Нашрияи “New York Post” хабар дода, ки ин зодаи 24-солаи Узбекистон 19 июл дар Бруклин модари худ, ҳамсари бародар ва ду ҷиянашро ба қатл расондааст.
Кормандони пулиси Ню-Йорк соати 22:20 ҷасади Мавлуда Файзиеваи 56-сола, модари гумонбарро дар манзили зисташ бо захми корд пайдо кардаанд.
Ҷасади Камилаи 5-сола ва Темури 4-сола, бародарзодаҳои гумонбар аз дохили ҷевон пайдо шудаанд. Ҷасади модари кудакон Мафтуна Ҳакимова низ дар дохили ҷевон будааст.
Гумонбар боздошт шуда, эҳтимол бемории равонӣ аст.