Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда барои шикастани 28 санги мазор дар як оромгоҳи Бохтар


Алайҳи Дилшод Давлатбеков -- як сокини маҳаллии Хатлон, ки дар шикастани 28 санги мазор дар оромгоҳи деҳаи Хурсандии ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Бохтар гумонбар дониста мешавад, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ба иттилои мақомоти қудратӣ дар Бохтар, парванда дар нисбати Дилшод Давлатбеков ҳанӯз рӯзи 24-уми апрел аз сӯи додситонии ин ноҳия боз шуда буд. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, Дилшод Давлатбеков бо моддаи 243, қисми 2, бандҳои “а” ва “б”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “таҳқири ҷасади фавтидагон ё несту нобуд ва ё вайрон намудани онҳо", гунаҳкор дониста мешавад. Тахриби мазор ва сангҳои рӯи қабрҳоро дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз рӯи моддаи “таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо” муҳокима мекунанд, ки то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Бохтар қаблан гуфтанд буданд, ки Дилшод Давлатбеков мубтало ба бемории равонӣ мебошад.

Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Бохтар қаблан гуфтанд буданд, Дилшод Давлатбекови 22-сола -- фарде, ки дар тахриби 28 санги мазор дар оромгоҳи деҳаи Хурсандӣ гумонбар дониста мешавад, мубтало ба бемории равонӣ мебошад. Ба гуфтаи мақомот, Дилшод Давлатбеков дар ин мавзеъ алафдаравӣ намуда ва дар рӯзи аввал як санг ва фардои он, сангҳои болои 27 қабрро тахриб кардааст.

Ҳодиса баъди он маълум шуд, ки сокинони деҳа рӯзи 21 апрели имсол ба мақомот дар бораи шикаставу хароб шудани сангҳои мазори қабристон хабар доданд. ​Ба дунбол, полиси ноҳияи Бохтар ва ҳам мақомоти дигари маҳаллӣ ба таҳқиқи ҳодисаи тахриб шудани санги мазорҳо оғоз карданд ва даҳҳо нафар, хусусан ҷавононро мавриди бозпурсӣ қарор доданд.

Ин ҳодиса, ки аз назари мақомоти маҳаллӣ камсобиқа ​барои ҷануби Тоҷикистон буд, суолҳоеро дар заминаи ангезаҳои ин ҳодиса, аз ҷумла, эҳтимоли даст доштари афроди ҷиноятпеша ва ё гурӯҳҳои мазҳабӣ дар ин амалро ба бор овард. Яке аз фарзияҳое, ки мақомот онро таҳқиқ карданд, ангезаҳои динӣ доштани ин амал ва эҳтимоли зери таъсири ақидаҳои бегонаи мазҳабӣ ва ё ифротӣ анҷом шудани ин амал буд.

Сокинони маҳаллӣ он замон гуфтанд, ки мақомот дар амри тафтиши ҳодиса намунаҳои сангҳои порашударо барои ташхис бо худ бурдаанд ва беш аз 30 нафар ҷавонони деҳаро низ мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Дар миёни онҳое, ки барои сӯҳбату бозпурсӣ даъват шуданд, инчунин ҷавонҳое ҳам буданд, ки таҷрибаи муҳоҷирату кор дар Русияро доштаанд. Дар деҳаи Хурсандӣ-2, ки дар канори шоҳроҳи марказии ноҳияҳои Бохтару Вахш ва шаҳри Қӯрғонтеппа қарор дорад, асосан тоҷикону ӯзбактаборҳо зиндагӣ мекунанд.

Зимнан, ҳодисаи шикаста шудани санги болои қабрҳо дар вилояти Хатлон камсобиқа мебошад. Дар як ҳодисаи ноябри соли 2015 дар як қабристони ноҳияи Фархор ҷамъияти кӯчаки русҳо дар Фархор, ҷануби Тоҷикистон аз тахриби сангу салибҳои беш аз 3 ҳазор гӯри наздиконашон дар ин ноҳия хабар доданд. Он замон гуфта шуд, ки ба эҳтимоли ғолиб табаҳкорон ба хотири истифодаи маҳсулоти фулӯзӣ, симу арматура ва ҳам сангу хишти қабрҳо дар сохтмони манзилу ҳавлиҳои худ ба ин кор даст мезананд.

Дар як ҳодисаи моҳи маи соли 2015 полис аз рӯи ҳодисаи шикастани 30 сангу катибаҳои болои мазоре дар рустои Ревади ноҳияи Айнии вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз кард. Шаби 18 ба 19 май афроди ношинос санги қариб 30 қабрро шикастаанд. Полис он замон гуфт, ки афроди ношинос шаби 18 ба 19 май санги болои тақрибан 30 қабрро, ки навиштаҷоте бо ҳарфҳои кириллӣ доштаанд, пора-пора кардаанд.

XS
SM
MD
LG