Даҳҳо зан аз додгоҳҳои Тоҷикистон хостаанд, ки ақди никоҳашонро расман бекор кунанд. Ин занон мегӯянд, солҳо пеш аз шавҳарони худ талоқи мусалмонӣ гирифта, бо онҳо зиндагӣ надоранд. Мақомот мегӯянд, дар ним соли ахир беш аз 2 ҳазор хонавода дар Тоҷикистон аз ҳам пошидаанд, ки дар камтар аз 1000 ҳолат занон барои бекор кардани ақди никоҳи расмӣ ба пойи додгоҳ рафтаанд.
Дар ҷомиаи ба сурати умум муҳофизакори Тоҷикистон тасмими аз ҳам ҷудо шудани оилаҳо кори соддаву осоне нест.
Ҷамолбӣ пас аз се соли талоқ никоҳашро бекор мекунад
Ҷамолбӣ Шоиқова, сокини 32-солаи ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ) барои аз никоҳи расмӣ ҷудо шудан аз шавҳараш ба додгоҳ ариза додааст. Эгамбердӣ Камолов, шавҳари ин зан, ӯро се соли пеш талоқи мусалмонӣ дод ва ба зиндагии муштарак хотима бахшид.
- Домодҳои тоҷик на "аҳднома" мехоҳанд, на тақсими молу мулкро
- Аввал имзо, баъд - арӯс! Аҳдномаи никоҳ ҳатмӣ мешавад
- Арӯсони ноболиғ. Зиндагии Ширинро кӣ талх кард?
Ҳосили издивоҷи ин ҷуфт як писари чорсола ҳаст. Ҷамолбӣ мегӯяд, ҳамроҳи шавҳараш дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд ва моҳи октябри соли 2014 пас аз як муноқиша ӯро «се талоқ» дод ва ба Тоҷикистон фиристод.
Дар ин муддат шавҳари ӯ бо дигар зан дар Русия издивоҷ карда ва соҳиби фарзанд шуд, вале Ҷамолбӣ давоми се сол расман ҳамсари ӯ ҳисоб меёфт. Барои бекор кардани хатти никоҳи давлатӣ вақте Ҷамолбӣ тасмим гирифт, ки мехост аз бонк қарз бигирад. Дар бонк ба ӯ гуфтанд, ки ризояти шавҳараш низ зарур аст, чун дар шиноснома муҳри никоҳи расмӣ дорад.
Ӯ ҳоло мехоҳад, ҳам муҳри расмии никоҳ дар шиносномааш бекор шавад ва ҳам бо муроҷиат ба додгоҳ барои писараш алимент ситонад. “Ба ягон ҷо ҳуҷҷатро медиҳӣ, мегӯянд, ки шавҳарат ҳам бояд розигӣ диҳад. Ӯ чанд бор ба Тоҷикистон омад. Як-ду дафъа ба бачааш кумак кард, лекин бо ҳамин гум шуд. Ҳафтаи гузашта аз адвокат маслиҳат пурсидам. Ҳам барои алимент ва ҳам барои аз ЗАГС ҷудо шудан ариза навиштам. Худаш ҳам ҳозир дар ҳамин Тоҷикистон аст”, - афзуд ӯ.
Фирори мардҳо ва муроҷиати занон ба додгоҳ
Ҷамолбӣ ба барқарор шудани зиндагиаш умед надорад, аз ин рӯ, аз додгоҳ хостааст, бе додани мӯҳлат барои оштишавӣ никоҳи ӯро бекор кунанд. Маъмулан, додгоҳҳо дар Тоҷикистон ҳангоми муроҷиати ҷуфтҳо барои расман бекор кардани ақди никоҳ аз се то шаш моҳ мӯҳлат барои оштишавӣ медиҳанд.
Марҳабо Олимӣ, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, 2 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, муроҷиати занҳо барои гирифтани алимент ва ҷудо шудан аз никоҳи расмӣ бештар шудааст. Ӯ гуфт, “мо дар тамоми шаҳру навоҳӣ утоқҳои машваратӣ ташкил кардем ва занҳое, ки мушкил доранд, муроҷиат мекунанд. Талош мекунем, ҳуқуқи онҳоро бифаҳмонем ва барояшон кумак расонем. Албатта, ҳадафи аввали Кумита тарғиби оилаҳои солим аст. Мо кӯшиш мекунем, ки хонаводаҳоро бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ дар замони мушкил оштӣ бидиҳем.”
Дар дини ислом танҳо мард ҳуқуқи талоқ додан, яъне пароканда кардани хонаводаро дорад. Бар асоси қонунҳои дунявӣ марду зан барои бекор кардани никоҳи расмӣ ҳаққи баробар доранд.
Якум аз даводав ва коғазбозӣ хушашон намеояд. Дуюм метарсанд, ки алимент диҳанд ва молу мулкашон тақсим шавад. Бисёр вақт фиреб карда мегарданд, то чанд сол гузарад ва аз додани алименту тақсими молу мулк эмин монанд.
Чаро мардҳо бо талоқ қаноат мекунанд?
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, занҳо барои бекор кардани никоҳи расмӣ бо вуҷуди талоқ гирифтан дер муроҷиат мекунанд, чун ба барқарории хонаводаҳои худ бовар доранд. Лутфулло Абдуҷабборзода, адвокати тоҷик, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар шаш моҳи ахир ба 12 зане, ки барвақт аз шавҳаронашон талоқ гирифта буданд, барои ситондани алимент ва бекор кардани никоҳи расмӣ ёрии ҳуқуқӣ расондааст.
“Занҳо нисбат ба мардон дар бекор кардани никоҳ саросема нестанд. Хулоса баровардам, ки мард талоқро медиҳад ва меравад, вале зан то ҳадди ниҳоӣ тоқат мекунад ва танҳо пас аз кандани умедаш ба додгоҳ муроҷиат мекунад. Дар таҷрибаи кории ман, вақте алимент даркор мешавад, занҳо ба суд мераванд. Мардҳо дигар талоқро медиҳанду мераванд”, - гуфт ӯ.
Ин ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, мардҳое, ки танҳо бо талоқ додан мехоҳанд, аз ҳамсаршон ҷудо шаванд, далелҳои худро доранд. Ӯ гуфт, “якум аз даводав ва коғазбозӣ хушашон намеояд. Дуюм метарсанд, ки алимент диҳанд ва молу мулкашон тақсим шавад. Бисёр вақт фиреб карда мегарданд, то чанд сол гузарад ва аз додани алименту тақсими молу мулк эмин монанд. Ҳарчанд, бисёре аз онҳо оилаи нав бунёд мекунанд ва дигар намехоҳанд, бо ҳамсаронашон зиндагӣ кунанд.”
Соли гузашта дар Тоҷикистон наздики 9 ҳазор ҷуфт тариқи додгоҳ аз ҳам ҷудо шуданд. Бо вуҷуди эълон шудани "Соли оила" ва тарғиби оилаи солим омори талоқ коҳиш наёфт. Аксари занҳое, ки барои бекор кардани никоҳи расмӣ ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, мисли Ҷамолбӣ солҳо пеш аз шавҳари худ талоқи мусалмонӣ гирифта, зиндагии муштарак надоранд.