Ҳарчанд ин шикояткунандагон омода нашуданд, мушкили худро дар назди дурбин шарҳ диҳанд, вале мо хостем, вазъиятро аз наздик бубинем.
Ба иттилои бархе манбаъҳои Радиои Озодӣ, намояндагони мақомоти Тоҷикистон бештар мусофиронеро, ки бори аввал ба Русия мераванд, суолу ҷавоб мекунанд ва агар сатҳи донистани забони русияшон кофӣ нест, ё иҷозаи парвоз намедиҳанд ё тавсия медиҳанд, ки аз парвоз худдорӣ кунанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, метавонанд, ин мусофиронро аз фурудгоҳҳои Русия баргардонанд, ки дар он ҳолат пулеро, ки билет харидаанд, баргардонида намешавад.
Дар бархе аз хазинаҳои билетфурӯшии Душанбе ин ҳолатро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ҳатто намояндаҳои мақомоти Тоҷикистон ба онҳо гуфтаанд, ки пеш аз фурӯхтани билет дониши русии мизоҷонашонро санҷиш кунанд, дар сурати надонистани забон дар сатҳи муоширати одӣ, ба онҳо билет нафурӯшанд, то мушкили баргардонии пули билет пеш наояд.
Ҳоло маълум нест, ки кадом мақомоти Тоҷикистон ба ин кор машғул аст ва чӣ далеле барои надодани ҳаққи иҷозаи сафар доранд.
Масъулони фурудгоҳи Душанбе вуҷуди ин ҳолатро рад мекунанд. Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯйи фурудгоҳ мегӯяд, ин гуфтаҳо асоси воқеӣ надоранд. “Алалхусус, пас аз муроҷиати шумо рӯзи гузашта, дар тӯли як шабонарӯз шахсони масъул аз хадамоти кори фурудгоҳ, аз ҷумла сардорони баъзе Хадамот ва шахсан ман, ҷараёни пеш аз парвози мусофиронро назорат кардем. Хоса саворшавии мусофиронро дар самти Душанбе--Маскав мавриди назорати ҷиддӣ қарор гирифт. Пеш аз парвоз ё аз парвоз боз доштани мусофирон, хоса занҳо бо сабабҳое, ки дар дархости шумо зикр гардида буд, зоҳир нашуд,”--гуфт Ҳусейнова.
Аммо Радиои Озодӣ, яке аз чунин мусофиронро пайдо кард. Ҳарчанд ӯ нахост дар назди микрофон суҳбат кунад, вале таъйид кард, ки маҳз барои надонистани русӣ нагузоштаанд, сафарашро идома диҳад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар як посухи катбӣ гуфт, ки ҳамеша ба муҳоҷирон тавсия медиҳад, ки “пеш аз рафтан касб ва забон омӯзанд”. Аммо ин ниҳод мегӯяд, ин “иқдоми нав нест, ҳамеша буд, аз ҷониби Хадамот ягон "тавсияи ҳатмӣ" дода намешавад. Агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад ҳам, муқаддамаи Хадамот нест.”
Аммо ҳуқуқшиносон мегӯянд, ҳеч кас ҳақ надорад барои надонистан ё хуб надонистани ин ё он забон монеи сафари шаҳрвандон шавад.
“Аммо, вақте, ки бидуни ворид намудани тағйироти дигар ба қонунгузории Тоҷикистон дар фурӯдгоҳ як нафар масъули фурӯдгоҳ ё дигар ниҳод бо саволи иловагӣ ба шаҳрванде, ки ба Русия меравад ва бигузор ҳадафаш меҳнат бошад, кӯшиши муайян намудану ошкор кардани сатҳи забондонӣ ва захираи луғавии ӯ ҳаст, ин ғалат аст ва аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин кӯшиши моил намудани нафаре, ки нияти равуоро ба Русия дорад ҷиҳати додани пора ва дар ин замина ба вуҷуд овардани муносибатҳои коррупсионӣ низ будааст. Аз ин хотир ин корро бояд пешгирӣ кунанд ва аксуламал нишон диҳанд, ниҳодҳои марбутаи босалоҳият, то ки монеъаҳои ғайриқонунӣ пайдо нашавад,”--шарҳ дод Шокирҷон Ҳакимов, профессори ҳуқуқ.
Муҳоҷирони тоҷик пас аз ҳодисаи ҳамла ба толори консертии “Крокус-сити” дар канори Маскав, ки мақомоти рус дар он асосан зодагони Тоҷикистонро айбдор карданд, бо сахтиҳои зиёд рӯбарӯ шуданд. Дар фурудгоҳҳои Русия, хусусан Маскаву Санкт-Петербург пас аз ин ҳодиса садҳо муҳоҷири тоҷикро бо баҳонаҳои гуногун соатҳо дар шароити душвор нигоҳ доштанд, иҷозаи гузар надодаанд ва ба Тоҷикистон баргардониданд.
Талошҳои мақомоти Тоҷикистон ба ислоҳи вазъ то ҳоло, яъне қариб пас аз се моҳи ҳодиса низ натиҷаи дилхоҳ надодаанд. Пешгирӣ аз парвози баъзе муҳоҷирон ба Русия эҳтимолан барои коҳиш додани мушкил ҷорӣ шуда бошад.
Гуфтугӯ