Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси ДНК марги Мулло Мансурро тасдиқ кард


Маҳалли ҳалокати раҳбари Толибон
Маҳалли ҳалокати раҳбари Толибон

Вазорати дохилаи Покистон эълон кард, ки ташхиси ДНК аз ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шудани раҳбари ҷунбиши Толибон Мулло Ахтар Мансурро тасдиқ кард. Ин вазорат рӯзи 29 май дар баёнияаш гуфт, ташхиси ДНК-и яке аз афроди кушташуда бар асарии он ҳамла бо ДНК-и яке аз хешовандони Мулло Мансур мувофиқ омадааст. Муло Мансур рӯзи 21 май, вақте ҳамроҳ бо ронандаи маҳаллиаш Муҳаммад Аъзам савори мошин мерафт, дар рустое дар наздикии шаҳри Кветта дар ҷанубуғарби Покистон ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин қарор гирифт. Бадани Мулло Мансур бар асари ин ҳамла қариб пурра сӯхт. Кушта шудани раҳбари Толибонро раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва мақомоти Афғонистон тасдиқ карданд, вале Исломобод гуфта буд, ки ҳалокати Мулло Мансурро танҳо баъди ташхиси ДНК метавонад таъйид кунад. Баъди кушта шудани раҳбараш ҷунбиши Толибони Афғонистон, ки аз соли 2001 алайҳи ҳукумати кунунии Кобул ва нирӯҳои эътилоф муборизаи мусаллаҳона мебарад, Мулло Ҳайбатулло Охундзодаро раҳбари нави худ эълон карданд. Аммо раҳбарии Охундзодаро баъзе гурӯҳҳои Толибон қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG