Анҷуман чӣ гуна гузашт
Шаҳбози Аброр, раиси гурӯҳи ташаббускоре, ки рӯзи 6-уми апрел бе ҳузури Усмонзода ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ баргузор кард, гуфт, дар кори раиси ҳизб “он шӯру шаре, ки солҳои аввали раисиаш буд”, дида намешавад.
“Боиси таассуф аст, ки дар фаъолияти Ҳизби демократии Тоҷикистон дар чанд соли ахир дигарбора марҳилаи сустиву ақибмондагӣ пеши рӯ омад. Амалан ин заъфу ақибмондагӣ ба фаъолияти бевоситаи раиси ҳизб ҷаноби Саидҷаъфар Усмонзода тааллуқ мегирад”, - гуфт ӯ қабл аз интихоби раиси нав дар анҷуман.
Анҷуман, 11 май дар меҳмонхонаи “Кангурт” дар Душанбе бо ҳузури намояндаҳои бархе сафоратҳо, ҳизбҳои дигар, сардабирони расонаҳои давлатӣ ва хабарнигорон баргузор гардид. Дар толори анҷуман теъдоди зиёди вакилонро донишҷӯён ташкил медоданд. Баргузоркунандагони анҷуман гуфтанд, ки дар толор собиқадорони ҳизбро ҳам зиёд доранд.
Вакилони анҷуман фаъолияти Усмонзодаро «ғайриқаноатбахш» хонда, ӯро аз раисӣ барканор карданд. Худи Усмонзода дар ин анҷуман ширкат надошт. Зӯҳро Мирзоева, як узви раёсати ҲДТ гуфт, ӯро даъват карданд ва аз ӯ хостанд, ки номзадиашро пешбарӣ кунад, вале ӯ наомад.
Шаҳбози Аброри 34-сола, ки то ин замон раёсати ҳизбро дар шаҳри Душанбе ба дӯш дошт, бо 64 раъйи тарафдори 96 вакили ширкатдори анҷуман раиси нави ҲДТ интихоб гардид.
Шаҳбози Аброр, вакили ин ҳизб дар маҷлиси вакилони халқи Душанбе буда, дар яке аз шуъбаҳои “Тоҷикфилм” ба ҳайси сардор кор мекунад. Ӯ ҳамчунин муассиси нашрияи ғайридавлатии “Истиқлол” ва маҷалаи “Набзи Душанбе” аст.
Усмонзода: Қарорро қабул надорам
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси акнун собиқ ва вакили ин ҳизб дар порлумон, дар нахустин вокунишаш ба ин тасмим гуфт, ки қарори анҷуман “мутобиқи оиннома нест ва инро қабул надорад”. Ӯ гуфт ба додгоҳ шикоят намебарад ва мунтазири мавқеи раисҷумҳури Тоҷикистон мемонад.
“Ба додгоҳ чӣ кунем, агар вақте давлату ҳукумат ҳаминро қабул дошта бошад. Хайр бибинем ку, сохторҳои қонунӣ аст, қудратӣ ҳаст, ҳамаашон маълумоти олӣ доранд, савод доранд. Агар Вазорати адлия қабул кунад, пас сохтори ваколатдори давлатӣ аст дигар. Албатта, ҳама чизҳоро мебаранд ба президенти кишвар нишон медиҳанд. Президент ҳар чи хулосае, ки бароранд, бо хулосаи президент мувофиқам”, - гуфт Усмонзода.
Усмонзода нагуфт, ки чаро қарори анҷумани як ҳизби сиёсие, ки расман мустақил аст, бояд мавриди қабул ё ихтилофи президенти Тоҷикистон бошад.
Вале ду рӯз пеш аз анҷуман, Саидҷаъфар Усмонзода бо нашри муроҷиатномае ташкилкунандаҳои анҷуманро "гурӯҳи манфиатдоре" номид, ки "бо сардории Шаҳбози Аброр ва Юлдошев Абдуҷаббор мехоҳанд Анҷумани ғайринавбатии ҲДТ-ро баргузор кунанд”. Ӯ гуфта буд, ки ҳама гуна қарори ин анҷуманро эътироф нахоҳад кард.
Дар баробари Шаҳбоз, Абдуҷаббор Юлдошев, раиси ин ҳизб дар вилояти Суғд ҳам барои раисӣ номзад шуда буд, вале ҳамагӣ 8 раъй ба даст овард. Аҳмадшоҳ Комилзода муовини аввал ва Зуҳро Мирзоева, муовини раиси ҳизб интихоб шуданд. Ин анҷуман ҳамчунин Шӯрои нави сиёсии ҳизбро дар ҳайати 11 нафар аз нав интихоб кард.
"Ҷониби дигар ҳақи даъворо дорад"
Баргузории анҷумани ғайринавбатии ҲДТ-ро ҷомеаи сиёсӣ як ҳодисаи ғайриинтизор номида, бархеҳо гуфтанд, ки гурӯҳҳое дар низом ба василае, ки Усмонзодаро соли 2013 оварда буданд, ба ҳамин васила раёсати нав ташкил мекунанд. Шокирҷон Ҳакимов, профессори ҳуқуқ мегӯяд, соярӯшанҳои ин кор баъдан ошкор мешавад.
“Баргузор намудани анҷуман ва тағйири макони баргузории он низ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки гурӯҳи ташаббускор тадриҷан кӯшиш кард, ки бо риояи оинномаи муқарраршудаи амал кунанд ва ба ҳадаф расанд. Аммо ҷониби дигар ҳаққи даъворо дорад. Агар ӯ баъди дастрас шудани асноди ҳамин анҷуман ба чунин хулоса омад, пас тариқи суд пайгирӣ мекунад Дар он маврид соярӯшанҳои баргузории анҷуман шояд ошкор шавад”, - гуфт Ҳакимов.
Аммо Шаҳбози Аброр, раиси тозаинтихоби ҲДТ бар ин аст, ки дар қадами аввал барои «барқарор кардани нуфузи ҳизб дар ҷомеаи сиёсии Тоҷикистон» талош мекунад, чун, ба иддаои ӯ, «ин ҳизб дигар киссагӣ» нест.
“Мо истиқлоли воқеӣ дорем. Ба ҳамин хотир он унвоне, ки мондаанд, мо ҷудо ҳастем. Мо мавқеи худамонро дорем, яъне ҳизби озодем”, - иддао мекунад раиси нави ҲДТ.
Ихтилофҳои нави демкоратҳои Тоҷикистон пас аз он сар зад, ки бархе аз аъзои Шӯрои сиёсии ин ҳизб рӯзи 6-уми апрел бидуни ҳузури раиси ҳизб бо баргузор кардани ҷаласае “бо норизоиятӣ аз кору раисӣ ва шеваи фаъолияти ҳизбии раиси он” Саидҷаъфар Усмонзода анҷумани ғайринавбатии ҳизбро даъват карданд. Қарори ин ҷаласаро расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла рӯзномаи расмии “Ҷумҳурият” ва хабаргузории давлатии “Ховар” нашр карданд. Усмонзода бо баргузории як Шӯрои сиёсии дигар рӯзи 8-уми май ин корро “рафтори ғайриоинномавӣ” номид.
Таърихи пурмоҷарои ҳизби демократии Тоҷикистон
Ҳизби демократии Тоҷикистон, ки аз соли 1990 дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳузур дорад, борҳо ба ҷиноҳҳо ва фраксияҳои гуногун тақсим шудааст. Аз ҷумла баъди соли 1993, ки фаъолони ин ҳизб ба хориҷи кишвар паноҳанда шуданд, ин ҳизб ба ду қисм - ҷиноҳи Алмаато ва ҷиноҳи Теҳрон ҷудо шуда, баъдан ҷиноҳи Алмаато вориди Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик шуд ва дар музокироти сулҳи тоҷикон ширкат кард.
Дар соли 2006 баъди зиндонӣ кардани раиси вақти ҳизб Маҳмадрӯзӣ Искандаров чеҳраи камошнои сиёсӣ Масъуд Собиров анҷуман баргузор намуд ва Вазорати адлия ӯро раиси ҳизб эътироф кард. Пас аз ин, коршиносон гуфтанд, мавқеи сиёсии ҳизб ҷиддан калаванда шуд. Ҳамон замон ҲДТ ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Масъуд Собиров ва дигареро Раҳматулло Валиев, муовини раиси пешини ҳизб раҳбарӣ мекарданд.
Соли 2013 Вазорати адлия бар асоси санҷиши якмоҳа ва омӯзиши асноди пешниҳодии ҲДТ Оинномаи нави ҳизбро номнавис ва расман Саидҷаъфар Усмонзодаро раиси он эътироф кард. Дар интихоботи президентии моҳи ноябри ҳамон сол Усмонзода дар баробари 4 нафари дигар рақиби Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо гузашти ду сол Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи Фархор интихоб шуд ва дар интихоботи порлумонии соли 2020 низ танҳо вакили ин ҳизб дар порлумон гардид.
Дар Тоҷикистон то соли 2015 ҳашт ҳизби сиёсӣ номнавис шуда буд. Пас аз манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ шумораи онҳо ба ҳафт расид. Намояндагони баъзе аз ин ҳизбҳо худро "оппозитсияи созанда" медонанд, аммо намояндагони мухолифон аксари онҳоро "ҳизбҳои кисагӣ" номбар мекунанд.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки фаъолияташ расмист, то чанд сол пеш яке аз ҳизбҳои мустақилу мухолифи ҳукумат дар дохили ҷумҳурӣ ба шумор мерафт, аммо бо истеъфои раҳбари пешинааш Раҳматилло Зойиров дар соли 2021 дигар аз худ дараке надод. Ба истиснои изҳори назарҳои баъзе аз намояндагонаш дар матбуот.