Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Аловиддин: Ман аз даъвоям даст намекашам


Холбибӣ Саидова
Холбибӣ Саидова

Модари яке аз қурбониҳои садамаи ҳалокатбори шаби 9 октябр мегӯяд, аз даъвояш алайҳи писари раиси ширкати роҳи оҳан гузаштанӣ нест.

Модари яке аз қурбониёни садамаи фоҷеъабори шаби 9 октябр дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки то ҳол нафаре аз хонаводаи Амонуллоҳи Ҳукуматулло барои узрхоҳӣ ё изҳори ҳамдардӣ наомадааст.

Дар садамае, ки ба гуфтаи мақомот, бо айби Расули Амонуллоҳ, писари 16-солаи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар хиёбони Рӯдакӣ рух дод, се нафар ба ҳалокат расиданд.

Модари Аловиддин: Бигзор ҷазояшро бигирад!
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00
Линки мустақим


Холбибӣ Саидова, модари Аловуддин Саидов, яке аз қурбониёни он садамаи ҳалокатбор рӯзи 13 октябр дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки танҳо имрӯз ва он ҳам муҳофизони Ҳукумов омада, бо падари Аловиддин гуфтугӯ кардаанд. Аммо хонум Саидова гуфт, аз мӯҳтавои сӯҳбати муҳофизони Ҳукумов бо шавҳараш хабар надорад.

Аловиддин Саидов дар рӯзи арӯсиаш. 23 сентябри соли 2012
Аловиддин Саидов дар рӯзи арӯсиаш. 23 сентябри соли 2012
Холаи Холбибӣ меафзояд, ки писараш ҳанӯз аз синфи сеюмиаш дар чойхонаи “Роҳат”кор мекард. Аловиддин тоза дар рӯиз 23 сентябр солгарди нахустин арӯсиашро ҷашн гирифта буд ва як фарзанди семоҳа доштааст. Ба гуфтаи модараш, ӯ пас аз анҷоми кор соатҳои ёздаҳи шаб рост ба хона меомад. Баъзан нафаре аз ҳамкоронашро то хонааш бурда мерасонд. Аммо шаби 8-ум ба 9-уми октябр Аловиддин гуфта буд, ки «очаҷон, ҷӯраам тӯй дорад, барои вай ҳамроҳи Далер рафта, як намуд коғаз гирифтанамон даркор.».

Холбибӣ Саидова гуфт, аз он садама барояшон нахуст ҳамсояаш хабар овардааст: «Ҳамсоя он замон дар Қарияи Боло будааст ва Аловиддинро шинохтааст. Нимашаб буд, падараш ҳам нав аз кор омада буд, ки ҳамсоя даъваташ кард. Падари Аловиддин даступо гум карда, дигар надонист, чӣ кор кунад? Аммо баъди чанд лаҳзаи дигар хабар доданд, ки ягон бистар биёред, ки писаратон фавтидааст.»

Мошини БМВ-е ки сабаби марги се нафар шуд
Мошини БМВ-е ки сабаби марги се нафар шуд
Қурбонии дигари садамаи «БМВ 20 20» писари 26-солаи раиси чойхонаи «Роҳат» Уктам Мансуров мебошад. Падари ӯ Саид Мансуров гуфтааст, аз болои писари Ҳукумов даъво надорад, балки ҳама чиро аз тақдир ва аз Худо мебинад. Аммо модари Аловиддин мегӯяд, қасди гузаштан аз даъвояшро надорад: «Бигузор ҷазояшро бинад. Мегардад ҳамин хел? Аз даъвоям даст намекашам. Мехоҳам рӯйи падару модари ҳамон бачаро бинам, ки чӣ хел фарзанд тарбият кардаанд?»

Наздикони Аловиддин мегӯянд, агар хонаводаи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ҳадди ақал дар рӯзи дафни ҷаноза як бор омада, ақалан ҳамдардӣ баён мекарданд, «мо шояд чизе намегуфтем ва ҳамаро аз тақдирамон медидем.»

Расули Амонуллоҳ
Расули Амонуллоҳ
Ба гуфтаи мақомоти Бозрасии нақлиёт, Расули Амонуллоҳ соати дуними шаби 9-уми октябр бо мошини БМВ, сохти Олмон, дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба мошини сохти русии «ВАЗ-21014», ки Аловиддин Саидов ронандагиаш мекард, бархӯрд. Дар натиҷаи ин садама се нафар ба ҳалокат расида, сеи дигар сахт маҷрӯҳ шуданд.

Садамаи нақлиётӣ аз ҷониби Расули Амонуллоҳи ноболғ дар ҳоле сар задааст, ки қонунҳои Тоҷикистон пушти фармони мошин нишастани нафарони то 18-сола ва гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ ба чунин афродро манъ мекунанд. Суоли дигар, ки дар маҳофили Тоҷикистон матраҳ мекунанд, ин аст, ки ин ноболиғ бар хилофи муқаррароти қонуни масъулияти волидайн дар соати дувуними шаб дар кӯча чӣ мекард?

Дар ҳар с урат, ин садамаи ҳалокатбор мавзӯъи бе он ҳам кайҳо боз вирди забон дар бораи рафтори фарзандони мансабдорони баландпояи тоҷикро дубора дар сархати баҳсҳо оварда, ҳамчунон дар озодӣ қарор доштани ӯ оташи ин баҳсро гармтар кардааст, ки оё дар Тоҷикистон қонун фақат барои мардуми оддист?
XS
SM
MD
LG