Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари бебозгашти кӯдакони Парвина ба боғи Душанбе


Зайниддин Бобобеков, ҳамсари Парвина Абдуллоева, зане, ки худро бо се кӯдакаш ба канали Ҳисор партофт, мегӯяд ӯро ҳеч гоҳ талоқ надода буд.

Зайниддин Бобобеков, падари 3 тифле, ки қурбонии рашки модар ва ҷанҷоли хонаводагӣ шуданд, рӯзи 9 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ба ҳамсараш хиёнат накарда буд.

"Мо бо ошиқӣ хонадор шуда будем ва агар имкон даст диҳад, боз ҳам бо ӯ зиндагӣ мекунам. 10 июл Парвина зодрӯз дорад ва ман ҳам ҳатман ба диданаш меравам ва табрикаш мекунам," -- гуфт ин мард, ки акнун дар заминаи талоши худкушии ҳамсараш ва аз даст рафтани се кӯдаки ноболиғаш мавриди интиқоди шадиди ҷомеа қарор гирифтааст.

Сӯҳбати мо бо Зайнидин Бобобеков дар назди бинои додгоҳи ноҳияи Ёвон фақат аз ҳамин чанд ҷумла иборат буд. Бобобеков, ки ин рӯзҳо банди як баҳси додгоҳии дигар ҳам будааст, ҳозир нашуд, ки дар рӯ ба рӯи дурбин сӯҳбат кунад. Аммо гуфт, ки матлабҳои матбуотиро хондааст ва назари ҷомеаро дар бораи қазияи худкушии ҳамсараш ва дар рӯдхона ғарқ шудани се фарзандаш медонад.

Парвина Абдуллоева
Парвина Абдуллоева

Парвина Абдуллоева рӯзи 5 июл худро бо се кӯдакаш ба канали Ҳисор партофт. Сокинон ӯро зинда аз об берун оварданд, аммо се кӯдакаш - Оминаи 5-сола, Маҳинаи 6-сола ва Зиёвуддини 7-сола аз даст рафтанд. Пулис аз рӯи рафтори ин модар, ки ҷомеаро шадидан таккон додааст, бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Дар деҳоти Боғи ноҳияи Ёвон, маконе ки Парвина ва Зайниддин 11 сол бо ҳам зиндагӣ доштанд, аз Парвина ба хубӣ ёд мекунанд. Сафармоҳ Бобобекова, хушдомани Парвина мегӯяд, ки муносибати зану шавҳар то ҳамин як моҳи ахир хуб буд. Зайниддин мисли дигар мардони тоҷик дар Русия мардикорӣ мекард ва ҳангоми дар муҳоҷират буданаш ҳам, ба гуфтаи ин модар, бо Парвинаву фарзандон тариқи интернет дар тамос буд. Мушкил дар ин хонавода дар ҳоле сар зад, ки овозаи муносибати Зайниддин бо духтари амааш Шукрона ба гӯши Парвина расид. Парвина ҳафтае пеш аз қасди худкушӣ ба хушдоманаш дарди дил кардааст.

Сафармоҳ Бобобекова
Сафармоҳ Бобобекова

“Вай гуфт, ки ҳамин хел бисёриҳо ва ҳатто худи Шукрона гуфтааст бо Зайниддин соз гирифтааст. Ман баъд аз шунидани ин хабар, писарамро гирифта назди Шукрона бурдам, писарам дар пешаш қасам хӯрд, ки ин корро накардааст ва гуфт “агар Шукронаро ба занӣ гирифта бошам, се талоқ,” – нақл кард модари Зайниддин Бобобеков.

Ҳоло хонаводаи Заёниддин мегӯянд, ки арӯси хонадон - Парвина Абдуллоева эҳсосӣ ва каме “эрка” ҳам буд ва хабари зан гирифтани шавҳараш ӯро аз худ бехуд мекард. Сафармоҳ Бобобекова мегӯяд, рӯзе, ки Парвина худро бо кӯдаконаш ба об партофт, як рӯзи маъмулӣ буд ва Парвина корҳои хонаро анҷом медод ва бо баҳонаи ҷамъоварии сӯзишворӣ бо 3 фарзандаш аз хона берун шуд. “Вақте овози кӯдаконро дар ҳавлӣ нашунидам, дилам чизе гувоҳӣ дод, берун рафта дидам, ки дар охири кӯча набераи хурдӣ истодааст. Аз пасаш рафтам, вале онҳо аз ман пинҳон шуда сӯйи шаҳр равон шудаанд. Баъд нимашаб буд, ки занг заданду гуфтанд чанд кӯдакеро аз об пайдо кардем, омада бинед,” – гуфт ӯ.

Сафари бебозгашти кӯдакони Парвина ба боғи Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:09 0:00

Ҷумъагул Носирова
Ҷумъагул Носирова

Аммо волидони Парвинаи 32-сола, ки дар ҳамсоядеҳаи шавҳараш, деҳаи Бӯстон, зиндагӣ мекунанд, аз бӯҳрон дар хонаводаи духтараш танҳо баъд аз фоҷиаи ахир огоҳ шудаанд.

“Ду рӯзи пеш аз ин ҳодиса мо ба хонааш рафтем. Гуфт, ки барои духтарҳояш курта дӯзем, ҳолаш хуб буд. Вай фақат ба як холааш сирри дил мегуфт. Баъд аз ин ҳодиса мо фаҳмидем, ки шавҳараш духтари аммаашро ба хона оварда ва гӯё пинҳонӣ аз Парвина никоҳ кардааст,”-- мегӯяд Ҷумъагул Носирова, модари Парвина Абдуллоева.

Носирова мегӯяд, Парвина дар зиндагӣ пуртоқат буд, аммо чиз ва ё чӣ таҳаввулоте дар зиндагӣ ӯро ба ин кор водор кардааст, онҳо ҳам дақиқ намедонад. Аммо ӯ мегӯяд, дар ҳар сурат духтараш бояд барои ин гуноҳи худ ҷазо бинад.

Бо ин ҳол фарзияҳои норӯшан дар ин қазия зиёд аст. Барои мисол бар хилофи нақли шоҳидони рӯзи ҳодиса, ки гуфтанд, ҷанҷоли зану шавҳарро бо чашмони худ дар боғ дидаанд, Зайниддин ва наздиконаш мегӯянд, онҳо то шом Парвинро надидаанд ва он рӯз фақат дар ​ҷустуҷӯяш буданд. Худи Парвина дар наворе, ки тариқи телевизион намоиш дода шуд, фақат ҳаминро гуфтааст, ки намехост фарзандонаш ба Шукрона монанд, бинобарин онҳоро ҳам бо худ ба об андохт.

Аммо ҳам дар хонаи шавҳар ва ҳам наздикони худи Парвина Абдуллоева, модаре, ки сабабгори марги 3 фарзанди худ шуд, мегӯянд, ба унвони модар вай бо кӯдаконаш хеле меҳрубон ва нарм буд. Ба нақли наздикон хеле кам иттифоқ меафтод, ки Парвина ба сари фарзандонаш даст бардорад. Вай чанд вақт боз ба Оминаву Маҳина ва Зиёвуддин ваъда медодааст, ки пул ҷамъ кардаву онҳоро Душанбе, ба боғ тамошо мебарад. Иҷрои ваъдаи тамошо ҳам ба рӯзи панҷуми июл рост омадааст. Тамошое, ки билохира барои 3 тифли бегуноҳ бебозгашт ва барои ду хонавода бо мотам анҷом ёфт.

XS
SM
MD
LG