Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳимӣ хостори интиқоли оворагони ҷанги Кундуз ба Тоҷикистон шуд


Беҷошудагони ҷанг дар Кундуз.
Беҷошудагони ҷанг дар Кундуз.

Раиси парлумони Афғонистон аз вазорати умури муҳоҷирони он кишвар хостааст, ки дар ҳамкорӣ бо СММ муҳоҷирони ҷанги Кундузро ба Тоҷикистон интиқол диҳад.

Абдурауф Иброҳимӣ, раиси парлумони Афғонистон ва намояндаи Кундуз дар маҷлиси он кишвар, аз вазорати умури муҳоҷирони он кишвар хостааст, ки дар ҳамкорӣ бо Дафтари умури муҳоҷирони Созмони Милали Муттаҳид заминаи зиндагиро барои он афроде, ки аз Имом Соҳиб ба ҷангалҳои наздики дарёи Ому интиқол дода шудаанд, мусоид созанд ё онҳоро ба хоки Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Абдурауф Иброҳимӣ ин матлабро рӯзи 1-уми окябри зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул баён доштааст. Раиси парлумони Афғонистон гуфтааст, пас аз он, ки нерӯҳои амниятии афғон аз Имом Соҳиб ақибнишинӣ карданд, мардуми ин ноҳия фирорӣ шуданд ва шумори зиёде аз онҳо, ки дар миёнашон занон ва кӯдакон ҳастанд, тариқи киштӣ ба яке аз ҷангалҳо дар наздикии дарёи Ому дар марз бо Тоҷикистон интиқол ёфтаанд.

Шаҳри Кундуз, ки рӯзи душанбе ба тасарруфи Толибон даромад, як қисматаш танҳо пас аз се рӯз аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон бозпас гирифта шуд. Тибқи иттилои вазорати дифои Афғонистон, дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои афғон 150 мухолифи мусаллаҳ кушта шуда ва 90 тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Суннатуллоҳ Темур, сухангӯи волии Тахор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар асари ноамниҳои ахир дар вилояти Кундуз, то ба ҳол беш аз шаш ҳазор беҷошудангон ба Тахор омадаанд. Вай гуфтааст, ки шумораи оворагон рӯз ба рӯз бештар мешаванд. Кумитаи Салиби Сурх дар Афғонистон низ аз вазъи нобасомони мардум дар Кундуз ибрози нигаронӣ карда мегӯяд, ки ин кумита барои 1050 хонаводаи беҷошуда маводи хӯрока ва либос кӯмак кардааст.

Дархости интиқол додани паноҳандагони нооромиҳо дар шимоли Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳукумати вилояти Хатлон қаблан гуфта буд, ки барои таъсис додани урудгоҳи гурезаҳои эҳтимолии афғон, ки бар асари даргириҳо дар шимоли Афғонистон мумкин аст, ба Тоҷикистон паноҳ оранд, 20 гектар замин ҷудо кардааст.

Абдуалим Исмоилов, раиси ноҳияи Шаҳритус тобистони соли ҷорӣ гуфта буд, ки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дастури ҷудо намудани 50 гектар замин барои таъсиси урдугоҳ барои паноҳандагони эҳтимолии афғонро додааст ва онҳо ҳамакнун 20 гектари онро ҷудо карданд. Вай афзуд, ки ин макон иборат аз заминҳои обист. Раиси ноҳияи Шаҳритус ҳамзамон афзуд, ки онҳо тавони расонидани кӯмакҳои молӣ ва беҳдоштӣ ба муҳоҷирони эҳтимолии афғонро доранд.

Шимоли Афғонистон моҳҳо боз маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо дастаҳоест, ки ба қавли мақомоти он кишвар аз тундгароёни тоҷик, чечен ва узбак иборатанд. Дар пайи ин даргириҳо ҳазорҳо тан аз сокинони вилоятҳои Кундузу Бадахшон маҷбур шудаанд, хонаву дари худро партофта, дар минтақаҳои дигари Афғонистон ва ҳатто берун аз он паноҳ ҷӯянд.

Аз ин қабл низ, масъулони созмонҳои кор бо муҳоҷирони хориҷӣ дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки ноамниҳои ахир дар вилоятҳои шимолии Афғонистон боиси рӯ ба Тоҷикистон овардани шумори зиёде аз афғонҳо шудааст.

Масъулони созмони ғайрирасмии кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони ниёзманд мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар маҷмӯъ 2500 гурезаи афғон дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва 500 тани дигар паноҳҷӯ ҳастанд, аммо ҳанӯз ба ин мақом пазируфта нашудаанд. Паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон бештар мушкили кору таҳсил доранд ва ниёзманди ёрии молӣ мебошанд.

Як гурӯҳ аз гурезаҳои афғон ҳоло дар шаҳри Ваҳдат, бисткилометрии Душанбе, ба сар мебаранд. 500 кӯдаки гурезаҳои афғон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ва 250 нафар дар мактаби “Сомониён”, ки хоси афғонҳо дар Тоҷикистон аст ва ҳудуди 20 нафар дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG