Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръати густариши СОVID-19 дар Тоҷикистон суст шудааст?


Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта 58 гирифтори нави COVID-19-ро сабти ном кардааст ва то рӯзи 21-уми июн теъдоди умумии беморон ба 5457 нафар расид.

Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки “то кунун дар мамлакат 3995 (72.4%) нафар шифо ёфтаанд" ва аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд. Ба қавли вазорат, дар як шабонарӯзи гузашта 61 бемор, ки зери назорати табибон қарор доштанд, ба хонаҳояшон рухсат шуданд.

Аввалин мавриди сирояти коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30-уми апрел эълон шуд ва мақомот дар он рӯз гуфтанд, ки 15 нафар ба СОVID-19 гирифтор шудаанд. Дар охири моҳи май рӯзона аз сирояти беморӣ ба тақрибан 200 нафар гузориш медоданд, вале дар чанд ҳафтаи гузашта ба қавли мақомот, суръати густариш сусттар шудааст.

Мутахассисон ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" бештар аз 400 нафарро ташкил медиҳад. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.

Айни замон гуруҳе аз мутахассисони байналмилалӣ ба табибони тоҷик дар ташхиси саривақтӣ ва дурусти беморон ва роҳҳои мубориза бо беморӣ ва муолиҷаи мубталоён кӯмак мекунанд. Ин чаҳор нафар мутахассисон аз Олмону Бритониё аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳастанд ва рӯзи 13-уми июн ба Тоҷикистон омаданд.

Баъди эълони маҳдудиятҳо дар моҳи гузашта, дар кишвар бахусус дар Душанбе маҳдудиятҳоро бардоштанд ва дари бозорҳои либос ва дигар марказҳоро баъди 15-уми июн боз карданд. Аз мардум хоста шудааст, ки бе ниқоби тиббӣ берун наоянд, вагарна ҷарима мешаванд.

Коронавируси нав, ки охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин кашф шуд, то кунун ба тақрибан 9 миллион нафар дар саросари ҷаҳон сироят карда, беш аз 467 ҳазор касро куштааст.

XS
SM
MD
LG