Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои Исроилу Ҳизбуллоҳ ба якдигар ва тарс аз ҷанги васеъ дар Ховари Миёна


Артиши Исроил паҳпод ва ё дрони Ҳизбуллоҳро маҳв мекунад.
Артиши Исроил паҳпод ва ё дрони Ҳизбуллоҳро маҳв мекунад.

Бомдоди имрӯз нерӯҳои Исроил бо ҳамлаҳои зиёди ҳавоӣ ба ҷануби Лубнон гуфтанд, ки амалиёташон барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон аст.

Пас аз ин созмони мазкур ба Исроил бо садҳо мушак ва паҳпод ҳамла бурда гуфт, ки барои қатли яке аз фармондеҳони олирутбаи Ҳизбуллоҳ дар охири моҳи гузашта интиқом мегирад.

Даргирии сахт байни ду тараф хатари ҷанги тамомаёр дар минтақаро ба вуҷуд овард ва мумкин аст ба он Амрикову Эрон ва созмонҳои тундрав дар тамоми минтақа кашида шаванд. Даргириҳо ҳамчунин метавонанд, талошҳо барои созиши оташбас дар Борикаи Ғаззаро беҳосил кунанд, ки дар онҷо Исроил бо гурӯҳи ифротии фаластинии Ҳамос ва яке аз шарикони Ҳизбуллоҳ бештар аз 10 моҳ аст, ки меҷангад.

Даргирӣ бо гузашти бомдод фӯру нишаст ва ду тараф фақат ба ҳадафҳои низомии якдигар зарба мезаданд. Айни замон авзоъ пуршиддат боқӣ мемонанд ва вусъати комили талафоту осеби расида номаълум аст.

Артиши Исроил гуфт, ки Ҳизбуллоҳ ният дошт, бо мушаку рокетҳои зиёде ба Исроил ҳамла кунад. Баъди ин Ҳизбуллоҳ эълон кард, ки барои интиқом гирифтан аз қатли Фуад Шукур, яке аз бунёдгузорон ва фармондеҳони олирутбаи созмон ба мавзеъҳои низомии Исроил ҳамла кардааст. Фуад Шукур дар зарбаи ҳавоии Исроил дар моҳи гузашта дар шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон кушта шуд.

Ҳамлаҳо дар замоне сурат мегирад, ки дар Миср даври нави гуфтугу барои поён додан ба ҷанги Исроил ва Ҳамос идома дорад. Ҳизбуллоҳ гуфтааст, ки агар дар Ғазза созиши оташбас эълон шавад, ҳамлаҳоро қатъ мекунад. Эрон аз ҳомиёни Ҳизбуллоҳ ва Ҳамосу дигар аз гурӯҳҳои тундрав дар Сурияву Ироқ ва Яман ба ҳисоб меравад ва мумкин аст, ки онҳо низ ба ҳаргуна ҷанги васеъ дар минтақа кашида шаванд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ҳангоми оғози нишасти ҳукумат гуфтааст, ки низомиёни кишвар “ҳазоро ракетаро, ки ба шимоли Исроил парвоз мекарданд, нобуд карданд” ва аз ғайринизомиён хост, ки дастурҳои артишро иҷро намоянд.

Ӯ афзуд: “Мо азм дорем, барои муҳофизати кишвар тамоми корро анҷом диҳем, то мардуми шимол осуда ба хонаҳояшон баргарданд. Мо риояти як усулро идома медиҳем, ҳаркӣ ба мо осеб расонад, мо ба ӯ осеб мерасонем.”

Дар шимоли Исроил садои бонги хатар баланд шуд ва фурудгоҳи байналмилалии Бен-Гурионро барои як соат бастанд ва ҳавопаймоҳоро аз тарси ҳамла ба дигар фурудгоҳҳо фиристоданд.

Надав Шушанӣ, сухангӯи артиши Исроил гуфт, ки Ҳизбуллоҳ қасд дошт, ба ҳадафҳое дар шимол ва маркази Исроил зарба занад. Ба қавли ӯ, арзёбиҳои аввалия нишон доданд, ки Исроил осеби зиёд надидааст, вале артиш дар ҳоли омодабоши дараҷаи боло аст. Надав Шушанӣ афзудааст, ки дар ҳамлавҳои ҳавоии Исроил ба Лубнон дар бомдоди рӯзи 25-уми август 100 ҳавопаймо ба кор бурда шудааст.

Вазорати тандурустии Лубнон гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба ҷануби кишвар ду нафар захм бардоштаанд ва яке аз онҳо як навҷавони 17-солаи суриягӣ будааст. Гурӯҳи Амал, яке аз шарикони Ҳизбуллоҳ гуфт, яке аз размандони ин гурӯҳ дар натиҷаи ҳамла ба мошинаш кушта шудааст.

Ҳизбуллоҳ гуфт, ки дар ин рӯз бо 320 ракетаи Катюша ва шумори зиёди паҳпод ва ё дрон ба Исроил ҳамла кардааст. Ба қавли созмон, ҳадафи амалиёт, “мавзеъҳои пешрафтаи артиши Исроил буд, ки натиҷаашро дертар мегӯянд” ва ҳам “истеҳкому қароргоҳҳои низимоён ва пойгоҳҳои системаи дифои ҳавоии Исроил”.

Ҳизбуллоҳ баъдан гуфт, ки марҳилаи аввали ҳамлаҳои интиқомҷӯёна ба поён расид, ки имкон медиҳад, ба дохилтари хоки Исроил зарба зананд. Баъд аз чанде, созмон гуфт, ки “амалиёти низомӣ барои имрӯз ба поён расидааст.”

Ба қавли созмон, тамоми паҳподҳои тарканда ба ҳадафҳои худ расидаанд ва аз 11 пойгоҳу қароргоҳҳо ва камингоҳҳои Исроил ном бурд, ки дар шимоли кишвар ва баландиҳои Ҷулони ишғолӣ ҷойгир шудаанд. Ҳизбуллоҳ ҳамчунин иддаои Исроилро бепоя хонд, ки гуфт ҳамлаҳои пешгирона ба ин созмон, монеи ҳуҷумҳои сахттари Ҳизбуллоҳ ба Исроил шудааст.

Ранда Слим, пажӯҳишгари Пажуҳишгоҳи Ховари Миёна дар Вашингтон гуфт, даргириҳои рӯзи 25-уми август “дар чаҳорчӯби қоидаҳои ҷанг буд ва дар ин марҳила ғолибан ба ҷанги тамомаёре сабаб нахоҳад шуд.”

Шин Шавет, сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии Амрико гуфт, ки раиси ҷумҳур Ҷо Байден “ҳодисаҳо дар Исроил ва Лубнонро бодиққат мушоҳида мекунад.”

Шин Шавет афзуд: “Бо дастури раисиҷумҳур, мақомоти баландпояи Амрико ҳамвора бо ҳамкорони исроилиашон дар тамос ҳастанд. Мо аз ҳаққи Исроил барои муҳофизати худ ҳимоят мекунем ва барои нигаҳ доштани амният дар минтақа кор мекунем.”

Дар ҳафтаҳои гузашта дипломатҳои амрикоӣ ва ҳам кишварҳои аврупоӣ бо сафарҳои зиёде ба Исроил ва Лубнон саъй карданд, то шиддати авзоъро, ки мумкин аст, ба ҷанги минтақавӣ бикашонад, фӯру нишонанд.

Ҳафтаи гузашта вазири дифои Исроил гуфт, ки нерӯҳои бештарро ба марзи Лубнон мефиристанд, чун интизор доранд, ки бо Ҳизбуллоҳ ҷанг сурат мегирад.

Созмони мазкур билофосила баъди оғози ҷанг дар Ғазза ҳамлаҳо ба Исроилро шурӯъ кард. Ҷанг дар ин минтақа пас аз ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023 шурӯъ шуд. Байни Исроилу Ҳизбуллоҳ ҳар рӯз табодули оташ сурат мегирад ва ба ҳамин сабаб даҳҳо ҳазор нафар дар ду тарафи марз хонаҳояшонро тарк кардаанд.

То рӯзи 25-уми август ду тараф эҳтиёт мекарданд, то ҷанги васеъе сар назанад. Ҳизбуллоҳ, ки тобистони соли 2006 бо Исроил ҷангид ва ҳеч касе ҳам дастболо нашуд, ба бовари коршиносон назар ба он сол бисёр қавитар шудааст. Ба тахмини Амрикову Исроил созмон бештар аз 150 ҳазор мушак дорад, ки қодиранд ба ҳар гӯшаи Исроил бирасанд.

Ин гурӯҳ ҳамчунин паҳподҳое сохтааст, ки аз чашми системаи дифои ҳавоии Исроил ноаён мемонанд ва аслиҳаи ҳадафраси амиқро ҳам дорад. Исроил, ки яке аз артишҳои тавонотарини дунёро дорад, ҳамчунин аз тарафи як эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико муҳофизат мешавад, ки аввали ҳамин сол ҳангоми ҳамлаи Эрон ба Исроил мушаку дронҳои зиёди онро маҳв карданд.

XS
SM
MD
LG