Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби душвори миёни Маскав ва Киев


Вазири тозатаъини корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, ба Маскав сафар кард ва бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ гуфтушунид хоҳад дошт.

Сафари вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва мулоқоти ӯ бо Сергей Лавров дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки Тоҷикистон то ҳол дар пайванд бо рӯйдодҳои ахири Қрим ва Украина изҳори назар накардааст. Вале Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав таъйид кард, ки дар мулоқоти худ ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаи муҳими рӯз дар арсаи байналмиллалӣ, яъне роҷеъ ба мушкили пешомада дар муносиботи миёни Русияву Украина низ сӯҳбат хоҳанд кард.

Ба суоле дар ин бора, ки оё имкон дорад, ҷониби Русия аз Тоҷикистон бихоҳад, ки аз мавзеъгирии Русия нисбат ба масъалаҳои Украина ҳимоят кунад? Ҷаноби Эгамзод чунин посух дод: “Тоҷикистону Русия шарикони стратегӣ ҳастанд, шариконе ҳастанд, ки дар бисёр масъалаҳо мавзеъгирии муштарак доранд. Аммо дар робита бо масъалаи Украина мехоҳам бигӯям, ки Тоҷикистон дар ин масъала мавзеъгирии баркашида ва ҳамаҷониба ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлати миллии худашро баён хоҳад кард”.

Кишварҳои дигари Шӯравии пешин, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон, низ дар ҳамин ҳад изҳори ақида кардаанд. Алмазбек Атамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон ҳафтае пеш гуфт, кишвараш умедвор аст, ки Украина битавонад якпорчагии сарзамини худро ҳифз кунад. Қазоқистон ҳам аз ҷонибҳо даъват намуд, ки мушкили пешомада бояд аз роҳи гуфтугӯҳо ва тавофуқоти сулҳомез рафъ гардад. Узбакистон намехоҳад, ки барои ҳалли ин мушкил нируи низомӣ вориди амал шавад.

Аммо таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ҳаводиси ахири Укараина ва иқдомоти Русия дар қиболи ин ҷумҳурии Шӯравии пешин соири ҷумҳуриҳои дигари ин маҳдуда, аз ҷумла Тоҷикистонро дар ҳоли ногувор ва бечорагӣ қарор додааст. Сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Маскав бо даъвати ҳамтои русаш низ ба бовари соҳибназарон дар қиболи талоши Маскав ҷиҳати ҷалби ҳимояти ҷумҳуриҳои собиқ аз иқдомоти Русия дар гирудорҳои атрофи Киев ва Қрим қобили арзёбист.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси умури геополитикӣ мегӯяд, дар ҳоле ки Русия аз ҷониби ҷомеъаи ҷаҳонӣ на танҳо танқид мешавад, балки таҳдид ба қарор гирифтан дар инзивои байналмилалӣ шудааст ва тақрибан дар чунин варта қарор дорад, Маскав талош мекунад ё бар ивази додани имтиёз ва ё бо истифода аз аҳрому фишангҳои дигари фишор болои ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ ҳимояти ин кишварҳоро дар масъалаи Украина ҷалб намояд. Чун ҳамаи ин кишварҳо узви комилҳуқуқи СММ мебошанд. Оқои Муллоҷонов ба ин назар аст, ки Тоҷикистон наметавонад ба сароҳат на аз мавзеъи Маскав ҳимоят намояд ва на ҳамчунин аз мавзеъи давлати Киев. Ӯ мегуяд:

«Тоҷикистон ҳатто агар аз сиёсати Маскав норозӣ ҳам бошанд, ба таври кушод мавзеъ гирифта наметавонанд. Ҳоло аксари кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор доранд. Бинобар ҳамин ба ҳар роҳ кӯшиш доранд, ки ягон изҳорот ва баёнот пахш нанамоянд».

Аммо Исмоил Раҳматов, устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон мегӯяд, бидуни ин ки Маскав ба Тоҷикистон имтиёзе қоил шавад ва ё фишор ворид намояд, мақомоти Душанбе бояд аз мавқеъи Русия дар қиболи қазияи Украина ва Қрим ҳимояти бечуну чаро кунанд. Аммо чаро?

«Бовар дорам, ки масъалаи аслии сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Маскав ҳамин қазияи Украина аст. Вақте ки ҳар сола Тоҷикистон аз Русия 4 миллиард доллар мегирад оё ин имтиёз нест? Дар ҳоле ки буҷаи солонаи Тоҷикистон 2, 5 миллиард асту мо 4 миллиард мегирем аз Русия. Ин худаш имтиёз аст. Ҳамин тавр 3 миллион узбаку 2 миллион қирғиз дар Русия кор мекунад. Ман фикр мекунам, ки дар ҳамаи сиёсатҳои Русия бо Ғарб Тоҷикистон бояд ба таври автоматик дар тарафи Русия қарор бигирад. Чунки агар қасди Ғарб амалӣ шавад ва Русия аз байн биравад, ин қадар коргар куҷо меравад. Дар Афғонистон кор ҳаст, дар Покистону Аврупову Амрико ҷой барои ин гастрабайтерҳо нест. Ҳамаи кишварҳои Шӯравии пешин бояд аз ин мавзеъи Русия пуштибнӣ кунанд».

Соҳибназарон ба ин боваранд, ки тасмими Русия барои ҳифзи доманаи нуфузи худ ва тақвияти ҳузураш дар паҳнои Шӯравии пешин қатъист ва ҳаводиси Украина ин иқдоми Маскавро шитоби бештар бахшидааст. Аз ҷумла омодагии Русия барои осон кардани тартиби соҳиби шаҳрвандии Русия шудани атбоъи Шӯравии пешин ва касоне, ки ба забони русӣ тасаллут доранд, навъе аз ин гуна талошҳои Русия медонанд. Бо додани ин имтиёз Русия мехоҳад таваҷҷӯҳ ва ҳимояти сокинони кишварҳои Шӯравии пешинро ба худ ҷалб кунад. Аммо аз сӯи дигар ба ин гуна шакл гирифтани ҳаводис ва ҳимоят аз ҷудоиталабии Қрим намудани Русия то ҷое мақомоти кишварҳои дигарро нигарони сарнавишти худ намудааст.

Нуралӣ Давлат
Нуралӣ Давлат
Нуралӣ Давлат, коршиноси умури сиёсӣ мегӯяд, ки Русия ҳадди аксари талошро барои ҷалби ҳимояти ин кишварҳо хоҳад намуд, аммо ин кишварҳо ба сурати кулл аз Маскав на ҳимоят хоҳанд намуд ва на ҳам дар муқобили он қарор хоҳанд гирифт. Ба бовари ин кошинос саранҷом Русия дар ин иқдоми худ муваффақ нахоҳад шуд. Оқои Давлат мегӯяд:

«Ҳамон чизе ки дар бисёр кишварҳо тасаввур мекарданд, ки Русия кишварест, ки мехоҳад мустаъмара дошта бошад, дар мисоли Украина рӯ зад. Русия ҳамаи талошро барои нигаҳдории нуфузи худ дар ин маҳдуда мекунад, аммо муваффақ намешавад, зеро нухбагони сиёсии кишварҳое, ки беш аз 20 сол мустақил шудаанд, дигар ба ақиб бар гаштанӣ нестанд. Ман фикр мекунам ҳатто дар миёни кишварҳои Шӯравии пешин ҳам ин иқдоми Русия ҳамовозӣ пайдо намекунад. Ва шояд таърихи Осетия ва Абхозистон боз такрор мешавад, ки ҳеҷ ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ аз Русия дар масъалаи шинохти ин ду ҷумҳурӣ пайравӣ накард. Русия дар маҷмӯъ талош мекунад, аммо муваффақ намешавад».

Аммо манобеи огоҳ мегӯянд, бо пеш омадани чунин вазъияте дар паҳнои Шӯравии пешин, аз як ҷониб мақомоти кишварҳои минтақа ва хоса Тоҷикистонро дар баробари интихоб ва тасмими душворе қарор додааст. Ва бештар аз ҳар вақти дигар дар фикри бегазанд берун рафтан аз ин марҳилаи равобити ҳассос бо шарики бузурги худ мебошанд. Аз сӯи дигар ҳам ин вазъият ба Тоҷикистон имкон медиҳад шароити худ ва хостаҳояшро баробари Русия бар ивази ҳимояташ аз сиёсатҳои он матраҳ намояд.

Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов
Бо вуҷуди ин Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус мегӯяд, мушкили Қримро раъйпурсии 16-уми март ҳал хоҳад кард. Русия метавонад ба ин райпурсӣ бархӯрди гуногун дошта бошад. Натиҷаҳои онро қабул кунад ва ё накунад. Вале масъалаи Қрим барои Русия миллиардҳо рубл тамом хоҳад шуд.

“Нигаҳдории Қрим барои Русия сармояҳои бузург мехоҳад. Барои ин шакке нест. Миллиардҳо рубли мо дар Осетияи Ҷанубӣ ба боди фано рафт ё онро дуздиданд. Ба ҳамин тартиб пули Русия, яъне пули ман, пули мардум, ки аз касе иҷоза намепурсанд, ба Қрим хоҳад рафт”.

Оқои Дубнов мегӯяд, бидуни дарназардошти он, ки Қрим ба Русия хоҳад пайваст ё хайр, сармояҳои ҳангуфти Русия барои ин минтақа сарф хоҳад шуд.

Ҳоло Русия бо ворид кардани нерӯ ба Қрим ин баҳонаро пеш меорад, ки дар ин минтақа аҳолии русзабон ё русҳо зери фишор қарор доранд ва Русия мехоҳад ба онҳо кӯмак кунад, вале дар худи Русия ҳам минтақаҳои миллии мухтор ҳастанд, ки шояд замоне равиши худи Русияро ба кор андозанд ва даъво кунанд, ки ба онҳо фишор меоранд.

Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус ин ақидаро таъйид мекунад, ки агар Русия барои иҷрои ҳадафҳои стротегии худ дар минтақае мисли Қрим аз нируи низомӣ истифода кунад, бо чунин рафтор кишварҳои дигари ҳамкори стратегиашро аз худ дур хоҳад кард.

Русия баъд аз истифодаи ниру дар Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ бо чунин мавзеъгирии кишварҳои пасошӯравӣ рӯ ба рӯ шуда буд ва то ҳол ҳеҷ як аз ин кишварҳо, ҳатто наздиктарин шарикони стротегии Русия мисли Беларус ва Қазоқистон дар робита бо Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ аз Русия ҳимоят намекунанд.
XS
SM
MD
LG