Садамаи пурсарусадо дар маркази Душанбе, ки 3 кушта ба ҷо гузошт, нахустин вокунишҳо аз ҷониби номзадҳо ба интихоботи президентии Тоҷикистонро ба бор овардааст.
Саидҷаъфар Исмонов, номзади ҳизби демократ рӯзи 14 октябр ба Озодӣ гуфт, “касе қонунро вайрон мекунад, новобаста аз кӣ буданаш бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.” Ба ақидаи оқои Исмонов, “як фарди алоҳида набояд дар чунин давраи ҳассос, яъне интихоботи президентӣ, ба имиҷи давлатдории Тоҷикистон чунин як «тӯҳфа» кунад. Президент ба як Ҳукумов такя карда, аз тамоми мушкилоти ҷоме баромада наметавонад. Ҳукумов метавонад ба президент такя кунад, вале президент - ба Ҳукумов не. Чунки дар дӯши ӯ масъулияти тамоми давлат аст.”
Оқои Исмонов Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ(Ҳукумов), раиси ширкати роҳи оҳан ва падари Расули Амонуллоҳи 16-соларо, ки ба ҳалокати се нафар дар натиҷаи садамаи шаби 10 октябр муттаҳам мешавад, ҳамчун як нафари кордон тавсиф кард, вале гуфт, ки ӯ фарзандонашро тарбияи хуб дода натавонист. Раҳбари ҳизби демократи аз шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев намуна овард, ки “то ҳол нашунидем, фарзандони Убайдуллоев як коре карда бошанд, ки қонунро поймол карда бошад. Ҳол он ки масъулияти Убайдуллоев нисбат ба дигар вазирҳо, аз ҷумла нисбат ба раиси ширкати роҳи оҳан, хеле зиёдтар аст.”
Абдуҳалим Ғаффоров, номзад аз ҳизби сотсиалист ба интихоботи президентии Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба садамаи ахири пурҳалокат дар маркази пойтахт бояд Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ низ ба масъулият кашонда шавад. Оқои Ғаффоров рӯзи чоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, “онки писари 16-соларо ба пушти фармони мошин роҳ додаанд, нақзи қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аст, қонуне ки президенти мӯҳтарам аз минбари баланд бо ҳазор орзуву умед имзо карда буд.”
Раҳбар ва номзади сотсиалистҳо, ки роҷеъ ба ин садамаи пурсарусадо сӯҳбат мекард, афзуд, “ҳар касе ки масъулиятро ҳисс намекунад, қонунро дарк карда наметавонад, бигзор, касе ки набошад, ман тарафдори онам, ки ӯ дар мансаби давлатӣ набошад.” Ба ақидаи Абдуҳалим Ғаффоров, боз ҳам дар мақомаш ҳифз кардани нафаре, ки ба чунин кӯтоҳӣ роҳ додааст, “ин камбудии бениҳоят ҷиддӣ нисбат ба ин ҷомиа ба шумор меравад. Ҳар касе ки дар назди қонун гуноҳе содир карду ҷавоб надиҳад, Худованд худаш ӯро ҷазо медиҳад.”
Толиббек Бухориев, номзади ҳизби аграрӣ ба Озодӣ гуфт, новобаста аз он ки пушти чанбари фармони БМВ кӣ нишаста буд, гунаҳкори ин садама бояд ба масъулият кашонда шавад.
Исмоил Талбаков, номзади ҳизби коммунист низ хостори ҳатман ба муҷозот кашондани гунаҳкори ин фалокат шуд, вале гуфт, қазовати ин қазия дар дасти мақомоти қудратист, ки бояд гунаҳкорро муайян кунанд.
Тафтиши парвандаи садамаи ҳалокатбор бо ширкати писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистонро ба вазорати корҳои дохилӣ супурдаанд.Масъулони раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе (РБДА) мегуянд, баррасии парвандаи ҳодисаи садамаи нақлиётӣ аз ҷониби Расули Амонуллоҳи 16-соларо ба раёсати тафтишотии вазорати умури дохилии Тоҷикистон супоридаанд.
Музаффар Давлатов, як масъули РБДА ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони раёсати онҳо дар пайи ифтитоҳи парванда дар қиболи садамаи нақлиётии шаби 9 октябр дар Душанбе, ки се кушта ва захмӣ ба ҷо гузошт, тамоми аснодро ба раёсати тафтишотии вазорати корҳои дохила(ВКД) додаанд. Музаффар Давлатов гуфт: «Парвандаро вазорат бурда истодааст, дар дасти мо нест.»
Аммо ин масъули РБДА аз посух ба ин суол, ки оё дар лаҳзаи садама дар пушти фармони мошини БМВ Расули Амонуллоҳ - писари16-солаи раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ менишаст ё кӣ? – худдорӣ кард ва гуфт, иттиллоъи бештарро аз ВКД бояд пурсид.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД гуфт, ин ҳамаро тафтишот муайян мекунад: «Санҷиш ҳаст. Ҷои ҳодисаро мебинанд. Инро прокуратура ву суд мебинад. Дар ин бора ҳамин хел натиҷа намебароранд.» Ҷаноби Асадуллоев дар мавриди оне ки дар ҳолати садама сари чанбари мошин кӣ менишаст, афзуд ки «дар ҷараёни тафтиши парванда рӯшан хоҳад шуд, ки сари чанбар кӣ менишаст ва ҳодиса чигуна рух дод?»
Садамаи шаби 9 октябр яке аз пурқурбонитарин садамаҳои нақлиётӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар як моҳи охир ба шумор меравад. Аммо ин бори аввал нест, ки мардум аз "сабқатҳои шабона" бо ширкати мошинҳои марбут ба фарзандони мансабдорони баландпоя ва сарватмандон изҳори нигаронӣ мекунанд.
Бо эҳтиёти бештар сӯҳбат кардани мақомот дар бораи ин садамаи ҳалокатбор дар ҳолест, ки дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 11 октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тафтишот муайян кардааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 20-20 РТ 01 Расули Амонуллоҳ, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе мебошад. Расули Амонуллоҳ, ки писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, сардори ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон аст. Мошини БМВ-И ӯ соати дувуними шаби 9 октябр дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ босуръати баланд ҳаракат карда, ба мошини «ВАЗ-21014» рақами қайди давлатиаш 80-36 ВВ 01, таҳти идораи ронанда Саидов Аловуддин Аҳлиддинович, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои шаҳри Душанбе, бархӯрд. Дар натиҷаи ин садама Саидов Аловуддин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дохили атвомашинаи мазкур Исмоилова Сурайё, соли таваллудаш 1989, сокини ш.Турсунзода, ва У, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе ва писари раиси чойхонаи "Роҳат", дар бемористон ба ҳалокат расиданд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Маталиев Шокир Юсупович, соли таваллудаш 1987, Ахмедова Мадина Акрамовна, соли таваллудаш 1992, сокинони ш.Душанбе ва Рӯзиева Азиза Ибодовна, соли таваллудаш 1989, сокини ш.Турсунзода ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон бистарӣ карда мешаванд. Бино ба охирин хабари расида, субҳи 14 октябр Мадина Ахмедова ва Шокир Маталиевро аз шӯъбаи эҳёгарӣ(реаниматсия)-и Маркази миллии тиббӣ ба палатаи умумӣ гузарондаанд.
Масъулони раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон мегӯянд, танҳо аз 7 то 13 октябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди кишвар 26 садамаи роҳу нақлиётӣ сабт шудааст, ки бар асари онҳо 8 нафар ба ҳалокат расида, 28 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Аз аввали сол дар 1116 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 354 нафар ҷон бохтаву 1236 нафар ҷароҳат бардоштаанд.