Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори блогери тоҷикро дар Русия тафтиш мекунанд


Усмонҷон Мирзомуродов, блогери тоҷик
Усмонҷон Мирзомуродов, блогери тоҷик

Кумитаи тафтишотии Санкт-Петербурги Русия хабар додааст, ки “амали ғайриқонунӣ”-и  як блогери тоҷикро таҳқиқ мекунанд.

Рӯзи 16-уми июн Кумитаи тафтишотии Санкт- Петербург дар саҳифаи телеграмиаш хабар дод, ки бо супориши раҳбари ин ниҳод (Александр Бастрикин) ба таҳқиқи навори блогери тоҷик, ки дар он “содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ дар самти муҳоҷират” дида мешавад, оғоз кардаанд.

Ин ниҳод аз блогери тоҷик ном набурдааст, вале саҳифаҳои телеграмии русӣ аз ӯ Усмонҷон Мирзомуродов ном бурдаанд. Дар наворе, ки саҳифаҳои телеграмии русӣ нашр кардаанд, Усмонҷон Мирзомуродов бо нашри як рақами вотсапӣ аз муҳоҷирон даъват мекунад, ки ба соҳиби он рақам муроҷиат кунанд ва соҳиби билети донишҷӯи шаванд.

Ӯ дар ин навор ишора мекунад, ки роҳи раҳоӣ аз тафтишҳо доштани билети донишҷӯӣ аст. Эҳтимолан ин нукта ҳамчун даъват ба қонуншиканӣ тафсир шудааст, ҳарчанд танҳо изҳори андеша мебошад.

Донишҷӯён дар Русия аз супурдани патент озоданд.

Дар саҳифаи Усмонҷон Мирзомуродов чунин наворе дида нашуд ва назари ӯ ба ин хабар дастрас нест.

Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки блогери тоҷик дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекунад ва ин наворро таҳқиқ ва аз натиҷа хабар медиҳанд.

Маълум нест, ки ҳоло Усмонҷон Мирзомуродов дар куҷо қарор дорад. Ӯ ба навиштаи мо дар саҳифаи Инстаграмаш посух надод.

Усмонҷон Мирзомуродов бо нашри наворҳои дорои ҳазлу шухӣ дар миёни ҷавонони тоҷик шинохта аст. Ӯ дар Инстаграм беш аз 800 ҳазор пайрав дорад.

Русия шароити кор барои муҳоҷирони тоҷикро сахт кардааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, чун қонун барои муҳоҷирони тоҷик дуруст амал намекунад, бархурди мақомот ноодилона аст, муҳоҷирон барои фирор аз фишору азият бо роҳҳои хилофи қонун низ мераванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG