Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд, "сабз" бошанд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Қазоқистон ва Узбекистон - ду кишвари ғанӣ аз захираҳои табиии Осиёи Марказӣ мегӯянд, барномаҳо барои гузариш ба "энержии сабз" ё нирӯи барқароршаванда татбиқ мекунанд. Ҳарду кишвар нерӯгоҳҳои барқи бухорӣ, ки бо истифода аз маводи нафтӣ ва олудакунандаи ҳаво кор мекунанд, зиёд доранд.

Рӯзи 9 январ Вазорати энержии Қазоқистон аз пешрафтҳо дар истеҳсоли нерӯи барқи обӣ, бодӣ ва офтоб гузориш дод ва гуфт, ки аз ин манобеъ 504,5 мегаватт барқ ҳосил шудааст. Қарор аст, соли 2020 18 манбаи дигари "нирӯи сабз" ба кор дарояд ва ҳаҷми умумии тавлиди барқи "пок" 1655 мегаваттро ташкил диҳад.

Ин рақам чӣ маъно дорад? Бар асоси иттилои Ширкати энержии Қазоқистон, дар оғози соли 2019 кишвар тавони истеҳсоли 18,895 мегаватт нерӯи барқро дошт. Дар нигоҳи аввал 505 мегаватт дар сол қатрае аз баҳр аст. Вале аз сӯйи дигар он рақами кам ҳам нест.

Масалан, ширкати чинии Tebian Electric Apparatus (TBEA) дар Душанбе Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”-ро сохт ва чунин марказеро дар Бишкек навсозӣ кард. “Душанбе-2” бо ангишт кор мекунанд, ки аз олудкунандаҳои асосии ҳаво ба ҳисоб меравад. Бар асоси иттилои расмӣ “Душанбе-2” қодир ба истеҳсоли 400 мегаватт нерӯи барқ аст. Тавонмандии Маркази гармидиҳии Бишкек то 812 мегаватт афзоиш ёфт.

Вазорати энержии Қазоқистон гуфтааст, ки таваҷҷӯҳи сармоягузорони хориҷӣ ба соҳаи энержии сабз торафт зиёд мешавад ва қарор аст, 138 ширкат аз 12 кишвар дар ин самт тарҳҳоеро амалӣ кунанд. Нисфи тарҳҳо дар чаҳорчӯби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад, ки рушди энержии сабз аз авлавиятҳои он мебошад. Қазоқистон гуфтааст, ҳадаф дорад, то соли 2030 ҳиссаи энержии сабзро то 10 дарсад афзоиш диҳад.

Тошканд қафо монданӣ нест

Узбекистон дар ин бахш баъди Қазоқистон аст, чун президент Шавкат Мирзиёев, баъди расидан ба қудрат дар соли 2016 гуфт, Тошканд барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бояд дар пайи истеҳсоли нерӯи барқ аз манобеи пок бошад. Хости Узбекистон ин аст, ки то соли 2030 ҳиссаи барқи истеҳсолшаванда аз нерӯгоҳҳои барқи обиро то 16 дарсад расонад.

Дар миёни дигар тарҳҳои “сабз” – нирӯгоҳҳои барқи бодӣ дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро аст, ки аз ҷониби ширкати чинии Lioaning Lide сохта мешавад ва бояд то тирамоҳи соли имсол 200 мегаватт ва дар ниҳоят – то 1500 мегаватт барқ нерӯи барқ истеҳсол кунанд. Инчунин ширкати испании Siemens Gamesa бо иқтидори 100 мегаватт як нирӯгоҳи бодиро дар вилояти Навоӣ ва ширкати туркии ETKO CO Enerji A.S. дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ҳам нирӯгоҳи барқи бодӣ бо иқтидори 600 мегаватт барқ бунёд мекунад.

Муовини вазири сармоягузориву савдои хориҷии Узбекистон Шӯҳрат Вафоев моҳи октябри соли 2019 гуфт, кишвар ба зудӣ озмун барои сохтмони ду нирӯгоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 400 ва 500 мегаватт эълон мекунад. Узбекистон гуфтааст, мехоҳад, то соли 2025 ҳиссаи энержии сабз то ба 25 дарсад расонида шавад.

Дар Тоҷикистон чӣ?

Cоли 2019 дар Тоҷикистон 20 миллиарду 676,2 миллион киловат соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, дар ҳоле, ки эҳтиёҷи кишвар соле 17 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад. Мақомот мегӯянд, ки баръакси тамоми кишварҳои минтақа 98 дарсади нирӯи барқи кишвар аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҳосил мешавад, ки энержии сабз ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш моҳи декабри порсол ҳамчун манбаи барқароршавандаи энергия барои рушди оянда муҳим арзёбӣ карда буд. Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, таъкид кард, ки ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пештози “энергияи сабз” дар ҷаҳон табдил медиҳад.

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, ки ҳадафи чорумаш саноатӣ кардани кишвар аст, “диверсификатсияи иқтидорҳои низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани иқтидори дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла ангишт, нафту газ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия (нерӯи офтоб, бод, биологӣ...) дар ҳаҷми на камтар аз 10%” пешбинӣ шудааст.

Вале, аз назари коршиносони мустақил, роҳи кишвар ба ин самт, ҳамвору осонгузар нест. Як узви ҳукумати Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот дар чаҳорчӯби Стратегияи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ба ҳамкорони аврупоиашон пешниҳод кардаанд, ки дар анҷоми сохтмони нирӯгоҳи “Роғун” саҳм гузоранд. “Музокираҳо идома доранд”, гуфт ин мақом.

Баъди солҳо таъхир, декабри соли 2019 дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони нирӯгоҳи “Себзор” шурӯъ шуд. Тарҳ бо арзиши 37 миллион евроро Олмон, Швейтсария ва Иттиҳодияи Аврупо сармоягузорӣ мекунанд ва қарор аст, онро то соли 2022 ба истифода бидиҳанд. Нерӯгоҳи “Себзор” дар рӯдхонаи “Шохдара” бо иқтидори 11 мегаватт сохта мешавад.

"Нархгузорие, ки ҷолиб нест"

Стефан Эллеро, як масъули дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “энержии сабз як мушкили печидаи Тоҷикистон аст, чун, ба хотири низоми нархгузории таъйинкардаи ҳукумат сармоягузорӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энержӣ ҷаззоб нест”. Вале, ба гуфтаи ӯ, Иттиҳоди Аврупову дигар донорҳои Тоҷикистон барои дастёбӣ ба пешрафт дар ин бахш кор мебаранд. Ӯ гуфт, бархе шарикони Тоҷикистон, мисли Бонки Аврупоии Рушд, Бонки Осиёӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ дар ислоҳот ва эҷоди шароити рушди энержии сабз ба ин кишвар кӯмак мекунанд.

Охири моҳи январ дар шаҳри Берлин вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказиву Афғонистон ва Германия ба тавофуқ расиданд, ки то охири соли 2020 барномаи вижаи бо номи “Осиёи Марказии Сабз”-ро таҳия мекунанд.

Як фаъоли масоили муҳитзистӣ Тимур Идрисов мегӯяд, воқеият ин аст, ки ба истиснои сохтмони чанд нирӯгоҳи барқи обии хурду миёна Тоҷикистон дар амри эҷоди энержии сабз зиёд пеш нарафтааст ва баръакс, мизони истифода аз ангиштро баъди соли 2012 якбора афзоиш дод. “Ангиштсанг маводи сӯхти аз ҳама олудакунанда ҳисоб мешавад, ҳам аз назари ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва ҳам аз назари тағйироти иқлим” - мегӯяд ӯ. Ба қавли Тимур Идрисов “Дар Тоҷикистон соли 2019 беш аз 2 миллион тонна ангишт истеҳсол шуд, ки барои кишвар хеле зиёд аст”.

Талаботи Созишномаи Париж оид ба муҳити зист тадриҷан даст кашидан аз истифодаи маводи сӯхти олудакунанда ба мисли ангиштро тақозо мекунад. Тимур Идрисов мегӯяд, як далели зиёд пешрафт накардани Тоҷикистон дар заминаи татбиқи лоиҳаҳои марбут ба энергияи сабз дар мушкили ҷалби сармоя аст.

Масъалаи ҷалби сармояҳо дар бисёр дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон ҳам солҳои охир ба сабаби баланд будани андозҳо ва коррупсия ба як масъалаи доғ табдил шудааст. Як ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон бисёр мақому сохторҳои тасмимгиранда зарурати рушди энержии сабз дарк мекунанд, вале дар амал бисёр тасмимҳо бо назардошти тақозоҳои кӯтоҳмуддат гирифта мешаванд. Вале ҳама гуна таъхир дар асл бар зарари иқтисод ва наслҳои оянда аст, мегӯянд мунаққидон.

XS
SM
MD
LG