Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлат Болтаев, муштзани тоҷик, дар Олимпиадаи Порис ба нимфинал баромад


Давлат Болтаев
Давлат Болтаев

Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Давлат Болтаеви 25-сола, ки дар аввалин рақобаташ дар вазни то 92 кило бар Георгий Кушиташвилии 28-сола аз Гурҷистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд, шаби дуюми август (ба вақти Душанбе) дар даври чорякниҳоӣ Ҷек Марлейи 21-соларо аз Ирландия бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, ба нимфинал баромад.

Ҳамакнун Болтаев 4-уми август соати 20:38 бо вақти Душанбе дар даври ниманиҳоӣ бо муштзани Узбекистон Лазизбек Муллоҷонови 25-сола рақобат мекунад. Муллоҷонов дар чорякфинал бар Кено Марлей Мачадои бразилӣ бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард.

Бояд гуфт, ҳарду муштзан – Болтаев ва Муллоҷонов, ки ҳадди ақал барои худ медали биринҷиро таъмин карданд, муборизаро барои медалҳои тиллою нуқра идома медиҳанд.

Ба ин тартиб, дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ аз 14 варзишгари тоҷик то ҳоло ду нафар – Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев – аз Порис бо медал бармегарданд.

Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқоти ҷудо дар вазни то 81 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Фаластин ва Нидерланд ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо паҳлавони тоҷик дар чорякфинал аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ мағлуб шуд.

Маҳмадбеков муборизаро дар даври тасаллобахш идома дода, бар паҳлавони узбек Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад. Сомон барои медали биринҷӣ бар Антонио Эспозитои итолиёӣ дастболо шуд.

Дарвоқеъ, Сомон Маҳмадбеков пас аз 16 сол дастоварди паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиевро, ки соли 2008 дар Олимпиадаи Пекин дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд, такрор кард.

Ҳамин тариқ, ҳафт варзишгари тоҷик – муштзанҳо Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило; ҷудокорон Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило, Комроншоҳи Устопириёндар вазни то 90 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило; Фахриддин Мадкамов дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр миёни мардон - рақобатҳои худро бе медал ба анҷом расониданд.

Боз як паҳлавони тоҷик - Темур Раҳимов - дар риштаи ҷудо дар Олимпиадаи Порис рақобат хоҳад кард. Вай дар вазни беш аз 100 кило, ки дар даври аввал озод аст, 2-юми август дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Эрик Абрамов аз Олмон ва Одхуу аз Муғулистон қувва меозмояд.

Екатерина Бордачёва дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон 3-юми август ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Фаворис Музрапов дар Олимпиадаи Порис дар риштаи варзиши сабук 3-юми август аввалин рақобаташро дар давидан ба масофаи 100 метр баргузор мекунад.

Виктор Рассадин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило 9-уми август аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис доир менамояд.

Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо 10-уми август аввалин рақобаташро дар вазни беш аз 67 кило миёни занон анҷом медиҳад.

ЧИН ДАР ОЛИМПИАДАИ ПОРИС ПЕШСАФ АСТ

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Порис беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.

То ҳоло варзишгарони 50 кишвар медал ба даст овардаанд, аз ҷумла намояндагони 29 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гардидаанд.

Дастаи мунтахаби Чин дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар ҷойгоҳи аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 24 медал, аз ҷумла 11 нишони тилло гирифтаанд.

Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 37 медал, ки нӯҳтоаш тиллост, дар зинаи дувум мебошад. Мунтахаби Фаронса бо касби 27 медал, минҷумла ҳашт нишони тилло мақоми севумро соҳиб шудааст.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳоимунтахаби Австралия, Ҷопон Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Канада ва Олмон дохиланд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, инчунин тимҳои Австрия, Миср, Португалия ва Словакия бо яктоӣ медали биринҷӣ дар ҷойгоҳи 46-ум қарор доранд.

ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ПОРИС

Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Дар зимн, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони аз соли 1996 ширкат варзида, то имрӯз панҷ медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аммо дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик натавонистанд медал бигиранд.

XS
SM
MD
LG