Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҲДТ: "Дар порлумон соҳиби 10 курсӣ мешавем." Дигарон шубҳа доранд


Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Ҳизби мухолифе, ки дар ибтидои дастёбӣ ба истиқлол, амалан барномаҳои мухолифатро таъйин мекард, вале баъдтар нуфузи худро аз даст дод, бо шӯру шавқ ба интихоботи порлумонии соли 2020 омода мешавад.

Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳоло дар порлумон намоянда дорад, ба интихоботи соли оянда омодагӣ мегирад. Дар назар аст, 15-уми декабри имсол анҷумани ҳизб барпо шавад. Дар интихоботи пеширӯ Ҳизби демократ мехоҳад, 13 номзадро бар асоси рӯйхати ҳизбӣ ва 19 нафарро аз ҳавзаҳои интихоботӣ пешбарӣ намояд.

Синни номзадҳои пешниҳодшаванда, ба гуфтаи роҳбари ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода, аз 30 то 75-сола хоҳад буд. "Барнома дорем, пешниҳод мекунем, агар ҷойи бештар бигирем, онҳоро амалӣ мекунем. Сохтори идораи давлат аз нигоҳи мо бояд тағйир ёбад," -- гуфт ӯ.

Таърихи мухолифатомези гузашта

Ҳизби демкорати Тоҷикистон соли 1991 таъсис дода шуд. Раиси нахустини он Шодмон Юсуф буд, ки ҳоло дар Австрия зиндагӣ мекунад. Он замон ин нахустин ва ҳизби расмие буд, ки ба идеологияи коммунистӣ мухолиф буд ва мутаносибан дар миёни ҷавонон ва равшанфикрон ҷонибдорони зиёде дошт.

Баъд аз имзои Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ дар Тоҷикистон раёсати ҳизбро Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба дӯш гирифт. То ин ки Искандаров ба раёсати ин ҳизб биояд, дар дохили он бисёр мухолифатҳову муноқишаҳо ҷараён дошт.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Дар поёни соли 2006 Вазорати адлия Масъуд Собировро раиси нави Ҳизби демократ эътироф кард. Ин баъди ҳабсу зиндонӣ шудани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров сурат гирифт. Пас аз зиндонӣ шудани ӯ коршиносон гуфтанд, мавқеи сиёсии ҳизб ҷиддан калаванда шуд. Ҳамон замон ҲДТ ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Масъуд Собиров ва дигареро Раҳматулло Валиев, муовини раиси пешини ҳизб раҳбарӣ мекарданд.

Соли 2013 Вазорати адлия бар асоси санҷиши якмоҳа ва омӯзиши асноди пешниҳодии ҲДТ Оинномаи нави ҳизбро номнавис ва расман Саидҷаъфар Усмонзодаро раиси он эътироф кард. Дар интихоботи президентии моҳи ноябри ҳамон сол Усмонзода дар баробари 4 нафари дигар рақиби Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо гузашти ду сол Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи Фархор интихоб шуд.

Барномаҳои сиёсӣ

Дар интихоботи соли 2020 ҳизб барнома ва баъзе ибтикорҳоро рӯйи даст гирифтааст, ки агар ҷойҳои лозимро дар порлумон ба даст биоварад, мехоҳад иҷро кунад. "Пешниҳод мекунем, бояд харитае сохта шавад, ки шомили корхонаҳои саноатӣ, захираҳои табиӣ ва шумораи мардуму зарфиятҳои кишоварзии ҳар бахше бошад. Ин иттилоъ бояд барои ҳама дастрас бошад. Ҳар сармоягузор вобаста ба интихоби ҷой дар харита метавонад, ба раиси ноҳияи марбута муроҷиат кунад," -- мегӯяд Усмонзода.

Ин гуна тадбир, ба гуфтаи ӯ, сармоягузорро аз сарбории зиёд халос ва кори онро сода мекунад. Ҳамчунин ин вакил мехоҳад, раванди ба даст овардани иҷозатномаҳоро сода ва ҳаҷми ҳамаи пардохтҳоро барои аҳолӣ то 50 дарсад коҳиш диҳад. Чунин имтиёзҳо ба корхонаҳо, ба бовари ӯ, метавонад миллионҳо ҷойи корро аз ҳисоби воридоте, ки ба буҷа зиёд мешавад, эҷод кунад.

"Дар интихобот 13 нафарро пешбарӣ мекунем ва умед дорем 10 ҷой ба даст меоварем. Дар ҳар сурат, ҳама чиз аз интихоби мардум вобаста аст," -- таъкид мекунад ҳамсуҳбати мо.

Навъи нигоҳ ба муҳоҷират ва демократия

Дар барномаи ин ҳизб ҷойи муҳимро муҳоҷирон мегиранд, ки пулҳои фиристодаашон сол ба сол кам мешавад ва бо ин вуҷуд пойбандии иқтисоди кишвар ба онҳо ҳанӯз боқист. Ба гуфтаи Усмонзода, Ҳизби демократ бо Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР) ҳамкорӣ дорад, то муваффақ шаванд, вазъи муҳоҷиронро дар Русия беҳтар кунанд.

"Ба ҷуз ин, соли гузашта ҳамроҳ бо вакил Ҷамшед Саидов ба Краснодар ва Сочи рафтем. Дар он ҷо бо муҳоҷирон беш аз 14 мулоқот доштем", -- мегӯяд вакили маҷлис ва таъкид мекунад, ки дар доираи имкон талош меварзад мушкили онҳоро ҳал кунад. Дар ҳамин ҳол, навъи нигоҳи раҳбари демкоратҳои тоҷик ба демократия яксон нест.

"Баъзан интихобкунандагони мо аз сатҳи демократия дар Тоҷикистон шикоят мекунанд. Мо шарҳ медиҳем, ки намунаи демократияи Тоҷикистон дигар аст ва аз демократияи ғарбӣ бо таърих, фарҳанг ва вижагиҳояш фарқ мекунад ва мо наметавонем намунаи ғарбиро нусхабардорӣ кунем," -- афзуд раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Шубҳаи коршиносон

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

Сиёсатшиносон муваффақиятҳои Ҳизби демкорати Тоҷикистонро ба таври шубаҳомез баҳогузорӣ мекунанд. "Албатта, ҳизб ҳақ дорад, дар интихоботҳо фаъолмандона ширкат кунад. Вале ба эҷоди фраксия тавре дар барномаашон омадааст, муваффақ намешавад," -- гуфт коршиноси тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло.

Ба гуфтаи ӯ, дидгоҳҳои либерал-демократӣ вуҷуд доранд ва рисолати ин ҳизб бозтобу идома додани ҳамин афкор мебошад.

Ин нуқтаи назарро сиёсатшинос Абдуғанӣ Маҳмадазимов ҳам ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, дар Тоҷикистон рақибони ҳизби ҳоким имкониятҳои зарурӣ барои рақобатро надоранд. "Агар онҳо он чиро, ки ҳоло доранд, битавонанд ҳифз кунанд, хеле дастоварди калон аст. Дар вазъияти феълӣ фикр намекунам, ки кадом ҳизби дигар битавонад дар порлумон фраксия созмон диҳад," -- мегӯяд сиёсатшинос.

Интиқоди ҳизб

Демократҳои пешини норозӣ Усмонзодаро ба он муттаҳам мекунанд, ки ҲДТ ба як ҳизби "кисагӣ" табдил кард ва ҳузури он дар ҷомеа танҳо як нақши намоишӣ дорад. Вале худи Усмонзодаро мешавад ба сафи вакилоне ворид кард, ки бо гузашти замон мавзуъҳои муҳими иҷтимоиро дар миён мегузорад тақрибан хамеша барои расонаҳо дастрас аст.

"Мо борҳо гуфтаем, ки худро мухолифини созанда медонем ва омодаем бо тамоми ҳизбҳо ҳамкорӣ кунем. Ҳукумат ва ҳизби ҳоким имкониятҳои бузурге доранд ва чаро мо бояд аз ҳамкорӣ бо онҳо худдорӣ кунем?" -- суол гузошт ӯ.

Саидҷаъфар Усмонзода мегӯяд, ҳар фаъолияти вай аз номи ҳизб аст ва онро бояд ҳамчун фаъолияти ҳизбӣ бипазиранд.

Масъуд Собиров
Масъуд Собиров

Масъуд Собиров, раиси пешини Ҳизби демократ, бо ин андешаи мунтақидон розӣ аст, ки ҳизб дар интихобот ҳамон қадар курсиеро мегирад, ки ба он иҷоза медиҳанд. "Дар интихоботҳои гузашта мо бар асоси раъйе, ки ба даст оварда будем, бояд ду ҷойро дар порлумон мегирифтем. Инро асноде, ки мо аз баъзе минтақаҳо дастрас кардем, бозгӯ мекард,. Дар ниҳоят як ҷойро ҳам дар порлумон соҳиб нашудем," -- мегӯяд Собиров.

Бо вуҷуди ин, сиёсатмадор ба ҳама аҳзоби Тоҷикистон рӯйкарди интиқодӣ дорад ва ба ин назар аст, ки онҳо рисолати худро бисёр суст пеш мебаранд ва ба сиёсати раиси ҷумҳур такя мекунанд.

Тибқи омори расмӣ теъдоди аъзои Ҳизби демократ ҳудуди 20 ҳазор нафар мебошанд. Вале бино ба маълумоте, ки худи Усмонзода мегӯяд, ҳоло аъзои ин ҳизб беш аз 35 ҳазор нафар ҳисоб шудааст ва беш аз 12 ҳазор аризаи дигар оид ба ворид шудан ба ҳизб дар баррасӣ аст.

"Гап сари шахсиятҳо не, сари низом аст"

Ба гуфтаи сиёсатшинос Сулаймон Шоҳзода, ҳизби демократ ҳамон муваффақиятҳоеро дорад, ки аҳзоби дигар дар Тоҷикистон доранд. "Порлумон дар шароити мо худро нишон надодааст ва бештар нишондиҳандаи адои эҳтиром ба меъёрҳои демократӣ аст. Ҳеч ҳизб, аз ҷумла ҳизби ҳоким нақши коркардӣ (функсионалӣ) надоранд ва амалан як шохаи ҳукумати иҷроия мебошанд," -- мегӯяд Шоҳзода.

Коҳиши нуфузи ҳизбҳоро сиёстшинос ба поинравии умумии фаъолмандиҳои шаҳрвандии баъд аз солҳои навадум ва аз байн рафтани анъанаи рақобатии байниҳизбӣ рабт медиҳанд. "Вале дар маҷмуъ мушкил дар шахсиятҳо не, балки дар системаи сиёсӣ аст, ки шадид шудааст ва ба аҳзоб имконият намедиҳад, аз манфиатҳои бахши муайяни мардум намояндагӣ кунанд," -- хулоса кард коршинос.

Бояд гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон ҳеч гуна назарсанҷие гузаронида нашудааст, ки нишондиҳандаи бартаридиҳии сиёсии шаҳрвандон бошад. Коршиносон ҳам таъкид мекунанд, ки дар низоми мавҷуд баид аст, ки ниёзе ба ин вуҷуд дошта бошад.

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон 1 марти соли 2020 баргузор мешавад ва омодагиҳои расмӣ ба ин интихобот аз аввали ин моҳ оғоз шуданд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

XS
SM
MD
LG