Ин даргирии сахттарин миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” дар 10 моҳи охир будааст. Дар наворҳо дуду оташи мушак дар осмони Исроилу Лубнон дида мешавад. Аз ҳарду тараф навори сӯхтор ва вайрониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.
"Ҳизбуллоҳ", гуруҳи мусаллаҳи зери ҳимояти Эрон, иддао кард, ки бо 320 мушаки "Катюша" 11 пойгоҳи низомии Исроилро задааст. Ин гурӯҳ мегӯяд, ҳамлаи мазкур марҳилаи аввали посух ба кушта шудани Фуод Шукр аст. Ин фармондеҳи "Ҳизбуллоҳ" моҳи июл дар ҳамлаи Исроил дар Бейрут кушта шуд.
Дар Лубнон кушта шудани се нафарро тасдиқ карданд. Мақомоти Исроил гуфтанд як сарбози нерӯҳои баҳрӣ дар ин ҳамла кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.
Исроил иддао кард, ки аз пеш аз ҳамлаи "Ҳизбуллоҳ" хабар ёфт ва бо зарба ба маконҳои ин гурӯҳ аз харобиҳои бештар пешгирӣ кард. "Ҳизбуллоҳ" изҳороти Исроилро рад кард ва гуфт, мушаку бесарнишинҳояш ба ҳадаф расиданд. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки ҳанӯз марҳилаи дуюми ҳамларо барои ситондани қасоси Фуод Шукр тарҳрезӣ накардааст ва онро “ба вақти дигар” мегузорад.
Пас аз оғози ҷанг дар Ғазза ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он нигаронанд, ки минтақа ноором мешавад. "Ҳизбуллоҳ", ки аз он Эрон пуштибонӣ мекунад, бо ҳимоят аз фаластиниҳо ба Исроил, ки дар пушташ Амрико истодааст, даҳ моҳи охир пайваста ҳамла мекунад.
Вазири корҳои хориҷии Исроил гуфт, кишвараш намехоҳад минтақа ноором шавад. Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, низ рӯзи якшанбе изҳорот дод: "Мо тамоми талошро мекунем, то кишварамонро муҳофизат кунем, шаҳрвандонамонро ба шимоли кишвар сиҳату саломат ба хонаҳояшон баргардонем ва як қоидаи одиро риоя кунем: ҳар касе ба мо зарар мерасонад, мо ба ӯ зарар мерасонем."
Даргирии рӯзи 25-уми август дар ҳоле буд, ки гуфтугӯи оташбаси Ғазза дар пойтахти Миср идома дорад. Кохи Сафед гуфт, президенти Амрико Ҷо Байден вазъро бо ҷузъиёташ пайгирӣ дорад.