Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Писари ношунавоямро ба артиш бурданд". ВИДЕО


Ду навхидмати артиш, ки ба гуфтаи волидонашон беморанд, барои ташхиси тиббӣ ба госпитали низомӣ оварда шудаанд
Ду навхидмати артиш, ки ба гуфтаи волидонашон беморанд, барои ташхиси тиббӣ ба госпитали низомӣ оварда шудаанд

Хонаводаи ду ҷавони тоҷик шикоят карданд, ки бо вуҷуди маризии фарзандонашон онҳоро маҷбуран ба хизмати артиш ҷалб карданд. Мақомот мегӯянд, ки ин ду ҷавони бемор бояд нахуст аз ташхиси вижаи пизишкӣ бигзаранд.

Субҳи 24 ноябр баъд аз пахши хабари иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артиши Тоҷикистон аз ҷониби мақомот, волидайни ду ҷавони тоҷик

Мо мушаххас кардем, ки ин ду ҷавонро ба маркази даъвати ҳарбӣ мақомоти ҷамоатҳо овардаанд. Вазорати дифоъ

хабар доданд, ки комиссарҳои низомӣ фарзандони бемори онҳоро маҷбурӣ барои хизмати ҳарбӣ фиристанд.

Вақте ба маҳалли бемористони маркази низомии шаҳри Душанбе расидем, модари Фахриддин Ҳамдуллоеви 21-сола, сокини шаҳри Ҳисор, гуфт, ки чанд рӯз қабл мақомот писари аз кӯдакӣ беморашро аз кӯча боздошт карда, ба ин бемористон овардаанд ва акнун бо таҳдид мехоҳанд ӯро ба хизмати ҳарбӣ фиристанд. Иқболой Норқулова, модари ин ҷавон бо эҳсосот ва гирякунон гуфт:

"Писарам аз кӯдакӣ гирифтори бемории рӯҳӣ ва энурез ё сармозадагии пешобдон аст ва дар ҳолати хоб наметавонад пешобашро нигаҳ дорад. Қаблан пизишкҳо ташхис карда, ба хулосае омаданд, ки писарам барои хизмати ҳарбӣ корношоям аст".

"Писари ношунавоямро ба артиш бурданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Модари Ҳамдуллоев мегӯяд, ки масъулони комиссари ҳарбӣ худи ӯро ҳам сарзаниш карданд, ки монеи хизмати ҳарбии писараш мешавад.

Дар назди бемористони низомӣ волидайни Некрӯз Бобокалонов, сокини дигари ноҳияи Ҳисор низ қарор доштанд, ки ин ҷавонро низ ба артиш пазируфтаанд. Ба гуфтаи хешовандон, Некрӯз аз кӯдакӣ ношунаво аст ва ба ҳеҷ шарт наметавонад хидмати низомӣ кунад. Хешовандони Некрӯз Бобокалонов нахостанд дар ин бора сӯҳбат кунанд, танҳо гуфтанд, ки мехоҳанд ба Додситонии кулл шикоят кунанд.

Қазияро санҷидем: иштибоҳ аз раҳбарони ҷамоятҳо буд

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки ҷалби ҷавонони мариз ба хизмати сарбозӣ иштибоҳ ва нақзи қонун аст. Аз ҷумла, Ҷаҳонгир Назаров, як ҳуқуқшиноси низомӣ аз шаҳри Ҳисор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки даъвати иҷбории ин ду ҷавон ба сафи артиш хилоф бо қонун мебошад. Ҷаноби Назаров гуфт:

"Ин ду ҷавон санади тасдиқкунанда доранд, ки наметавонанд дар сафи артиш хидмат кунанд. Аммо мақомот ин ҳуҷҷатҳоро нодида гирифта, ҳоло мехоҳанд онҳоро иҷборӣ ба хизмати ҳарбӣ фиристанд. Ин кор ғайриқонунӣ мебошад. Нафароне, ки ба ин кор иқдом карданд, бояд тибқи талаботи қонун ҷавоб диҳанд".

Санади маризии Ҳамдуллоев
Санади маризии Ҳамдуллоев

Вазорати мудофеаи Тоҷикистон, ки масъули ҷалби сарбозон ба артиш аст, баъди таҳқиқи ин ҳодисаву шикоятҳо мушаххас кард, ки воқеан ҳам дар ҷалби ҷавонҳои мариз ба хизмат иштибоҳ роҳ ёфтааст. Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ки низомиён ба даъвати маҷбурии ин ду ҷавон даст надоранд. Вай афзуд:

"Мо мушаххас кардем, ки ин ду ҷавонро ба маркази даъвати ҳарбӣ мақомоти ҷамоатҳо овардаанд. Сипас, мутахассисон ошкор карданд, ки санади корношоямии онҳо соли 2012 таҳия шудааст ва ба далели собит кардани бемориашон дар бемористони низомӣ ташхис мешаванд. Агар бемориашон собит шавад, онҳо аз хизмати ҳарбӣ озод мешаванд".

Ҷаноби Маҳмадализода дар посух ба ин савол, ки оё дар даъвати тирамоҳии низомии имсола аз ҳолатҳои ҷалби иҷборӣ ба онҳо шикоятҳо расидаанд ё не, гуфт, ки чанд шикояте буд, вале таҳқиқи онҳо собит кард, ки ин ҳолатҳо бо айби мақомоти интизомӣ ва маҳаллӣ рух додаст. Нафарони айбдор дар вуқӯи ин ҳодисаҳо ҷазо гирифтаанд. Фаридун Маҳмадализода афзуд, ки аз замони даъвати баҳорӣ ҳолатҳои даъвати маҷбурӣ ё ба истилоҳ “облава” камтар мушоҳида мешавад.

Зимнан, қабл аз оғози даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва маъсули анҷоми ин даъват дар сатҳи кишвар аз ҳамаи мақомот дархост карда буд, ки дар эъзоми ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ аз ҳолатҳои ба истилоҳ “облава” парҳез кунанд.

Ҷалби иҷборӣ камтар шудааст, вале ҳамоно ҷой дорад

Аммо Дилрабо Самадова, масъули созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” 24 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба далели комилан анҷом наёфтани даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш ҳоло наметавонад омори дақиқи нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар ин заминаро эълон кунад. Хонум Самадова афзуд:

"Аммо дар даъвати тирамоҳии даъвати ҷавонон ба артиш ҳодисаҳое буданд, ки ҷавонони беморро маҷбурӣ мехостанд озими артиш кунанд. Аз рӯи ҳар як ҳолат мо ба мақомот муроҷиат мекардем. Ҳамчунин ба мо хабарҳое расид, ки ҳолатҳои аз кӯчаҳо боздошт кардани ҷавонон ва ба хизмати ҳарбӣ фиристодани онҳо рух додаанд. Бояд эътироф кунам, ки аз замони даъвати баҳории имсол ҷалби иҷбори даъвати ҷавонон ба сафи артиш камтар мушоҳида мешавад".

Нақшаи даъват ба артиш пурра анҷом шуд

Ин дар ҳолест, ки субҳи 24 ноябр Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дар бораи иҷрои пурраи нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Вай гуфт, пеш аз ҳама ин нақша дар шаҳри Душанбе ва баъдан дар вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва аз ҳама охир дар ноҳияҳои тобеи марказ иҷро шуд.

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмат дар сафи артиши Тоҷикистон тибқи фармони раиси ҷумҳури кишвар аз 1 октябр шуруъ шуда, то охири моҳи ноябр идома мекунад. Дар Тоҷикистон даъват ба хидмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои манобеи расмииТоҷикистон, теъдоди афроди синни даъват дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафар аз ин теъдод аз хидмати артиш озод ҳастанд.

Бо сабаби вуҷуди мушкилоти мисли маҳалгароӣ ва муносибатҳои ғайрионномавӣ, ҷавонҳое ҳастанд, ки аз хизмат дар артиш сарпечӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG