Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев ба Русия "пайвастан"-и Қримро "ғайриқонунӣ" номид(ВИДЕО)


Парлумони Қрим
Парлумони Қрим

Сарвазири муваққати Украина дархости парлумони Қрим барои пайвастани ин вилоят ба Русияро маҳкум кард ва амале "ғайриқонунӣ" номид.

Арсений Ятсенюк - нахуствазири нави Украинрӯзи 6 март гуфт, ки дархости порламони вилояти Қрим дар бораи пайвастан ба Русия “ғайриқонунӣ” мебошад. Вай дар ин бора дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел сӯҳбат кард. Онҳо масъалаи ишғоли Қрим тавассути низомиёни Русияро баррасӣ мекунанд.

Ятсенюк ҳамчунин гуфт, ки Украина омода аст ҳар чӣ зудтар аҳдномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ба имзо расонад. Имзои ин аҳдномаро Виктор Янукович - раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина рад карда буд ва ин иқдоми вай боиси оғози бӯҳрони кунунӣ дар Украина гардид.

Парлумон Қримро ба Русия "ҳамроҳ" кард

Парлумони Қрим рӯзи 6 март бо иттифоқи оро аз пайвастани ин вилоят ба Федеросиюни Русия пуштибонӣ кард. Ҳамчунин эълон шуд, ки райъпурсии саросарӣ дар бораи мақоми ин вилоят на дар поёни моҳ, балки алакай рӯзи 16 март доир мешавад.

Муовини аввали сарвазири Қрим Рустам Темиргалиев гуфтааст, вакилон бо иттифоқи оро аз ин ду қарор пуштибонӣ карданд. Ба гуфтаи Темиргалиев, дар раъйпурсӣ аз мардум пурсида хоҳад шуд, ки Қрим дар ҳайати Украина бимонад ё ба Русия бипайвандад.

Парлумони Қрим аз пайвастани вилоят ба Русия ҳимоят кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00

Вазири иқтисоди Украина Павло Шеремет ин райъпурсиро "ғайриконститутсионӣ" номид. Бино ба хабарҳо, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин масъалаи Укриана, аз ҷумла дархости парлумони Қримро имрӯз, 6 март дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия баррасӣ хоҳад кард.

Мақомоти нави Украина раҳбарияти русиягарои Қримро қонунманд намешуморанд. Киев амри боздошти сарвазири рӯ ба Русияи Қрим ва раиси парлумони ин вилоятро содир кардааст.

Аммо дар худи Қрим, ба вижа дар маркази он шаҳри Симферопол роҷеъ ба тасмими парлумон чӣ фикр мекунанд? Дар мусоҳибае бо мо Владимир Притула -рӯзноманигори мустақили Украина дар шаҳри Симферополи Қрим чунин гуфт:

Притула: Барои он ки ин тасмими порламон чанд соат пеш ба тасвиб расид, ҳама дар бораи он хабар надоранд. Вале вокунишҳо шунида ва дида мешавад. Баъзе қисмат аз аҳолии Қрим ин тасмимро қабул доранд ва ҳатто хушҳолӣ мекунанд. Вале қисми дигар на. Яке аз ҳамсояҳои ман ба назди ман омад ва аз ман мепурсад, ки акнун чӣ кор бояд кунад, Қримро тарк кунад ва ё бимонад. Оилаи вай бузург аст ва онҳо бим доранд, ки вазъ муташанниҷ аст ва ҳатто имкони муноқишаи низомӣ истисно нест. Ман намедонам ба вай чӣ машварат бидиҳам.

Озодӣ: Коршиносон чӣ мегӯянд, оё тасмими порламон бидуни фишор ва мудохила мустақилона қабул шудааст?

Притула:
Рифат Чубарев-раҳбари ҷамъияти тоторҳои Қрим намояндагонеро, ки дар порламон ба ҷонибдорӣ аз ин тасмими рай доданд, беақл номид. Вай гуфт, ки худованд ақли онҳоро гирифтааст. Вай мегӯяд, ки ин тасмимро онҳо нагирифтаанд ва ин тасмим дар Қрим ҳам гирифта нашудааст. Ғайр аз ин ҳоло дар Қрим ҳукумати худхондаи ин минтақа талош дорад, ки назорат бар ҳамаи шохаҳои ҳукумати минтақа ва сохторҳоро ба контроли худ дарорад. Низомиёни Русия ҳамчунон бастани роҳҳоро барои ҳаракати ҷузу томҳои нируҳои низомии Украина идома медиҳанд. Усулан вазъ ташдид меёбад ва ман фикр мекунам, ки вазъ ба андозаи кофӣ дар ҳоли бад шудан аст”.

Таҳримҳои Амрико дар посух ба ишғоли Қрим

Амрико алайҳи шахсиятҳо ва ниҳодҳои алоҳидае, ки ба истиқлол ва якпорчагии Украина таҳдид мекунанд, таҳримот ҷорӣ кардааст. Амрико дар посух ба ишғоли Қрими Украина аз тарафи нирӯҳои Русия алайҳи шахсиятҳо ва ниҳодҳои алоҳида таҳримот ҷорӣ кардааст. Ин таҳримот аз ҷумла манъи ироаи раводиди сафар ва маҳдудиятҳо дар масъалаи моликиятро дар бар мегиранд. Амрико гуфтааст, онҳое ки таҳти таҳрим қарор гирифтанд, ба истиқлол ва якпорчагии Украина таҳдид мекунанд.

Як мақоми аршади Амрико гуфт, манъи ироаи раводиди сафар мақомҳои ҳам Русия ва ҳам Украинаро фаро мегирад. Кохи Сафед дар изҳороташ гуфт, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба фармоне ҳам имзо кардааст, ки ба ҷорӣ кардани таҳриомт алайҳи "шахсони алоҳида ё муассиссаҳои масъул дар фаъолиятҳо алайҳи равандҳои демократӣ дар Украина"-ро иҷозат медиҳад.

Ин иқдомоти нав бар иловаи таҳримоти Амриико алайҳи афроди дахил дар нақзи ҳуқуқи инсон ва таъқибҳои сиёсӣ дар Украина аст. Кохи Сафед гуфт, Амрико бо дарназардошти таҳаввули вазъ дар Украина барои иттихози чораҳои бештар низ омода ҳаст. Эълони таҳримот аз Вошингтон дар ҳоле расид, ки раҳбарони ИА низ роҳҳои посух ба ишғоли вилояти Қрими Украина аз сӯи нирӯҳои Русияро баррасӣ мекунанд.

ИА таҳримҳо алайҳи Русияро баҳс мекунад

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо (ИА) рӯзи панҷшанбе, 6 март, дар як нишасти изтирорӣ дар Брюссел масъалаи ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи Маскав барои фиристодани нирӯҳои низомиаш ба нимҷазираи Қрими Украинаро баҳс хоҳанд кард. ИА рӯзи чоршанбе қарор кард, ки ҳисобҳои бонкии 18 шаҳрванди Украинаро, ки дар тасарруфи маблағҳои давлатӣ масъул дониста мешаванд, мунҷамирд кунад. Брюссел ҳанӯз номи ин афродро эълон накардааст, вале манобеъи Озодӣ мегӯянд, дар байни онҳо раҳбари барканоршудаи Украина Виктор Янукович ва ёрони наздиктарини ӯ ҳастанд.

Нишасти изтирорӣ дар Брюссел як рӯз баъд аз пешрафти андакест, ки бино ба хабарҳо, дар музокироти Порис бо ширкати вазирони хориҷаи Украина, Русия, Бритониё ва Фаронса ба даст омадаст.

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ мулоқоташ бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавровро дар Порис “сахт” ба қалам дод ва гуфт, ки онҳо рӯзи 6 март дар Рум, пойтахти Итолиё, дубора мулоқот хоҳанд кард: “Мо тавофуқ кардем, ки мубоҳисоти шадидро бо Русия ва бо украиниҳоро рӯзҳои оянда ҳам идома диҳем, то бубинем, ки мо барои одӣ сохтани авзоъ, овардани субот ва рафъи бӯҳрон чӣ кумаке карда метаавонем. Ва ин аҳдоф аҳдофи ҳамаи мост... Ҳамаи ҷонибҳо имрӯз тавофуқ карданд, ки талоши ҳалли ин масоил аз роҳи муколама муҳим аст.”

Аммо Лавров дар Порис аз мулоқот бо ҳамтои украиниаш Андрий Дешнитса даст кашидааст. Маскав боисрор мавқеъеро гирифтааст, ки мақомоти нави Украина қонунӣ нестанд.

Музокироти Порис дар пайи танишҳои шадид бар сари вилояти аксари аҳолиаш русзабони Қрими Украина сурат мегирад. Нирӯҳои низомие, ки бовар меравад, ба Русия тааллуқ доранд, дар ин нимҷазира алайҳи пойгоҳҳои низомии Украина дар як ҳолати омодабош қарор дошта, чандин пойгоҳи украиниро иҳота ва биноҳои муҳими давлатиро тасарруф кардаанд. Вале ҳанӯз дар ин рӯёрӯиҳо ягон мавриди даргирӣ ё қурбон шудани касе аз ду тараф сабт нашудааст.

Сергей Лавров дар Порис мукарраран гуфт, нирӯҳое ки бахши аъзами Қримро зери назорати худ овардаанд, таҳти фармони Русия нестанд, балки нирӯҳои “худдифоъ”(“самоооборона”)-анд. Аммо дар Ғарб ба ин иддаои Маскав аслан бовар намекунанд.

Роберт Серрӣ дар иҳотаи издиҳом
Роберт Серрӣ дар иҳотаи издиҳом
Рӯзи 5 март фиристодаи СММ таҳти фишори мустазқими издиҳоми тарафдорони Русия маҷбур шуд, тарки Қрим кунад. Муовини дабири кулли СММ Ян Элиссон қазияи омада ба сари фиристодаи ин созмон Роберт Серрӣ дар шаҳри Симферопол, маркази вилояти Қримро чунин қисса кард: “Ӯро дар назди бинои ситоди нирӯҳои баҳрӣ издиҳоме пешвоз гирифт, ки мегуфтанд, ӯ бояд Қримро тарк кунад ва ба фурудгоҳ биравад. Ӯтарафи мошинаш рафта, дар дохили мошин банж монд. Мошин ҳаракат карда наметавониств ва аз ин рӯ, ӯ боз пойин шуда, пиёда ба меҳмонхона баргашт. Дар роҳ ба сӯи меҳмонхона ӯ дар назди як қаҳвахона истод ва ба ман занг зад.” Роберт Серрӣ баъди ин қазия ба Истамбул парвоз кардааст.

Бо ин ҳол, рӯзи 5 март таозҳургарони тарафдори Русия дар шаҳри Донетск дар шарқи Украина дигарбора бинои ҳукумати вилоятро тасарруф кардаанд.

Саманта Повер
Саманта Повер
Сафири Амрико дар СММ Саманта Повер рӯзи 5 март дар як мусоҳибаи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, Амрико умедвор аст, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин роҳҳалҳоеро, ки барои берун шудан аз ин бунбаст барояш пешниҳод шудааст, аз ҷумла миёнаравии СМММ ва нозирони байналмилалиро рад намекунад. Хонум Повер гуфт, ҷомиаи байналмилалӣ дар масъалаи бӯҳрони Қрим назари тақрибан яксон дорад: “Ончи ки шумо дар Шӯрои Амният шунидеду дар роҳравҳои СММ мешунавед, нишон медиҳад, ки ҷомиаи байналмилалӣ дар ду маврид иттифоқи назар дорад. Яке, пуштибонӣ аз тамоми арзӣ, истиқлолият ва ваҳдати Украина. Ва дувум, тақрибан бо иттифоқи оро аз Русия даъват мекунанд, ки нирӯҳояшро берун бикашад ва роҳи одӣ сохтани танишҳоро пеш бигирад.”

Вазири дифои Амрико Чак Ҳагел гуфт, Вошингтон шумори ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико дар ҳайати дидбонии ҳавоии паймони НАТО дар ҳарими ҳавоии баҳри Балтикро ду маротиба афзуда, кумакҳояш ба Лаҳистонро, ки аз паёмадҳои бӯҳрони Украина барои ин кишвари узви НАТО бонги изтироб баланд кардааст, низ бештар мекунад.

Паймони низомии НАТО ҳам рӯзи 5 март эълон кард, ки ҳамкориҳояш бо Русияро бозбинӣ карда, равобиташ бо раҳбарони нави Украинаро баракс тақвият мебахшад.
XS
SM
MD
LG