Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бе барқ ва бе ҳезум. Ба тоҷикон дегдони хуршедӣ доданд. АКС


Як созмони ғайридавлатии ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ба 46 хонавода дар ду деҳаи дурдасти ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дегдони офтобӣ ё хуршедӣ тақдим кард.

Коршиносони созмон мегӯянд, сокинон бо ин дегдонҳо метавонанд, хӯрок омода кунанд ва об ҷӯшонанд, ки боис ба сарфаи нерӯи барқ, ҳезуму ангишт ва харҷи буҷаи хонаводаҳо мешавад. Физикдонҳо мегӯянд, дар Тоҷикистон аз нерӯи офтоб дуруст баҳрабардорӣ намешавад, ҳол он ки иқлими кишвар имкон медиҳад соле ба ҳисоби миёна 270 рӯз аз офтоб нерӯ гирифт.

Наталя Идрисова, масъули созмони “Маленкая земля”, рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳар як бастаи додаи мо аз се ҷиҳоз иборат аст: дегдони офтобӣ, деги зудҷӯш (скороварка) ва фонуси худкор, ки аз офтоб нерӯ мегиранд. Бо кумаки фаъолон 46 оилаи ниёзманд аз ду деҳаи дурдасти Рӯшон – Барчидив ва Рошорв – муайян карда шуд ва мо ба онҳо ин таҷҳизотро тақдим кардем."

Идрисова мегӯяд, қаблан ҳам ба сокинони дигари ин деҳаҳо, ки аз хатти нерӯи барқ маҳруманд, ин гуна дастгоҳҳоро тақдим карда буданд. "Ин дегдонҳо сифати зиндагии мардумро беҳтар мекунанд. Аз сӯи дигар сокинонро зарур намеояд, ки барои пӯхтани хӯроку гарм кардани об оташ афрӯзанд. Агар аз як ҷониб буҷаи хонаводаҳо сарфа мешавад, аз сӯи дигар зарурате барои хариди ангишту газ намемонад. Муҳити атроф низ ҳифз мешавад. Чун як хавфи экологие, ки ҳоло ба вуҷуд омадааст, кам шудани растании терескен, дарахту буттаҳои ангат ва дигар растаниҳои шифобахш аст, ки сокинон маҷбуранд барои ҳезум бибуранд", -- афзуд ӯ.

Идрисова мегӯяд, ин гуна дастгоҳҳо барои сокиноне ҳам, ки ба хатти барқ дастрасӣ доранд, зарур аст чун нархи нерӯи барқ хусусан дар вилояти Бадахшон гарон аст. Ширкати “Помир энержӣ”, ба гуфтаи ӯ, як киловат/соат барқро ба 30 дирам мефурӯшад.

Аксҳои бештарро дар ин ҷо бинед:

Чароға Яфталиева, сокини деҳаи Нисури Рӯшон, бо воситаи ин дегдонҳои офтобӣ нон мепазад ва мегӯяд, "зарурате барои оташ афрӯхтан нест". Ӯ ва хонаводааш аз ин ҳисоб буҷа ва вақти худро, ки барои ҳезумкашӣ харҷ мекарданд, сарфа мекунанд.

Арзиши дегдонҳои офтобӣ 1000 сомонӣ ва ё ҳудуди 100 доллари амрикоӣ аст ва масъулони ин созмон онро аз Чин дастрас кардаанд.

Олимони Пажӯҳишгоҳи физикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯянд, иқлими кишвар барои нерӯ гирифтан аз офтоб имконоти фаровоне фароҳам кардааст, аз ҷумла барои гарм кардани оби ҳаммом ва ё гармхонаҳо. Аммо аз ин нерӯ ба қадри кофӣ дар кишвар истифода намешавад.

Фитрат Холмуродов, номзади илмҳои физикаву математика дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, олимони пажӯҳишгоҳ чанд соле пеш як дегдони офтобӣ сохта буданд, ки ҳатто барои пӯхтани хӯрок низ қодир буд. Ин пажӯҳишгари тоҷик мегӯяд, тарҳи ин асбоб омода аст ва ин ихтирои олимон патент ҳам шудааст, аммо ширкат ва ё соҳибкоре нест, ки истеҳсоли онро ба роҳ монад.

Ӯ гуфт: “Вазифаи мо олимон ихтироъ кардан аст. Мо вазифаамонро иҷро кардем, акнун соҳибкоре зарур аст, ки истеҳсоли ин дастгоҳро ба роҳ монад”.

Холмуродов афзуд, дар сурати дуруст ба роҳ мондани тавлидот дастгоҳи кашфкардаи олимони тоҷик арзонтар аз 1000 сомонӣ хоҳад буд. Дар сурати оғози тавлидот зарурате барои ворид кардани ин дастгоҳҳо аз Чин намемонад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG