Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз Маскав: Толибон ба марзи Тоҷикистон наздик шудаанд


Николай Бордюжа
Николай Бордюжа

Дабири кулли СПАД мегӯяд, як бахши қобили мулоҳизаи марзи Афғонистон бо Тоҷикистон алакай таҳти назорати ҷангиёни Толибон қарор гирифтааст.

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД – ОДКБ) рӯзи шанбеи 3 октябр дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи телевизионии “Мир 24” гуфт, ба марзҳои Тоҷикистон наздик шудани ҷангиёни Толибон ба вазъи ин кишвари узви СПАД таҳдид эҷод мекунад.

Николай Бордюжа бо ишора ба тасарруфи ду вулусволӣ дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон аз сӯи ҷангиён ва ба дасти Толибон уфтодани маркази вилояти Қундуз гуфт, “худи фаъол шудани амалиёти ҷангӣ таҳдидбарангез аст. Ин минтақаи ноамнӣ дар ҳар сурат ба вазъ дар Тоҷикистон таъсир мерасонад. Хусусан дар ҳоле ки ҷангиёни Толибон ба марз наздик мешаванд. Мо медонем, ки алакай бахши қобили мулоҳизаи марзи Тоҷикистону Афғонистон аз сӯи Толибон назорат мешавад. албатта, ин ба вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мутсақиман ба вазъ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.”

Дабири кулли СПАД гуфт, ин таъсир “ҳанӯз хатарнок нест, вале таъсири манфӣ ба субот дар минтақаро дорад.”

Николай Бордюжа гуфт, низоми амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви СПАД бо назардошти ҳамин воқеъият, ки Афғонистон як минтақаи ноамн боқӣ хоҳад монд, сохта мешавад ва тамаркуз рӯи тақвияти иқтидори низомии ин созмон, аз ҷумла нирӯҳои зудамалаш сурат мегирад. Ӯ аз як тамрини моҳи майи соли равони нирӯҳои зудамали СПАД ёдовар шуд ва бо ифтихор гуфт: “Муҳим ин аст, ки мо дар тӯли як муддати хеле кӯтоҳ – дувуним рӯз – теъдоди қобили мулоҳизаи нирӯҳоямонро аз тамоми кишварҳои узв бо силоҳу техникаашон ба қаламрави Тоҷикистон партофтем ва бо ин вазифаҳои амалӣ ҷиҳати ироаи кумаки эҳтимолӣ ба ин ҷумҳуриро тамрин кардем.”

Нишасти сарони СПАД дар моҳи сентябри соли 2014 ҷиҳати таҳкими ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ваъдаи кумак карда буд. Нирӯҳои ҷангии эътилоф то поёни соли 2014 тарки Афғонистон карданд, вале бо гузашти беш аз як сол аз ваъдаҳои СПАД ҳанӯз маълум нест, ки оё Тоҷикистон аз ин созмон ва кишварҳои узваш барои таҳкими марзҳои худ чӣ кумаке дарёфт кардааст?

Сӯҳбатҳои раҳбари СПАД, паймони амниятиву низомие, ки 6 кишвари пасошӯравӣ – Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад, дар бораи таҳдидҳои ношӣ аз он сӯи Омӯ дар ҳолест, ки ҷангиёни Толибон рӯзи 28 сентябр шаҳри Қундуз – маркази маъмурии вилояти Қундузи ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистонро тасарруф карданд. Талошҳои нирӯҳои давлатии Афғонистон бо ҳимояти ҳавопаймоҳои Амрико ва НАТО барои касби дубораи назорат бар ин шаҳр қариб як ҳафта боз идома доранд.

Қундуз, ки бо 300 ҳазор аҳолиаш панҷумин шаҳри бузурги Афғонистон ба шумор меравад, дар ҳамагӣ 62-километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир шудааст. Қундуз нахустин маркази маъмурии як вилояти Афғонистон аст, ки ба дасти Толибон уфтод.

Николай Бордюжа мегӯяд, амалиёти НАТО дар Афғонистон натиҷае наовард ва “ҷангиёни Толибон ҳамон тавре ки фаъолият мекарданд, фаъолият доранд. Гузашта аз ин, ҷангиён ба марзҳои шимолии Афғонистон, яъне ба Тоҷикистон наздик мешаванд.”

Ҳафтае пеш як созмони дигари ифротӣ бо номи “Ҷиҳоди исломӣ”, ки аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон ҷудо шудааст ва асосан ҷангиёни зодаи Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад, дар Интернет аксҳоеро нашр кард, ки дар он гурӯҳи ҷангиёнро ҳангоми убури як рӯдхонаи бузург тасвир мекунад. Ин созмон бо гузоштани ин аксҳо иддао кардааст, ки дар лаби дарёи Омӯст ва ҷангиёнаш бо ҳадафи таҳқиқи вазъ озодона аз марзи Афғонистон бо Тоҷикистон убуру мурур мекунанд.

Тасдиқи ин иддао аз сӯи манобеи мустақил имкон надорад, вале дар пайи ташаннуҷи вазъ дар вилояти Қундуз ва тасарруфи маркази он аз сӯи Толибон мақомоти Душанбе гуфтанд, ки вазъ дар марз ба сурати умум ором аст ва ягон қасди убури сарҳад аз сӯи гурӯҳҳои ифротӣ сабт нашудааст. Тоҷикистон, дар ҳар сурат, ба далоили амниятӣ равуо аз тариқи гузаргоҳи Панҷи поён – бузургтарин гузаргоҳ дар марз бо вилояти Қундузро маҳдуд кардааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон дар маҷмӯъ 1370 километр марз дорад, ки асосан аз рӯи дарёи Омӯ мегузарад ва ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш ҳифозати ин марзи тӯлонӣ хеле мушкил аст. То соли 2005 ин марзро нирӯҳои марзбонии Русия ҳимоят мекарданд. Душанбе мегӯяд, бо вуҷуди печидагии вазъ дар шимоли Афғонистон тавони ҳифозати марзҳои тӯлонӣ ва мушкилаш бо ин кишвари ҷангзадаро дорад ва аз созмонҳову кишварҳои муттаҳид ва хайрхоҳ, аз ҷумла аз СПАД, танҳо кумакҳои фанниву низомӣ мехоҳад.

XS
SM
MD
LG