Мақомоти Кумитаи кор бо занони назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки қазияи Амрия Холиқоваи 28-соларо пайгирӣ ва талош мекунанд, ба ӯ дар танзими зиндагиаш кумак кунанд. Қарор аст, мақомоти ин кумита баъди муддате аз натиҷаи тасмимҳои худ Радиои Озодиро бохабар кунанд.
Радиои Озодӣ дар ҳоле ба қазияи Амрия таваҷҷӯҳ кард, ки ин зан бинобар мушкилоти зиндагӣ як бор даст ба худкушӣ зад ва ҳоло ҳам ҳавои зиндагибезорӣ аз зеҳнаш дур нашудааст. Амрия мегӯяд, баъди таваллуди фарзанди маъюб шавҳар аз вай рӯ гардонд ва ӯро бо писараш танҳо гузошт. Ин зан ҳамагӣ 130 сомонӣ нафақаи бознишастагӣ мегирад ва на сарпаноҳ дорад, на ҷойи кор.
Амрия дар деҳаи Шарафи ноҳияи Фархор зиндагӣ мекард ва соли 2008 ба шавҳар баромад. Аммо баъди таваллуди фарзанд, вақте иллатҳои ҷисмонии модар дар фарзанд мушоҳида шуданд, шавҳараш ӯро талоқ дод ва ба Русия рафт. Ӯ ҳоло макони муайяне надорад ва дар ба дари хешу табор мегардад.
Рӯзи 15 июл Амрия писари 4-солаашро ба холааш супурд ва бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Душанбе партофт. Аммо раҳгузарҳо ӯро наҷот доданд ва пулисро аз ҳодиса хабардор карданд.
"Вақте модарам аз дунё гузашт ва падарам ҳамсари дигар гирифт, ман духтари бузурги хонавода будам. Дар як ҳавлӣ, ки ҳамагӣ чаҳор утоқ дорад, падарам бо зану ду фарзандаш зиндагӣ мекунад. Дар ду утоқи дигар ду бародарам бо ҳамсар ва фарзандонашон, ду хоҳари дигарам дар як утоқи дигар. Бародари хурдиям дар хизмати аскарӣ аст. Ман бо фарзандам дар хонаи падарӣ нағунҷидам", - мегӯяд Амрия. Ӯ ду соли ахир дар Душанбе, дар хонаи хешу табор зиндагӣ дорад, ки онҳо низ зиндагии худро доранд.
Дар паи зиндагии каме беҳтар ин ҷавонзан дасти кам аз чор идораи давлатӣ кӯмак хостааст: Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ, Ҳукуматҳои шаҳри Душанбеву ноҳияи Фархор ва дастгоҳи раисиҷумҳурӣ. Аммо то ҳол ниҳоде ба дархости ӯ посухи мусбат надодааст.
Дар Тоҷикистон ҳамтақдирони Амрия, ки дучори афсурдагӣ шуда ва танҳо роҳи наҷотро дар худкушӣ мебинанд, кам нестанд. Аввали моҳи равон Парвина Абдуллоева, як сокини ноҳияи Ёвон худу се фарзандашро ба дарё андохт. Дар натиҷа, зан аз об зинда берун оварда шуд, аммо се фарзандаш ба ҳалокат расидаанд. Вале масъулини маркази боварии Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегуянд, теъдоди заноне, ки бо қасди худкушӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд, кам шудааст. Дурсултон Шоназирова ҳуқуқшиноси маркази боварии кумитаи занон ва оила 23-юми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ танҳо се нафар бо қасди худкушӣ ба онҳо муроҷиат кардааст.
Равоншиносон омилҳои аслии қасди худкушӣ миёни сокинонро бемории равонии афсурдагӣ дар пайи мушкилиҳои иҷтимоӣ ва нобаробариҳои зиндагӣ ном мебаранд. Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик мегӯяд, сабаби қасди худкушии ин модари ҷавон се зарбаи сахти равонист, ки дар охир ӯро ба ин ҳол расонидааст. “Модаре, ки маъюб асту боз фарзанди маъюб ба дунё меорад, ин аллакай ду зарбаи равонӣ мешавад ва болои ин ҳама зарбаи сеюми равонӣ, яъне аз шавҳараш талоқ гирифту бесарпаноҳ монд. Шуури ӯ ин ҳама дардҳоро бардошт накардааст ва ӯ қасди худкушӣ кард”.
Ба бовари ин равоншиноси тоҷик, инсонҳое, ки даст ба худкушӣ мезанад, зинаҳои зиёдеро мегузаранд. Барои мисол, дардҳои ҷисмонӣ, эҳсосӣ ва ақлӣ дар охир фикри инсонро вайрон мекунанд. Аз сӯи дигар, ба ин мушкилот вазъи нохуби иҷтимоӣ зам мешавад. “Вақте инсон ингуна зинаҳоро аз ду тараф пушти сар мекунад, албатта гузаштани он осон нест ва ҳар як аз ин зинаҳо эътироз ё талабҳои худро дорад”, - мегӯяд Маҳмуд Кабирӣ. Ба бовари ин равонишинос, ҳарчанд модари ҷавон пас аз қасди худкушӣ ҷон ба саломат бурдааст, аммо эҳтимоли такрор шудани ин ҳолат дар ӯ вуҷуд дорад, аз ин хотир ин зан бояд ҳоло бо кӯмаку машваратҳои пайвастаи равонӣ фаро гирифта шавад.
Ба назди ин равоншиноси тоҷик дар як соли ахир танҳо барои гирифтани машварати равонӣ бештар аз 50 нафар муроҷиат кардаанд. Ҷомеашиносон мегӯянд, мизони афсурдагии занон назар ба мардон ду баробар баландтар аст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар минтақаи Кӯлоб 87 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар 40 ҳолат мардон ва дар 47 ҳолати дигар занон даст ба худкушӣ задаанд. Соли 2014 бошад ин рақам дар ҳудуди Тоҷикистон ба 500 нафар баробар буд. Аз ҳама теъдоди баланди худкушӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.