Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бразилия шабакаи X баста шуд


Илон Маск, раҳбари шабакаи X
Илон Маск, раҳбари шабакаи X

Додгоҳи Олии Бразилия 30-юми август қарори “фавран баста шудани” шабакаи X, Твитери собиқро содир кард.

Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, то замоне, ки X талабҳои онҳоро иҷро накунад, дар ин кишвар баста хоҳад монд. Яке аз шартҳои Бразилия ин аст, ки X бояд се миллион доллар ҷарима супорад ва дар ин кишвар намояндагӣ боз кунад.

Ҳоло барои истифодаи як рӯз аз X наздики 9 ҳазор доллар ҷарима пешбинӣ шудааст.

Илон Маск, соҳиби X гуфтааст, ки Бразилия ягона сарчашмаи расондани ҳақиқат дар ин кишварро баст.

Мақомоти Бразилия пештар шабакаи X-ро дар паҳн кардани хабарҳои дурӯғ айбдор карда буданд ва аз ин шабака хостанд, чанд саҳифаро бандад, вале Илон Маск қабул накарда буд.

XS
SM
MD
LG