Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: "Писари Гулмурод Ҳалимов дар фурудгоҳ боздошт шуд"


Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

Як мақоми Додситонии кулл боздошти Беҳрӯз – писари ҳаждаҳсолаи Гулмурод Ҳалимов – сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон ва ҳоло узви гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро шарҳ дод. Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ рӯзи 9 май гуфт, Беҳрӯз Гулмуродов на он тавре ки наздиконаш иддао доранд дар хона, балки моҳи апрел дар фурудгоҳи пойтахт дастгир шудааст.

Ӯ баъди таҳсил дар Академияи Вазорати умури дохилӣ ва ширкат дар давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико, аз сержанти хурд то ба полковникӣ расид ва то замони фирор фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати умури дохилӣ буд.

Манбаъ афзуд, “вай дар даст билети самти Маскавро дошт. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ният дошт, ки аз Русия бо роҳҳое ба назди падараш ба Сурия равад. Аз роҳ гардонда шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.” Ҳамсуҳбати мо афзуд, мақомоти тафтишотӣ мехоҳанд рӯшан кунанд, ки Беҳрӯзи 18-сола чаро қасди ба назди падараш рафтанро кард ва бо кумаки кадом гурӯҳ мехост то онҷо биравад.

Қаблан хешовандони Гулмурод Ҳалимов, полковники фирорӣ, ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки мақомоти интизомӣ Беҳрӯз Гулмуродов, фарзанди калонии ӯро дастгир карданд. Аъзои хонаводаи фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилӣ рӯзи 17 апрел гуфта буданд, мақомоти интизомӣ Беҳрӯзро аз манзили зисташон дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб, воқеъ дар 35-километрии Душанбе, боздошт карданд ва сабаби боздоштро ҳам шарҳ надоданд.

Гулмурод Ҳалимов то замони пайвастан ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" сардори ОМОН-и Тоҷикистон буд
Гулмурод Ҳалимов то замони пайвастан ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" сардори ОМОН-и Тоҷикистон буд

Онҳо мегӯянд, ки дар ин муддат чанд бор ба дидани Беҳрӯз ба боздоштгоҳ рафтанд ва аз мақомот сабаби дастгир шуданро пурсиданд, вале посух нагирифтанд. Беҳрӯз пас аз хатми мактаби миёна таҳсилашро идома надода ва дар хона ҳамчун ёвари модараш будааст.

Як сокини деҳаи Дараи Фонӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “вай гӯё ба рафиқонаш гуфтааст, ки баъди фирори падараш таъмини хонавода беҳад мушкил шуд ва дар инҷо ҷои кори муносиб пайдо накард. Беҳрӯз гуфтааст, ки мехоҳад ба Русия равад.”

Беҳрӯз Гулмуродов фарзанди калонии хонавода буда, баъд аз хатми мактаби миёна ба таъмини оилаашон машғул мешавад. Наздикони онҳо мегӯянд, Беҳрӯз аз бозори “Корвон” мавод харида меовард ва модараш фурӯхта, зиндагиашонро пеш мебурданд.

Абдусалим Ҳалимов, падари Гулмурод Ҳалимов
Абдусалим Ҳалимов, падари Гулмурод Ҳалимов

Моҳи гузашта рӯзномаи бритониёии “Таймс” навишт, ки Гулмурод Ҳалимов дар шаҳри Мавсили Ироқ кушта шудааст, вале ин гузориш то кунун аз дигар манобеъ таъйид нашудааст. Назир Ҳалимов, бародари Гулмурод Ҳалимов моҳи апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, на ӯ ва на падари солхӯрдааш дар бораи кушта шудани Гулмурод хабар надоранд.

Назокат Муродова, ҳамсари Гулмурод Ҳалимов низ гуфт, ҳеч чиз дар бораи ҳалокати шавҳараш намедонад ва бо чаҳор фарзандаш аст, ки калониро мақомоти интизомӣ бо худ бурданд. Худи Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва як моҳ баъд аз ҳузураш дар Сурия хабар дод.

Ӯ дар як видеои тарғиботии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” гуфт, ки ба нишони эътироз аз шеваи кори Вазорати умури дохилӣ дар робита ба намозу либоси исломӣ ба ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст. Гулмурод Ҳалимов, ки дар Амрикову Русия шеваҳои маҳви террористонро омӯхтааст, дар Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад ва дар феҳрасти мавриди таъқиб дар Интерпол қарор дорад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар феҳрасти террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ, 3 миллион доллар подош таъйин карда буд.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада ва дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст. Ӯ баъди таҳсил дар Академияи Вазорати умури дохилӣ ва ширкат дар давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико, аз сержанти хурд то ба рутбаи полковник расид ва то замони фирор фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати умури дохилӣ буд.

XS
SM
MD
LG