ин хеле гарон аст. Соҳибмулк маҷбур мешавад арзиши иҷораро боло барад, ки ин боз ба иҷоранишинҳо мушкил мешавад”.
Ба гуфтаи ӯ, тағйири молиёти иҷораи хона, бешак соҳибмулконро ба пинҳонкорӣ мебарад, ки бе ҳеҷ шартномае ба касе хонаи худро месупоранд ва комилан аз пардохти молиёт саркашӣ мекунанд. Дар Душанбе барои иҷораи як манзили дуҳуҷраӣ вобаста ба маҳалли он аз 100 то 800 доллар талаб мекунанд.
Мақомоти Кумитаи андози Тоҷикистон сабаби тағйир додани молиёт аз иҷораи хона ва дигар иншоотро танзими пардохти андоз аз иҷораи манзил ва дигар иншоотҳои тиҷоратӣ унвон мекунанд.
Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари онҳо бенатиҷа анҷом ёфт. Зимнан, аз рӯи ҳисобу китоби нави мақомоти андоз, арзиши ҳар метри хонаи иҷора барои фаъолиятҳои коррии дигар дар ҳудуди 50 сомонӣ ва барои тиҷорату савдо 65 сомонӣ муқаррар шудааст.