Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ ("Шайх Маҳмадӣ"), нафаре, ки дар миёнаи солҳои 2000-ум, дар авҷи фаъолиятҳои равияи навбаромади Салафия яке аз сухангӯёни асосии онҳо дар баҳсҳои мазҳабӣ бо рӯҳониёни суннатӣ буд ва пешвои ҷонибдорони ин равия муаррифӣ мешуд, боздошт гардидааст. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ин хабарро 11 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла барои "барангехтани кинаву адовати динӣ", муттаҳам аст.
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ 43 сол дошта, зодаи ноҳияи Рӯдакист. Вай соли 2001, баъд аз чор соли таҳсил дар факултаи шариати Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломобод ба ватан баргаштааст.
Ӯ баъд аз мамнӯъ шудани равияи Салафия дар Тоҷикистон дар соли 2009-ум кампайдо буд. Моҳи январи соли гузашта хабари боздошти ӯ паҳн шуд, вале мақомоти вазорати корҳои дохилӣ онро тасдиқ накарданд. Рамазон Раҳимзода низ дар як нишасти хабарии ниҳодаш дар соли гузашта ҳарчанд боздошти бархе аз аъзои гурӯҳи мамнӯъ ва экстримистии Салафияро таъйид кард, аммо аз боздошти Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ изҳори бехабарӣ намуд.
Дар ҳоле ки яке аз наздикони Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ боздошти ӯ ва раҳоияш баъд аз ҳудуди 6-7 рӯзро дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ карда буд. Пас аз ин хабар чанд матлаби Муҳаммадӣ Раҳматулло алайҳи ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон нашр шуда, дар онҳо ҲНИТ асосан "муздури хориҷиён" дониста шуд.
Пайравони равияи Салафия тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд.
Муҳаммадӣ Раҳматулло аз аввалин нафаронест, ки зимни сӯҳбат дар расонаҳо эълон кард, ки ӯ пайрави равияи салафияи ҳаст. Дар сӯҳбатҳояш таъкид мекард, ки ин равия ба мазҳаби Абӯ Ҳанифа наздик аст ва ӯ танҳо бархе паҳлуҳои нозуки онро дар Покистон омӯхтааст.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ, ки ҳам дар Покистон ва ҳам дар Тоҷикистон бо Муҳаммадӣ Раҳматулло сӯҳбат доштааст, мегӯяд, ин шахс чандон ботинан салафӣ набуд ва ба хотири аҳдофи бештар сиёсӣ ин ақидаро дунбол мекард. Ин коршинос сабаби то ҳол боздошт нашудани Муҳаммадиро дар он мебинад, ки зоҳиран ҳукумат ӯро дар қиболи бархе рӯҳониён ва ҲНИТ истифода бурд.
Ҳодизода мегӯяд: “Аммо мубориза зидди ҳизби наҳзат ҳам як барномаи салафиҳо буд. Салафиҳо Эронро пуштибони ҲНИТ медонистанд ва чун худашонро Арабистону Қатару дигар кишварҳои арабӣ маблағгузорӣ мекард, бо ҳама нерӯҳои бо Эрон ҳамкорӣ дошта мубориза мебурданд. Эҳсос мешуд, ки салафиҳо зидди наҳзатиҳо кор мебурданд ва аз ин ҳукуматро хуш меомад. Аммо муборизаи онҳо ҳамоно муборизаи идеологии Эрону Арабистон буд, на чизи дигар. ”
Ҳоло ба гуфтаи Ҳодизода, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бештар майл ба Эрон дошт, дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд ва ҳукумати кишвар акнун дар пайи таъқиби худи салафиҳо, ки сиёсати кишварҳои арабиро пиёда мекунанд, шудааст.
Ӯ гуфт: “Пайравони ҲНИТ аз оғози ҷанги дохилӣ бештар аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешуданд ва бархе ҷонибдоронашон дар ин кишвар таҳсил мекарданд. Аммо салафиҳои тоҷик аз Донишгоҳи Файсали Покистон, ки бо маблағгузории шайхҳои салафии Арабистони Саудӣ фаъолият мекунад, пайдо шуданд. Ҷавононе, ки дар ин ҷо таҳсил карданд, аксаран, ҳарчанд, худро салафӣ намедонанд, аммо ботинан пайрави ҳамин равия ҳастанд.”
Фаъолияти озодонаи воизони Салафия андешаҳоеро ҳам ба бор оварда буд, ки гӯё мақомот аз ин равияи навбаромад бо ҳадафи коҳиш додани нуфузи афзояндаи рӯҳониёне, чун Ҳоҷӣ Мирзо ва бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва ҳам алайҳи ҲНИТ истифода мебарад.
Аммо дар моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон ба таври ғайричашмдошт фаъолияти салафиҳоро манъ кард. Баъди афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва инки аксари онҳо пайравони Салафия будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14 декабри соли 2014 ин ҷараёнро "экстремистӣ" эълон кард.
Нахустин гуруҳи салафиҳои Тоҷикистон бо шумули Эшони Сироҷиддин ва писараш - Киромуддин соли 2009 бо қарори додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе равонаи зиндон шуданд. Эшони Сироҷиддин, ки яке аз мубаллиғони ин равияи тозапайдо муаррифӣ ва барои ҳафт сол зиндонӣ шуда буд, бар асоси қонуни афв пеш аз адои муҳлати ҷазояш аз ҳабс озод шуд ва алайҳи ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ ва бастани он изҳорот дод.