Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Русия ба Миколаев як зан кушта ва 16 кас захмӣ шудааст


Миколаев. Акс аз моҳи октябри соли 2023
Миколаев. Акс аз моҳи октябри соли 2023

Нерӯҳои Русия рӯзи 15-уми октябр бо мушаки "С-300" ба шаҳри Миколаев дар ҷануби Украина ҳамла кардаанд.

Волии минтақа Виталий Ким дар Телеграм навишт, ки дар ин ҳодиса як зан кушта ва 16 каси дигар захмӣ шуд.

Ким гуфт, ҳамла ба зербиноҳои ғайринизомӣ, аз ҷумла як маркази тиҷоратӣ, биноҳои истиқоматӣ ва мошинҳо зарар расонд.

Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои Украина гуфтанд, ки 17 ҳавопаймои бесарнишини Русияро сарнагун карданд.

Ба иттилои онҳо, Русия ба вилоятҳои Миколаев, Киев, Одесса, Полтава, Черниҳов, Кировоград ва Черкасӣ тақрибан бист паҳпод сар додааст.

Ситоди кулли артиши Украина рӯзи 15-уми октябр хабар дод, ки задухӯрди шадид дар самти Харков, шимолу шарқи Украина, ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG