Беш аз 20 корманди ФСИН – Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия – дар пайи фирори шаҳрванди Тоҷикистон Маъруф Одинаев аз боздоштгоҳи рақами 5-уми шаҳри Маскав ба ҷавобгарии интизомӣ кашонда шудаанд. Додситонии кулли Русия рӯзи 29 январ хабар дод, ки дар байни муҷозотшудаҳо сардори боздоштгоҳи рақами 5 ва 4 раҳбари дастгоҳи идораи зиндонҳои пойтахти Русия ҳам ҳастанд.
Додситонии кулли Русия мегӯяд, тафтиш маълум кард, ки кормандони боздоштгоҳ ҳангоми озод кардани маҳбус Тағоймурод Ёфтаков ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд ва дар натиҷа ба ҷои Ёфтаков ҳамватани ӯ Маъруф Одинаев раҳо шудааст.
“Тавре тафтиши додситонӣ нишон дод, ин фишор дар натиҷаи дағалона вайрон шудани талаботи қонун дар бораи тартиби аз камераҳо баровардан ва барои раҳоӣ омада кардани боздоштшудаҳо аз сӯи мақомои масъули боздоштгоҳи рақами 5 имконпазир шудааст. Аз камера ғайб задани Одинаев танҳо баъди 5 соати фирори ӯ ошкор шуд,” – омадааст дар иттилоияи додситонии кулли Русия.
Додситонӣ мегӯяд, натиҷаи тафтиш ба Кумитаи тафтишоти шаҳри Маскав фиристода шудаанд, то имкони ифтитоҳи парванда алайҳи ин масъулон бо иттиҳоми “бемасъулиятӣ”-ро баррасӣ кунад. Моддаи 293-юми Кодекси ҷиноии Русия барои бемасъулиятӣ аз ҷарима ба маблағи то 120 ҳазор рубл то корҳои исломӣ ба муддати то 1 сол ё ҳукми ҳабс ба мӯҳлати то 3 моҳро ҳамчун ҷазо пешбинӣ мекунад.
Бино ба ин манбаъ, алайҳи Маъруф Одинаев ва маҳбуси дигари тоҷики боздоштгоҳи рақами 5 Тағоймурод Ёфтаков бар асоси қисми дуюми моддаи 313-уми Кодеки ҷиноии Русия – фирор аз боздошт, ки аз сӯи гурӯҳи афрод бо нақшаи пешакӣ анҷом шудааст – парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин банди Кодекси ҷиноии Русия ҳамчун ҷазо то 5 соли корҳои ислоҳӣ ва ё то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Яке аз наздикони Тағоймурод Ёфтаков ба Озодӣ гуфт, ӯ рӯзи 15 январ, баъди ҳамагӣ чанд соати раҳоияш аз боздошт, дубора дастгир шуд. Суннат Давлатшоев, бародари Ёфтаков қаблан ба Озодӣ гуфт, дар бадани бародараш аломатҳои зарбулатро мушоҳида карда, акс ҳам гирифтааст.
Тағоймурод Ёфтаков моҳи сентябр бо ҷурми зӯроварӣ нисбат ба корманди пулис ба 6 моҳи зиндон маҳкум шуда буд. Ҳукми ӯ рӯзи 13 январ ба поён мерасид ва бояд озод мешуд. Аммо, ба гуфтаи мақомоти боздоштгоҳи рақами 5, ки ба далели дар назди истгоҳи метрои “Водный стадион” ҷойгир шуданаш бо номи боздоштгоҳи “Водник” маъруф аст, мегӯянд, Маъруф Одинаев ӯро розӣ кунондааст, ки дар боздошт бимонад ва ба ҷояш вай озод шавад.
Рӯзи 13 январ, соати 15, вақте зиндонбонҳо садо мекунанд, ки “Тағоймурод Ёфтаков бо чизҳояш берун шавад”, Маъруф Одинаев худро Ёфтаков муаррифӣ карда, аз 6 посгоҳ мегузарад ва фирор мекунад. Ба нақли Суннат Давлатшоев, бародари Тағоймурод Ёфтаков, бародари ӯ дар ин фирор даст надорад, балки Одинаев аз номи ӯ сӯиистифода кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Ёфтаков соати 15 хоб будааст ва вақте бедор мешавад, зиндонбонҳоро садо мекунад, ки мӯҳлаташ тамом шудааст ва бояд вайро озод кунанд. Аммо зиндонбонҳо мегӯянд, Ёфтаковро барвақт озод кардаанд...
Маъруф Одинаев танҳо рӯзи 17 январ дар вилояти Маскав дастгир ва дубора ба ҳамин боздоштгоҳи рақами 5 оварда шуд. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори нашрияи “Московский комсомолец” гуфтааст, хеле мехост ба озодӣ барояд ва ҳеҷ намехост, ними умраш пушти панҷара гузарад.
Маъруф Одинаев, ки 22 сол дорад, моҳи апрели соли 2015 бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда буд. Дар матбуоти Русия Одинаев баъди фирораш аз боздошт "граф Монте Кристои тоҷик" ном бурда мешуд. Вале акнун ба ин "Монте Кристои тоҷик" бар иловаи иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир, то 5 соли зиндон барои фирораш аз боздошт таҳдид мекунад.